Таманно Саидова, тоҷикдухтари 22-солаест, ки дар кишварҳои Аврупо мошини калони боркаш ё худ “трак” меронад. Ӯ як сол қабл баъди омӯзиш дар Қазоқистон тариқи барномаи корӣ ба он ҷо рафт.
Падари Таманно, Хайрулло Саидов, ки қаблан ба Аврупо рафта дар ин самт кор мекард, ҳоло ҳамкасб, роҳнамо ва мададгори духтараш аст. Онҳо дар роҳҳои беканор гоҳе бо ҳам вомехӯранд.
Таманно ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки ҳаёти духтари тоҷик паси чанбараки мошинҳои бузурги боркаш дар Аврупо чӣ гуна мегузарад.
Аз паси падар то Аврупо
Ӯ ҳоло дар минтақаи Скандинавия дар шимоли Аврупо қарор дорад. Таманно мегӯяд, таҳти назорат ва кӯмаку ғамхориҳои падараш бо шавқу завқи зиёд корро идома дода истодааст.
“Ҳамеша дуои падару модарамро бо худ дорам. Вақте дар роҳ бо падарам рӯбарӯ мешавам, мо мошинҳоямонро ба канори роҳ мегирем. Аз дидори ҳамдигар хеле шод мешавем, ин ҳиссиётро тасвир кардан мушкил аст”,- мегӯяд Таманно.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар бори вомехӯрӣ падар қисмҳои техникии мошини духтарашро тафтиш ва таъмир мекунад. Таманно бошад, оши палови панҷакентӣ омода мекунад.
Падару духтар чанд соате аз дидаву шунидаҳояшон дар роҳ ба ҳам қисса мекунанд.
Аслан завқи ронандагӣ дар Таманно ҳанӯз дар зодгоҳаш, замони хурдсолиаш аз мошини падараш оғоз ёфтааст.
“Аввалҳо мошини падарамро дар ҳавлӣ мерондам ва ҳамин тавр завқи зиёде дар ман пайдо шуд. Падарам тарзи рондани мошинро ёд доданд. Ҳамроҳи ӯ 95%-и Тоҷикистонро аз Суғд то Бадахшони Кӯҳӣ гаштам”,- нақл мекнад ҳамсуҳбати мо.
Таҳсил дар мактаби ронандагӣ дар Қазоқистон ва оғози кор
Таманно баъди хатми мактаби миёна дар факултети забонҳои хориҷии яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсилоти олӣ гирифт. Сипас дар академияи ронандаҳои Аврупо лар шаҳри Алмаатои Қазоқистон рондани “трак”-ро омӯхт.
“Як сол пеш, баъди таҳсил дар академияи ронандаҳои Аврупо дар Қазоқистон ба назди падарам ба Аврупо омадам. Вақте ки дар Алмато мехондам, аз пешсафони академия будам.
Аз байни довталабони мард барои кор дар Аврупо корфармоён ба ман таваҷуҳ карданд ва бисёр аз ширкатҳо маро ба кор даъват намуданд. Ба яке аз онҳо ҳуҷҷатҳоямро супорида, дар давоми 20 рӯз, соҳиби иҷозатномаи зиндагӣ ва кор дар Аврупо шудам”,- мегӯяд қаҳрамони мо.
Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи ронандагиаш дар Тоҷикистон, аз мошинҳои майда то миёна, боис шуд, ки дар Алмаато рондани мошинҳои калонро зуд ёд гирифт.
Баъди расидан ба Аврупо Таманно боз давоми як моҳ таҷрибаомӯзӣ кард ва шогирди ронандаи таҷрибадоре шуд.
“Устодам Олга аз Беларус буд. Дар рӯзҳои аввал дар Олмон як мошинро қабул карда, як моҳ ба ӯ шогирд шудам. Сипас маро ба Италия фиристоданд ва мошинеро ба зиммаам гузоштанд. Аз ҳамон вақт инҷониб мустақилона кор мекунам”,- афзуд духтари тоҷик.
“Орзуҳои кӯдакиям ҷомаи амал пӯшиданд”
Таманно мегӯяд, рӯзҳои аввали кориаш ба шарофати маслиҳату дуоҳои падар ва истеъдоди худаш хеле бомуваффақият ва осон гузаштанд.
“Орзуҳои кӯдакиям ҷомаи амал пӯшиданд. Рӯзҳои аввал аз андозаи мошин дар ҳайрат будам, аммо баъдан ба ҳамааш одат кардам”,- мегӯяд духтарак.
Ӯ паси чанбараки ин мошини азим ба кишварҳое ба мисли Шветсария, Австрия, Норвегия, Дания, Шветсия низ сафар кардааст.
“Бовар мекунед, ин таҷрибаи аҷибтарини ҳаётам аст. Дар роҳ ба ҳар як чиз бодиққат назар мекунам ва аз табиати атроф лаззат мебарам. Бинобар ин лаҳзаҳои фаромӯшшаванда дар касби ман вуҷуд надорад”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо бо ҳаяҷон.
“Муҳим он аст, ки ба худ бовар кунед”
Ба гуфтаи Таманно, ҳамкасбон ва ё ҳар нафаре, ки ӯро паси чанбаракаи “трак” мебинад ва бо ӯ ҳамсуҳбат мешавад, ба ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр духтараке дар ин синну сол аз як минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон ин ҷо омадааст.
“Вале ман фикр мекунам, ин ҷои ҳайрон шудан надорад. Агар ман тавонистам ин касбро бигирам ва аз уҳдаи ин кор бароям, дигар духтарон низ метавонанд. Муҳим он аст, ки ба худ бовар кунед”,- мегӯяд духтари тоҷик.
Ӯ дар роҳҳои дароз танҳо аст ва шабҳоро даруни кабинаи калони мошинаш саҳар мекунад. Реҷаи муайяни худро дорад.
“Пеш аз хоб, нақшаҳои ояндаи худро мекашам, ки чӣ гуна ба қитъаҳои дигар биравам ва бо касби худ тамоми ҷаҳонро фатҳ кунам. Бори охир гиря кардам, ки бо умеди бузург аз Ватан баромада, ба ин ҷо омадам ва ҳама орзуҳоям ҷомаи амал пӯшиданд. Ин ашкҳои хушбахтӣ буд”,- мегӯяд Таманно бо эҳсос.
Ӯ ният дорад, баъди иҷрои нақшаҳои бузургаш ба Ватан баргардад.
“Пазмон мешавам оши болаззати Панҷакент, сихкабоби Хуҷанд, қурутоби Кӯлоб, оби тозаи Бадахшони Кӯҳӣ ва манзараҳои пойтахтамон Душанберо”,- мегӯяд дар охир ҳамсуҳбати мо.
С.У.