fbpx

Аз боксу ҷудо то муҳорибаҳои омехта. Варзишгарони тоҷик дар соли 2023 чӣ натиҷаҳои назаррас доштанд

Мо аз 10 варзишгаре ном бурдем, ки дар соли 2023 бо ишғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардоштаанд.


0
Варзишгарони тоҷик ва Рустами Эмомалӣ
Варзишгарони тоҷик бо Рустами Эмомалӣ

Варзишгарони тоҷик дар соли 2023 як қатор муваффақиятҳои назаррасро ба даст оварданд. Иштироки онҳо дар мусобиқоти гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ба хазинаи дастовардҳои варзишии мамлакат нишонҳои арзишнокро ворид намуд.

Муаллифи Your.tj 10 варзишгареро рӯйхат кардааст, ки дар соли 2023 бо ишғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Онҳо кистанд?

Баҳодур Усмонов

Баҳодур Усмонов дар соли 2023 тавонист дар ду мусобиқаи сатҳи баланд маҳорати воло нишон диҳад.

Муштзани тоҷик
Баҳодур Усмонов

Аз 1-ум то 14-уми майи соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс доир гашт. Баҳодур дар ин мусобиқа зери вазни 63 кг баромад намуда, сазовори медали биринҷӣ ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор доллар гардид.

Ӯ то ин мақомро гирифтан ба панҷ ҳарифаш ғалаба намуд. Баҳодур Усмонов бо ин пирӯзиаш тавонист пас аз 12 сол дуюмин медали биринҷиро аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ба хазинаи варзиши Тоҷикистон ворид намояд.

Мусобиқаи дигаре, ки дар он Баҳодур мақоми аввалро касб намуд, ин “Шоми бокс” ном дошт, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Муштзани тоҷик дар ин набард бо рақибаш аз Тайланд Сопатип Манам бо накаути техникӣ дастболо шуда, бори аввал соҳиби камарбанди “WBO World Youth” гардид.

Ӯ бо ин ғалабааш дар бокси ҳирфаӣ маротибаи ҳафтум дастболо шуда, то ҳол мағлуб нашудааст.

Сомон Маҳмадбеков

Бузургтарин дастовард дар соли 2023 барои Сомон Маҳмадбеков, ин ғалаба дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Варзишгари тоҷик
Сомон Маҳмадбеков (аз чап дуюм)

Ӯ баъд аз мағлуб кардани варзишгарон Муайяд Звайб, Асад Масобиров ва Абулайхан Жубаназаров ба финал роҳ ёфт ва дар финал бо шикаст додани варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷунван ғолиби мусобиқа ва сазовори медали тилло гардид.

Сомон дар таърихи ҷудои тоҷик аввалин нафар шуд, ки дар ин намуди варзиш аз Бозиҳои Осиёӣ ба Ватан медали тилло овард.

Темур Раҳимов

Паҳлавони номдори тоҷик Темур Раҳимов низ аз 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё бо медали нуқра ба Ватан баргашт ва ин бузургтарин дастоварди таърихӣ баро ӯ дар соли 2023 мебошад.

Варзишгари тоҷик
Темур Раҳимов (аз чап якум)

Мавсуф дар вазни +100 килограмм паҳлавонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Кореяи Ҷанубиро мағлуб карда, дар финал аз варзишгари Имороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд ва ба медали нуқра сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин, ӯ соли равон медали нуқраи мусобиқаи “Hungary Masters-2023”-ро дар Будапешти Венгрия, медалҳои нуқраи Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанберо соҳиб шудааст.

Миҷгона Самадова

Баробари дигар варзишгарони муваффақи кишвар бонувон низ дар ин сол ба комёбиҳои зиёд сазовор гардиданд, ки яке аз онҳо муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова мебошад.

Муштзанбонуи тоҷик
Миҷгона Самадова

Ӯ имсол дар вазни то 57 кг аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро аз риштаи бокс соҳиб шуд.

Миҷгона дар даври аввал бар намояндаи Ветнам, дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2023 бо Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон қувваозмоӣ намуд ва дар ин рақобат тавонист, ки музаффарият ба даст орад.

Дар идома ӯ аз варзишгарбонуи қазоқ Карина Ибрагимова шикаст хӯрда медали биринҷии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро ба даст овардааст.

Давлат Болтаев

Пас аз Миҷгона Самадова дар рӯзи ҳаштуми Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2023 Давлат Болтаев дуюмин нафаре гардид, ки дар вазни 92 кг роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро аз ин намуди варзиш соҳиб шавад.

