Хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Дар Кӯлоб ҷавонеро аз фурудгоҳ мустақиман ба артиш бурдаанд

Тоҷикдухтар ба дарёфти медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии бокс шараёфб гардид

Миҷгона Самадова узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.

Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 6 варзишгари дигари Тоҷикистон– Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.

Дар Кӯлоб ҷавонеро аз фурудгоҳ мустақиман ба артиш бурдаанд

Сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро мустақиман дар назди зинапояи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт ва ба артиш сафарбар намуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони ҷавон хабар дод. Лекин дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб изҳор намуданд, ки дар бораи ин ҳодиса хабар надоранд.

Ба гуфтаи наздикони ҷавон, ӯ 2 сол инҷониб барои пулкоркунӣ дар Русия қарор дошта, 9 декабр пас аз фаҳмидани бемории бибиаш таъҷилан ба ватан омадааст.

“Ҷавон бо хатсайри Калуга-Кӯлоб омада, волидонаш ӯро дар хона интизор будаанд, лекин ногаҳон занг зада, хабар медиҳад, ки ба дасти “сарбозшикорчиён” афтодааст. Кормандони фурудгоҳ ба ӯ гуфтаанд, ки ҷавонро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурдаанд ва сумкаи писарашро ба ӯ додаанд”, – иброз дошт хешовандаш.

Ба қавли ӯ, пас аз ин падари ҷавон ба Ҳамадонӣ меравад, лекин дар он ҷо ҳам писарашро пайдо намекунад.

Бо гузашти як шабонарӯз ҷавон худаш занг зада, хабар медиҳад, ки дар комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар қарор дорад ва ба наздикӣ ӯро ба қисми ҳарбӣ сафарбар мекунанд.

“Вақте ки падараш ба Бохтар меояд, миёнаравоне пайдо шуда, ба ивази раҳоии фарзандаш аз ӯ маблағи барояш хеле зиёдро талаб мекунанд, лекин ӯ розӣ намешавад. Рӯзи 12 декабр ҷиянамро ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Турсунзода фиристоданд”, – гуфт хеши наваскар.

Дар ҳамин ҳол, Қурбон Сафаров, муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб  дар ин робита хабар додааст, ки баъди анҷоми маъракаи даъват ӯ дигар кормандони комиссариатҳои ҳарбиро дар наздикии фурудгоҳ надидааст.

“То анҷоми даъват чанде бо либоси мулкӣ назди даромадгоҳи фурудгоҳ меистоданд, лекин зиёда аз як ҳафта аст, ки онҳоро дар ин ҷо мушоҳида накардаам. Дар бораи “шикор” (облава)-и ҷавони 20-сола чизе нашунидаам ва хабар надорам”, – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин дар посух ба саволи чӣ гуна ба дасти падараш расидани сумкаи ҷавон ӯ мушкилӣ кашид.

Боздошти як муаллим дар Суғд барои фуруши шаҳодатномаи хатм

Оҷонсии мубориза бо фасод як омӯзгори мактаби миёнаро боздошт кардааст, ки дар фурӯши шаҳодатномаи хатм муттаҳам мешавад. Як омӯзгори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бустони вилояти Суғд бо иттиҳоми фурӯши шаҳодатномаи хатм боздошт шудааст.

Оҷонсии зидди фасод омӯзгорро дар пайи муроҷиати шаҳрванд “А” дастгир кардааст

Ба иттилои манбаъ, омӯзгор С.М барои омода карда додани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 ҳазор доллар талаб карда, аз ин маблағ 500 долларашро гирифта, овардани боқимондаи дигарашро талаб кардааст.

Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони агентӣ, С.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи пулии 500 доллар боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда, гирифта шуд.

Гуфта мешавад, нисбати С.М. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Заҳролудшавии зиёда аз 60 нафар дар Суғд пас аз хӯрдани гушти мурғ. Мақомот дӯкони фуруши “грилл” ро бастанд

Беш аз 60 нафар сокини чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз истеъмоли гӯшти мурғ (грилл) заҳролуд шудаанд. Мақомот бар асари ин ҳодиса дӯкони мурғфуриширо бастанд.

Таҳқиқи ҳодиса нишон додааст, ки ҳафтаи гузашта 62 нафар аз 14 хонавода, бошандагони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз хӯрдани гушти мурғ дар як дӯкони мурғфурушии даромадгоҳи бозори “Афғонбозор” заҳролуд шудаанд.

Ба гуфтаи пизишкон қисме аз ин заҳролудшудаҳо табобат шуда, бархеи дигар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

“Чанд нафар бо нишонаҳои дарунравӣ, қайкунӣ ва ҳарорати баланд муроҷиат карданд. Ва баъди он тафтиш оғоз шуд”-гуфт, табиби, ки нахост аз ӯ ном барем.

Ба дари дӯкони фурӯши гӯшти мурғ (грилл) дар даромадгоҳи бозори “Афғонбозор” аз суйи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мӯҳр зада шудааст.

Ба Тоҷикистон боз 460 воя ваксина ворид шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ворид шудани боз беш аз 360 ҳазор воя воксина алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин миқдор воксина, шоми дирӯзи 12-уми декабр дар доираи механизми КОВАКС  вориди кишвар шудааст.

Вазорат мегӯяд аз воксини воридушад 157 ҳазору 950 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ва 302 ҳазору 400 воя ваксинаи “АстраЗенека”  мебошад. Ин воксинҳо дар анбори махуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.

То 10-уми декабри дар Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда  3 млн  222  ҳазору 924 нафар (55,3%) шаҳрванд  воксин зада шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  2 млн 677 ҳазору  138 (45,9%)  нафар гирифтаанд. Дар маҷмӯъ дар кишвар бояд 5млн 826 ҳазору 301 нафар бо ваксина фаро гирифта шаванд.

Skip to toolbar