Дар мактабҳои Тоҷикистон 2670 омӯзгор намерасад

Ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон набуда, норасоии омӯзгорон дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад, гуфт Раҳим Саидзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ.

Ба таъкиди ӯ, “бо мақсади бартараф кардани норасоӣ 2 ҳазору 170 нафар донишҷӯ дар мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон” ба мактабҳо сафарбар шудаанд. Дар вазорат гуфта шуд, ки “ҳамаи онҳо ба ҷойи кори муваққатӣ ҳозир шуданд”.

“Ҳар сол мо вобаста ба соли оянда аз ҷонибу шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дархост мегирем, ҷиҳати норасоии омӯзгорон. Омӯзгоре ҳаст, ки ба синни нафақа аст, метавонад ба нафақа равад, омӯзгоре ҳаст, ки метавонад баъди ба анҷом расидани соли хониш ба рухсатии нигоҳубини кӯдак меравад, дигар ҳолатҳо низ ҳастанд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, ҳамин хел пешниҳод шуда буд, ки аз 4 ҳазору 300 эҳтиёҷот дорем”,- шарҳ дод вазири маориф.

Раҳим Саидзода қайд намуд, ки норасоии омӯзгорон дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад ва он танҳо хоси Тоҷикистон нест.

“Фаъолияти омӯзгорон дар соли хониш аз якуми сентябр оғоз мешавад. Ҳоло омӯзгорон дар рухсатии меҳнатӣ ҳастанд. Маълумоти дақиқ баъди якуми октябр пешниҳод мешавад, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар омӯзгор намерасад”,- гуфт ӯ.

Тибқи иттилои вазорати маориф ва илми кишвар имсол беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар равияи омӯзгориро хатм мекунанд, ки 5 ҳазору 418 нафари онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд.

Skip to toolbar