Боксёри тоҷик
Дилшод Болтаев

Ӯ баъд аз ғалаба бар се варзишгар ба даври ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифт. Дар финал Давлат Болтаев бо Ҳан Хуежен аз Чин баҳри ба даст овардани медали тиллои мусобиқа талош намуд ва бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуда дуюмин медали тиллоро аз ин мусобиқа соҳиб гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ

Дастоварди бузурги Эмомалӣ Нуралӣ дар соли 2023 ин мусобиқаи Гранд-слами Тошканди Узбекистон дониста мешавад.

Варзишгари тоҷик
Эмомалӣ Нуралӣ

Дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавони шинохтаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ аз намуди гуштини ҷудо дар вазни то 66 кг медали тилло ба даст овард. Барои баромадан ба даври ниҳоӣ Эмомалӣ Нуралӣ бар варзишгарон аз Туркманистон, Узбекистон ва Фаронса пирӯз шуд.

Дар финал Эмомалӣ Нуралӣ ҷудочии ботаҷрибаи узбек Сардор Нуриллоевро мағлуб карда, мақоми аввалро соҳиб гардид.

Набимуҳаммад Хоркашов

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон мусобиқае буд, ки Набимуҳаммад Хоркашев Тоҷикистонро дар он намояндагӣ мекард.

Варзишгари тоҷик
Набимуҳаммад Хоркашов (аз чап дуюм)

Мусобиқа дар шаҳри Абузабии АМА аз 31 октябр то 3 ноябр баргузор шуда, паҳлавони тоҷик дар вазни ҷамъи 100 кило вориди майдони рақобат гардид.

Набимуҳаммад Хоркашев дар чаҳор рақобат 3 ҷудочии қазоқ ва 1 ҷудочии узбекро мағлуб намуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа шуд.

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа як нишони тилло, як нишони нуқра се нишони биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар зам намуданд.

Давронҷон Орипов

Иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои варзишгарони дорои маъюбият шарафест, зеро худро аз дигар намояндагони табакаҳои ҷомеа кам нашуморида, ифтихори миллат мегарданд.

Варзишгарони тоҷик
Давронҷон Орифбоев (дар байн)

Яке аз онҳо ин устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши вазнин Орифбоев Давронҷон мебошад.

Номбурда дар чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони маъюб (Пара-Армлестлинг), ки аз санаи 28 апрел то 02 майи соли 2023 дар шаҳри Аҷмани Дубай (АМА) баргузор гардид, сазовори медали тилло гашт.

Давронҷон маъюби гурӯҳи дуюм буда бо асобағал ҳаракат мекунад.

Беҳрӯз Хоҷазода

Комёбии беҳтарини Беҳрӯз Хоҷазода дар соли 2023 ин иштирок дар мусобиқаи 19-уми Бозиҳои тобистонаи Осиё дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва соҳиби медали биринҷӣ гардидани он мебошад.

Беҳрӯз Хоҷазода
Беҳрӯз Хоҷазода

Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал бар ҷудокори Филлипин Накано Кейсей ва дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Данияр Шамшаеви қазоқ пирӯз гардид. Вале дар ниманиҳоӣ Хоҷазода аз Соичи Ҳошимотои Ҷопонӣ мағлуб гардида, медали биринҷиро соҳиб шуд.

Ҳамзамон дар соли 2023 ӯ тавонист медалҳои нуқраи мусобиқоти бонуфузи “Hungary Masters-2023”-ро дар Будапешт ва Гран-прии Душанберо сазовор гардад.

Нурулло Алиев

Нурулло Алиев санаи 26 феврали соли 2023 дар таърихи ҳунарҳои размӣ “ММА”-и Тоҷикистон саҳифаи наверо боз кард.

Ғалабаи размикори тоҷик дар UFC
Нурулло Алиев

Ӯ аввалин тоҷике гардид, ки ба ташкилоти UFC роҳ ёфт ва бо он шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Нурулло дар ин намуди варзиш лақаби “Уқоби тоҷик”-ро дорад ва мухлисон услуби разммии ӯро ба ҳунарнамоии варзигари машҳури ин ришта Ҳабиб Нурмуҳаммадов монанд медонанд.

Нурулло 26- уми феврал дар штати Невадаи ИМА бар муқобили ҳарифи худ Рафаел Алвес аз Бразилия қувваозмоӣ карда, дар аввалин рақобаташ пирӯз гардид.

Саддамҷон Давлатов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend