Файзулло Машраб Қурбоналӣ падари Комёб Файзулло кӯдаки 18-солае ки Некрӯз Ниёзов овозхони 27-соларо бо Лексусаш пахш карда кушт

Дар садамаи маргбори Некрӯз Ниёзов писари 18-солаи ректори Донишгоҳи славянӣ иштирок доштааст

Комёб Файзулло Машраб, ҷавони 18-сола, ки дар робита ба марги овозхон Некрӯз Ниёзов расонаӣ шуд, писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянӣ будааст, хабар медиҳад Радиои “Озодӣ”.

Тибқи иттилои расмӣ, Комёб Файзулло шаби 21-уми сентябр дар наздикии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон” садама кардааст.

Дар пайи ҳодиса ронанда овозхони 27-сола Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод пахш мекунад. Ӯ пас аз чанд соат дар беморхона даргузашт.

Комёб Файзулло писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянӣ аст. Яке аз омӯзгорони ин муассиса гуфтааст, рӯзи 22-юми сентябр кормандони додситониро дар қабулгоҳи ректор дидааст, хабар медиҳад “Озодӣ”.

Ӯ дар факултаи иқтисод, молия ва қарзи Донишгоҳи славянӣ таҳсил мекардааст. “Ӯ ба дарсҳо кам меомад”, – гуфтааст манбаи радио.

Мақомот расман писари ректор будани ронандаи нақлиёти “Lexus RX350”-ро эълон накардаанд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабаре, ки дар робита ба ин ҳодиса нахуст нашр карда буд, номи ронандаи мошинро Файзулло Комёб Машраб қайд намуд, вале баъдан насаби Машрабро аз он пок карданд.

Шаби 21 ба 22-юми сентябр, соати 22:30 ду мошини “Lexus RX350” бо ҳам бархӯрда, баъдан автомашинае, ки Комёб Файзулло Машраб меронд, Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кард.

Ронандаи дигарӣ Оятулло Аҳтамзодаи 19-сола будааст.

Оё ин мошинҳои гаронарзиш ба худи ин ду ҷавон тааллуқ дорад, ё наздиконашон, маълум нест. Мақомот мегӯянд, тафтишот мебаранд.

Skip to toolbar