Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 20:0708.12.2021
Порлумони Тоҷикистон тарҳи созишнома байни Тоҷикистону Русия оид ба ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро қабул кард. Ин тарҳро Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуд.
Вазири дифои Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, "бо назардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави пешбурди амалиёти ҷангӣ, аз ҷумла истифодабарии васеи ҳавопаймои бесарнишин, аз ҷумла, аз ҷониби гуруҳои террористӣ-экстремистӣ, амалигардонии ин созишнома ба манфиати таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар арзёбӣ мегардад".
Шералӣ Мирзо пас аз суханронӣ дар порлумон, ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин робита ба ин созишнома тафсилоти дигар надод ва гуфт, маълумоти аз ин бештар "махфӣ" мебошад.
Маркази беҳдоштӣ ё СЭС-и вилояти Суғд моликони тӯйхонаву тарабхонаҳоро ҳушдор додааст, ки минбаъд соҳибони тӯй ва меҳмонони онҳоро танҳо бо доштани гувоҳномаи воксин шудан дар баробари COVID-19 ба ҷашну маъракаҳо иҷозат диҳад. Дар сурати риоя накардани ин талабот гуфта мешавад, нисбати моликони тарабхонаву тӯйхонаҳо чораҳои махсус то манъи фаъолияташон андешида мешавад.
Таҳмина Усмонова, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд дар ин бора дар як мулоқот бо рӯзноманигорони шаҳри Хуҷанд изҳори назар кардааст.
Ҳамчунин ин ниҳод ба ҳама моликони тӯйхонаву тарабхонаҳо мактуби фаврие ирсол кардааст.
Чанде пеш Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд ҳам бо нашри як эълон аз мусофирону ронандагоне, ки аз Хуҷанд ба самти Душанбе мехоҳанд сафар кунанд расонид, ки пеш аз сафар воксин зананд ва ё то гирифтани воксин аз сафар ба Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар худдорӣ кунанд.
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Шивон Маллаллӣ дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳо ва низ ҷабрдидаҳо, масъалаи мубориза бо савдо ё қочоқи инсонро баррасӣ менамояд. Сафари хонум Шивон Маллаллӣ ба Тоҷикистон рӯзҳои 8 то 15 декабр сурат мегирад.
Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, дар назар аст хонум Маллалли бо намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагони расмии СММ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ, ба вижа онҳое, ки дар самти мубориза ва кӯмак бо ҷабрдидагони қочоқ фаъолият мекунанд, мулоқот кунад. Дар поёни сафари худ ӯ рӯзи 15-уми декабр нишасти хабарӣ доир мекунад.
Натиҷаҳо ва тавсияҳои Гузоришгари вижа моҳи июни соли 2022 ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод мешаванд.
То имрӯз, аз бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон "Тоҷпромбонк" 80, “Тоҷиксодиротбонк” 70 ва “Агроинвестбонк” 40 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд. “Фононбонк” маблағи муштариёнашро пурра пардохт кардааст. Дар ин бора раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз, 8-уми декабр, баъди як ҷаласаи парлумон дар ҳузури хабарнигорон хабар дод.
Раиси Бонки миллӣ гуфт, рӯзҳои наздик “Фононбонк” комилан барҳам мехӯрад.
Дар робита ба баргардонидани амонати боқимондаи муштариёни “Тоҷпромбонк” раиси Бонки миллӣ гуфт, бархе муштариёни бонк намехоҳанд бар ивази маблағашон амвол бигиранд ва аз ҷониби мудирони махсуси бонк фурӯши амволи ин бонк идома дорад.
Ин мақомдори тоҷик, дар мавриди баргардонидани амонати муштариёни ду бонки дигар - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” гуфт, то имрӯз феҳрести қарздорони онҳо аз ҷониби Суди олии иқтисодӣ тасдиқ шуд ва кор идома дорад.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар оғози соли ҷорӣ ҳаҷми ин қарз 3 млрд 243,7 млн долларро ташкил дода, дар ин давра ба миқдори 18,4 млн доллар зиёд шудааст.
Дар сохтори қарзи беруна 96,4% ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии чунин қарзҳо 11,6 млн доллар афзуда, ба ҳолати 1 октябр 3 млрд 144 млн долларро ташкил додаанд.
659 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад