Барои бастани ақди никоҳ бо духтари ноболиғи 17-сола марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом боздошт шудааст. Ҳамчунин барои сироят кардани зан бо ВНМО як марди 39-соларо дастгир кардаанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Б.К., сокини Конибодом як сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакиро дидаю дониста, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар хонааш никоҳ кардааст.
Айни замон нисбати Б.К барои бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст (моддаи 169), парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) то 5 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, як марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор буд, барои сироят кардани як зани 29-солаи шаҳри Истаравшан боздошт шудааст.
Ин мард дидаву дониста бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бо як зани 29-сола алоқаи ҷинсӣ намуда, занро зери хавфи сироят ба ВНМО гузоштааст. Ин ҳодиса 9 июн рух додааст.
Айни замон нисбати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам (моддаи 125) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин моддаи қонунгузорӣ маҳрум кардан аз озодиро ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ намудааст.