fbpx

Чаро Раъно тарки омӯзгорӣ карду ронандаи такси шуд?

Қиссаи зане, ки баъди марги шавҳару писари ягонааш дар Душанбе ронандаи такси шуда рӯзгори худ ва духтару набераашро таъмин мекунад.


0
Зани тоҷик дар Душанбе такси меронад
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Раъно Бобомуродова 51-сола аст. Ӯ дар дар яке аз ширкатҳои такси ба ҳайси ронанда кор мекунад. Қаҳрамони мо хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ аст ва замоне дар яке аз мактабҳои пойтахт аз фанни забони русӣ дарс медод. Вале, ба гуфтаи худаш, коҳиш ёфтани қадру қимати омӯзгор, бемасъулиятии волидон ва баъзе мушкилоти рӯзгор маҷбур кард, то тарки пешаи омӯзгорӣ намояд.

Ба қавле ҳоло ҳам марду ҳам зани хона худаш аст, чун шавҳар ва писари ягонааш вафот кардаанду зан бо як духтар ва набераи хурдсолаш танҳо мондааст. Ӯ ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки чӣ тавр бо иродаи қавӣ мушкилиҳоро паси сар мекунад.

“Ҳам зану ҳам марди хона ҳастам”

Раъно дар ширкати такси кор мекунад

“Як духтару набера дорам, бо онҳо зиндагӣ мекунам ва нигоҳубинашонро бар зимма дорам. Як писар доштам 12 сол пеш вафот кард, шавҳарам низ дар қайди ҳаёт нест. Ҳоло дар хона ҳам мард ва ҳам зан худам ҳастам. Зиндагиро пеш бурдан ҳоло ба мардҳо ҳатто осон нест. Рӯзгор ҳама ба сари худам мондааст”,- бо ҳасрат оғоз кард нақлро собиқ омӯзгор.

Ӯ ба ширкати такси як сол пеш омад. Дар “Фейсбук” эълони ширкати “Олуча-такси”-ро дид, ки занонро ба кор қабул мекардаанд.

“Чун ду сол бекор будам ва оилаамро худам таъмин мекунам, ба ширкат рафтам. Ба чунин кор шавқ ҳам доштам. Онҳо маро ба кор қабул карданд”,- ба хотир овард Раъно.

Қаҳрамони мо пеш аз он ҳам мошини шахсӣ дошт, вале онро фурӯхта, аз ширкат барои кор мошини нав гирифт. Баъди ҳашт моҳи кор бо сабабҳои вазъи оилавӣ мошинро ба дигар кас дод. Вале бо дастгирии хешовандон соҳиби мошини дигар шуд ва ҳоло дар ширкати “Як-такси” кор мекунад.

Ӯ аз чунин тарзи кораш қаноатманд аст. Мегӯяд, дар корхона низ муомилаи хуби роҳбарон дилгармӣ ба кор мебахшад. Ба гуфтаи ӯ ҳар саҳар пеш аз оғози кор ба онҳо таъкид мекунанд, ки бо муштариён муомилаи хуб дошта бошанд ва қоидаҳои роҳу бехатариро риоя кунанд.

“Ин кор ба ман мушкилӣ надорад. Агар ба мизоҷон хуб муомила кардед, бо муомилаи хуб ҷавоб медиҳад”,- гуфт Раъно.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳоло дар ширкати “Як такси” 3 зан такс меронанд.

Раъно бо мизоҷонаш аз Ҳиндустон
Шаҳрвандони Ҳиндустон бо зани таксирон акс гирифтаанд

 “Шавҳарам рашк мекард”. Баҳси ронандашавии Раъно

15 сол пеш вақте дар кишвар шумораи ками занон мошин меронданд, Раъно ба онҳо бо ҳавас менигарист.

“Ба шавҳарам гуфтам, чӣ мешавад, ки ронанда шавам. Дар аввал розӣ нашуд, “ту наметавонӣ, бар замми ин мардҳо дар мошин мешинанд” гуфта рашк намуд. Ман якравӣ мекардам, ки аз уҳдааш мебароям. Баҳси “метонам-наметонам” сабаб шуд, ки ҳуҷҷатҳоро бурда супораму хонам ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шавам”,- ба ёд овард ӯ.

