fbpx

Аз 1-уми июл пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба шакли ғайринақдӣ сурат мегирад. Тавзеҳи “Амонатбонк” дар ин бора

То ба пардохти онлайнӣ гузаштани тамоми хизматрасониҳои давлатӣ як моҳ боқӣ мондааст. То он вақт, бояд ҳамён кушоед ё корти бонкӣ бигиред.


0
Бонки давлатии амонатии Тоҷикистон "Амонатбонк"
Акс аз бойгонии «Амонатбонк»

Аз 1-уми июл тамоми пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон танҳо дар шакли ғайринақдӣ сурат мегирад.

Ин маънои онро дорад, ки пардохти ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ, тамоми андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва литсензия, ҷарима ва дигар намудҳои хидматрасонии давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад.

Азбаски пардохтҳои асосии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” сурат мегиранд, Your.tj барои фаҳмидани чӣ гуна дар амал татбиқ шудани он ба бонк муроҷиат кард.

Тавре дар “Амонатбонк” тавзеҳ доданд, гузаштан ба қабули ғайринақдии ҳамаи пардохтҳои ҳатмӣ бо фармони президенти Тоҷикистон, ки зимни Паёми худ ба парлумони ҷумҳурӣ 23 декабри соли 2022 ба ҳукумат супориш дода буд, амалӣ карда мешавад.

Аз 1-уми июли соли 2023 тамоми намудҳои андоз, боҷҳои гумрукӣ, пардохтҳои суғуртаи ҳатмӣ, ҷаримаҳо, пардохтҳои коммуналӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд.

Айни замон дар “Амонатбонк” 300 намуди пардохтҳои ғайринақдӣ мавҷуд аст.

Тавре дар бонк зикр карданд, ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки портали ягонаи маълумот оид ба суратҳисобҳои ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо таъсис дода, инфрасохтори пардохтҳои ғайринақдӣ васеъ ва равзанаи ягонаи пардохтро барои тамоми хизматрасониҳои давлатӣ ташкил кунанд.

Тавассути замимаи мобилии “Амонатмобайл” ё ҳамёнҳои электронии ҳама гуна ташкилоти қарзии дигар пардохтҳои коммуналӣ ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ имконпазир мегардад. То имрӯз 18 ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ба низоми пардохтҳои биллингии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии “Амонатбонк” пайваст карда шудаанд.

Инчунин имкони пардохти хидматрасонӣ тавассути пост-терминалҳо дар кассаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо истифода аз кортҳои низоми миллии пардохтии “Корти миллӣ”-и дилхоҳ бонк имконпазир хоҳад шуд. Барои пардохт фоиз ситонида намешавад.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои “Амонатбонк”, аллакай дар тамоми марказҳои хизматрасонии бонкӣ терминалҳои пардохтҳои ғайринақдӣ насб шудаанд. Инчунин дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ барои чунин пардохтҳо корти бонкии беном “Фарогир”-ро дастрас кардан имкон дорад.

Дар ҷавоб ба саволи “Кор бо аҳолӣ дар деҳот ва дар байни қишрҳои аҳолӣ, ки саводи рақамиашон нисбатан суст аст, чӣ гуна сурат мегирад?”, “Амонатбонк” шарҳ дод, ки барои ин волонтёрон ҷалб карда мешаванд, ки ба мизоҷон тарзи пардохти хизматрасониро бо истифода аз корт, ҳамёнҳои электронӣ ва посттерминалҳо меомӯзонанд,.

“Албатта, бонк ин маълумотро ба таври васеъ ба таваҷҷуҳи аҳолӣ мерасонад. Аммо бояд ба назар гирифт, ки бонк миёнарави молиявӣ байни иштирокчиёни бозор ва хизматрасониҳо мебошад, итминон дорем, ки дигар мақомоти давлатӣ ва воҳидҳои зертобеи онҳо низ бо аҳолӣ кор хоҳанд кард”,- изҳор доштанд дар “Амонатбонк”.

Инчунин, қайд карда шуд, ки аз ҷониби пост-терминалҳо расидҳо (чек) дар коғази термикӣ чоп мешаванд ва зуд тоза мешаванд, аммо ҳар касе, ки пардохт мекунад, инчунин ба телефони худ тариқи SMS огоҳӣ мегирад.

Илова бар ин, муассисаҳои давлатӣ ба портали ягонаи иттилоотӣ пайваст карда мешаванд, ки дар он маълумот дар бораи тамоми пардохтҳои шаҳрвандон дастрас мегардад. Дар ҳолати зарурӣ, бонк ҳисоботи муфассалро дар бораи амалиёти гузаронидашуда пешниҳод мекунад.

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2023 дорандагони кортҳои “Амонатбонк” 1 538 435 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар посух ба ин суол, ки “То куҷо инфрасохтор барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ на танҳо дар гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон, балки дар шаҳрҳои бузург низ омода аст?”, дар “Амонатбонк” тавсия доданд, ки барои гирифтани маълумоти пурра ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ муроҷиат кунем.

Қаблан ҳукумати Тоҷикистон “Тартиби иҷрои тарҳҳои инфиродӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар пардохтҳои ғайринақдӣ”-ро тасвиб карда буд.

Мутобиқи тартиби тасдиқгардида шакли ғайринақдӣ хароҷотест, ки тавассути суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Барои тарҳкунӣ ба андозаи 10 фоизи маблағи умумии даромади гирифташуда, вале на бештар аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол муқаррар карда мешавад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон дар соли 2023 68 сомониро ташкил медиҳад. Яъне маблағи тарҳ набояд аз 10 ҳазору 200 сомонӣ зиёд бошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend