навори суҳбати Рустам Ашӯров бо модараш

Дар наворе Рустам Ашӯров ба рабудан ва куштани муовини раиси “Ориёнбонк” иқрор мешавад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он Рустам Ашӯров, гумонбари рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” тариқи занги видеоӣ бо модараш ба одамрабоӣ ва куштори ду нафар дар фурудгоҳи Кишинёв иқрор мешавад. Ӯ дар суҳбат бо модараш мегӯяд, ки Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоинҳояш рабуда буданд ва кушта дар дарёи Варзоб партофтанд.

Тавре дар навори паҳнкардаи ParvizTV дида мешавад, зане бо гиря тариқи занги видеоӣ бо писари худ гап мезанад ва ӯро Рустам ном мебарад. Маълум нест, ин суҳбат кай сабт шудааст ва то куҷо воқеият дорад.

Рустам тариқи занги видеоӣ ба модараш мегӯяд, ки ду касро куштааст ва онҳоро нишон ҳам медиҳад. Модар бо гиря мепурсад, ки “чаро ин тавр кардӣ, ҳамроҳат кӣ буд”?

Шуҳрат Исматуллоев

Ба гуфтаи Рустам, ҳамроҳаш Дилшоди “СБ” ном шахс буд. Ӯ мегӯяд, Шуҳрат Исматуллоев ба ҳаҷми 100-200 миллион доллари амрикоӣ биткоин дошт, ва ҳамроҳи Дилшод бо мақсади ба даст овардани ин маблағ ӯро рабудаанд.

Дар идома Рустам иқрор мешавад, ки мақсади куштани Шуҳратро надоштанд ва танҳо мехостанд баъди соҳибӣ кардани биткоинҳо ӯро раҳо намоянд. Вале дар натиҷаи латукӯби зиёди Дилшод ӯ ба ҳалокат расид, мегӯяд ӯ.

Рустам ба модараш мегӯяд, ки ҷасади муовини раиси бонкро ба дарёи Варзоб партофтааст.

Дар давоми суҳбат модар аз амалкарди фарзандаш гирён шуда, мепурсад, ки чаро чунин кардааст. Рустам дар ҷавоб “ҳамааш барои пул” ва оромона “дар қиёмат вомехӯрем, фарзандонро эҳтиёт кун, ман туро дӯст медорам модарҷон” мегӯяд.

Бозрасии генералии полиси ВКД Молдова рӯзи 4-уми июл аз марги Рустам Ашӯров хабар дод. Ӯ 30-юми июн ба фурудгоҳи Молдова ворид шуда, баъди ҷавоби рад гирифтан тапончаи афсари гумрукро гирифта, ду нафарро кушта ва як нафари дигарро захмӣ кард.

Акс аз “Радиои Озодӣ”

Сипас ба мақомоти полиси Молдова муқобилият нишон дода, захм мебардорад. Ҳамин тавр, дар беморхона бистарӣ шуда дигар ба ҳуш намеояд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон 1-уми июл Рустам Ашӯровро яке аз гумонбарони рабуда шудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” эълон кард. Як гурӯҳи мақомоти Тоҷикистон барои тафтиши ҷиноят ба Кишинёв сафарбар шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» шаби 23-юми июн соати 22:10 дар кўчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аз ҷониби гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.

То ҳол мақомот зинда ё мурда будани ӯро дақиқ накардаанд.

Skip to toolbar