Пас аз ин масъалаи харидани мошин пеш омад. Ӯ бо дастгирии шавҳараш соҳиби мошин шуд.

“Ин кори занон нест”. Аз муносибати нозирону атрофиён

Раъно мегӯяд муносибати атрофиён нисбаташ хуб аст, вале дар аввал буданд, нафароне, ки мегуфтанд “ин кор барои занҳо нест, беҳатараш дар хона шин”.

“Якуним сол пеш, вакте ба кори такси шуруъ кардам, мардум ҳарос доштанд. Баъзеҳо медиданд, ки зан мошинро меронад, “э ман бо зан намеравам” гуфта, метарсиданд. Гӯё занҳо мошин ронда наметавонанд ва қоидаҳоро намедонанд. Баъд оҳиста оҳиста сафи “леди такси”-ҳо ҳам зиёд шуд”, – қисса намуд аз рӯзҳои аввали корияш Раъно.

Тавре ӯ нақл мекунад, ҳоло зану мард фахр мекунанд, ки занҳо мошинрониро омӯхтаанд ва дар кишвари мо низ дар ин хусус пешравӣ ҳаст.

“Махсусан занҳо бисёр хурсанд мешаванд, вақте мебинанд, ки мошин меронам. Ҳастанд баъзе мардҳое, ки мегӯянд “рафта истироҳат кунед”. Агар ман истироҳат кунам, рӯзгори оилаи маро кӣ пеш мебарад? Баъзе масъалаҳоро фикр накарда, хулоса мебароранд. Ин гуна мардҳо ҳоло ҳам дар гузашта мондаанд”, – ёдовар шуд қаҳрамони мо.

Такси дар Душанбе

Раъно Бобомуродова аз муомилаи хуби нозирони роҳ нисбати худ ёдоварӣ кард.

Ӯ бо заноне фахр мекунад, ки новобаста ба мушкилоти мавҷуда кори мардонаро интихоб карда, баробари мардон кор мекунанд.

Чӣ шуд ки Раъно тарки омӯзгорӣ кард?

Раъно Бобомуродова факултети омӯзгори забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст.

Чанд муддат дар мактабҳои №12 ва №60-и пойтахт ба омӯзгорӣ машғул шуда, баъдан, тарки ин пеша менамояд.

“Имрӯз дар мактаб кор кардан бисёр мушкил аст. Тарбияву ахлоқи аксари кӯдакону хонандагони имрӯза бисёр коста аст. Бар замми ин аксарашон дарс намехонанд. Ба ҳамин хотир, тарки ин пеша кардам”,- гуфт бо ғамгинӣ ҳамсуҳбати мо.

Ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки волидон низ масъулиятшинос нестанд, ба тарбияи фарзанд машғул намешаванд.

Раъно бо наберааш

“Боре хонандаеро барои рафтори нодурусташ сарзаниш кардам. Баъдан падараш занг зада, маро “насиҳат” кард. Боз мегӯяд, ки “писари маро тарбия кунед”. Волидони азиз, кӯдак тарбияро аз оила мегирад. Мактаб ҳамон тарбияро такмил дода, таълим медиҳад. Омӯзгор пурра ба тарбия машғул шавад, таълимро кӣ медиҳад?”,- афзуд Раъно Бобомуродова.

Ӯ сабабҳои асосии тарки пешаи омӯзгорӣ карданашро дар коҳиш ёфтани қадру қимати омӯзгор, бемасъулиятии волидон ва костагии ахлоқи толибилмон медонад.

Раъно Бобомуродова пушаймон нест, ки рӯзгорашро бо ин роҳ таъмин мекунад. Дар ҳоле ки тақдири даҳҳо занони тоҷик пас аз марг ё ҷудошавӣ аз шавҳар рӯ ба номуайянӣ меорад, ӯ дар худ ҷуръату шуҷоате ёфт, то ин мушкилотро паси сар кунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, дур нест, ки заҳмату азобҳояш самар оранд.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend