Ғарқшавӣ дар обҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҷасади як ноболиғи 7-сола ва марди 41-соларо аз об пайдо карданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади як кӯдаки 7-солаи сокини ноҳияи Вахшро субҳи рӯзи 21-уми май аз об берун кардаанд.

Ӯ рӯзи 15-уми май ҳангоми кӯшиши гирифтани об аз канали назди хонаашон ба об сарозер шуда буд. Ҷасади ин ноболиғ тақрибан 400 метр поёнтар аз макони ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурда шудааст.

Рӯзи 21-уми май, инчунин як марди 41-сола сокини деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар ҳолати мастӣ ҳангоми кӯшиши обнӯшӣ ба канали Шайх Музаффари ин деҳа афтодааст. Ҷасади ӯ аз ҷониби наҷотдиҳандагон пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Ҳамчунин, шаби 21-уми май, дар натиҷаи болоравии ногаҳонии сатҳи об дар рӯди Вамар ва шусташавии садди муҳофизатӣ, об ба замини наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони сокини маҳаллӣ, Рустамов Асрад ворид шудааст. Хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддии дигар дар пай надоштааст.

КҲФ ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки чораҳои эҳтиётиро дар ҳавои гарм ва болоравии сатҳи об ҷиддӣ гиранд.

Skip to toolbar