Ғарқшавӣ дар Тоҷикистон

Дар ноҳияи Тоҷикобод ду кӯдак ба дарё ғарқ шуданд

Ҳодиса рӯзи 14-уми апрел дар деҳаи Сафедмони ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об рух додааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи гузашта, тахминан соати 11:00 ду писарбачаи 4 ва 6-сола, ки бе назорати калонсолон дар назди дарёи Шурак буданд, ба об афтида ғарқ шудаанд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар минтақаи Рашт ҷасади кӯдаки 6-соларо ҳамон рӯз пайдо карда, ба пайвандонаш супурдаанд.

Ҷасади кӯдаки 4-сола бошад, субҳи 15-уми апрел, тақрибан 200 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва ба хешовандонаш супурда шудааст.

Кумита аз волидайн хоҳиш менамояд, ки ба амнияти фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд.

Skip to toolbar