fbpx

Бесабаб аз хона набароед. Дар Тоҷикистон ҳаво то 47 дараҷа гарм мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар гуфт, ки дар ин рӯзҳо чӣ бояд кард...


2
2 points
Акси мавзӯӣ аз сомонаи files.icq.net

Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳавои ниҳоят гарм, омадани сел ва болоравии сатҳи об пешгӯӣ карда мешавад. Ба иттилои обуҳавосанҷон гармии ҳаво то 47 дараҷа мерасад.  

“Рӯзҳои 18-20 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ниҳоят гарм бо ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 39+44 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дараҷа, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад”, – омадааст дар хабари маркази обҳавошиносӣ.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки рӯзҳои 16-18 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ бо истисно аз шарқӣ Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар рӯзҳои гармо шаҳрвандон бояд чӣ кор кунанд?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар сомонаи худ бо пахши тавсияҳо дар рӯзҳои гармӣ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ҳузур доштан дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо аз эҳтиёт кор гиранд.

Кумита ба сокинон тавсияҳои зеринро пешниҳод кардааст:

– Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

– Ҳангоми шамол додани хона, кӯдаконро беназорат нагузоред;

– Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз  +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифода нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд;

– Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед;

– Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар;

– Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;

– Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;

– Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок  пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад;

– Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Одамони бемории қалб дошта бояд чӣ кор кунанд?

  1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.
  2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.
  3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.
  4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.
  5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.
  6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.
  7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.
  8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.
  9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.
  10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 880 28 19; 223-13-11 ва ё ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend