Даромади аҳолии Тоҷикистон афзудааст

Дар соли 2024 маошу нафақа аз 30 то 40 фоиз боло меравад

Имрӯз, 28-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2024 аз 30 то 40 дарсад боло меравад.

Тибқи супориши президент:

  • аз 1-уми январи соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 40 дарсад;
  • аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва умуман кормандони соҳаи буҷавӣ ва стипендияҳо низ 40 дарсад зиёд карда мешавад.
  • аз 1-уми июли 2023  нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва давлатӣ 30 дарсад зиёд карда мешавад.

Президент, ҳамчунин гуфт, аз 1 июли соли 2024 маоши ҳадди ақал дар соли 2024 ба 800 сомонӣ бардошта мешавад. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 дарсад ва аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳо низ 20 дарсад зиёд карда шуда буд.

Ҳамчунин, аз 1-уми июли 2023 тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2022 нафақаи заминавӣ ба андозаи 20 дарсад ва ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, на кам аз 16 дарсад зиёд шуда буд. Дигар нафақаҳо низ 20 дарсад зиёд карда гардида буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Skip to toolbar