“Дар ёди падар”. Дина Саева барои кӯмак ба мардум ба Африқо рафтааст

Дина Саева (ному насаби аслиаш Мадина Басаева), ки дар Русия “маликаи TikTok” номаш мебаранд бо мақсади кӯмак ба мардуми камбизоату нодор ба Африқои марказӣ рафтааст. Дар аксҳои саҳифаи Инстаграмаш дида мешавад, ки ӯ ба тифлакони гуруснаи африқоӣ хӯроки миллии тоҷикон – оши паловро тақсим мекунад.

Дина дар саҳифаи инстаграмии худ бо нашри наворҳо ва аксҳои муштарак бо кӯдакони Банҷии Африқои Марказӣ, аз амалӣ шудани орзуи кӯдаконаи худ хабар додааст.

Блогер пас хӯрок додан ба кӯдакон, ҳамчунин дар ин ноҳия чоҳи обкашӣ сохта ба истифода додааст. Ин чорабинии хайриявиро Дина ба рӯҳи падараш бахшида, онро “Дар ёди падар” ном ниҳодааст.

“Воқеаҳои муҳимтарини ҳаётам дар рӯзҳои охир, на танҳо амалишавии орзуҳоям, ҳамчунин сохта ба истифода додани чоҳ дар яке аз ноҳияҳои камбағал Банҷӣ мебошад”, – навиштааст дар саҳифаи Инстаграми худ, Дина.

Дар аксҳое, ки Саева нашр намудааст, парчами Тоҷикистону Африқо ва ҳамчунин навиштаҷоти “Дар ёди падар” намоён аст.

Дина кист?

Дина зодаи Тоҷикистон буда, айни ҳол яке аз блогерони гаронарзиштарини Русия ба ҳисоб меравад. Ӯ дар оилаи диндор ба воя расидааст, вале волидонаш сади роҳи интихобнамудаи  духтарашон нашуданд. Ҳоло Дина аз ҳисоби шабакаҳои иҷтимоияш моҳе 800 ҳазор рубл ба ғайр аз даромади рекламаҳо ба даст меорад.

Ин ҳама барои Дина ба осонӣ даст надодааст. Волидонаш дар хурдсолиаш ба Русия кӯч мебанданд. Тӯли чандин сол онҳо ба сахтӣ зандагиашонро пеш мебурданд. Ҳатто боре соҳибхона аз хонаи иҷора пешашон кардаасту онҳо дар кӯча мондаанд. Як мудат онҳо шабашонро дар клубе, ки падари Дина он ҷо нигаҳбон буд, рӯз мекарданд. Пас аз чандин сол волидонаш тавонистанд, ки соҳиби хонаи шахсӣ шаванд. Ҳоло пас аз марги падар Дина “нонбиёрӣ” оилаашон аст.

“Модарам маро саробони оила, меномад”, – гуфтааст дар яке аз мусоҳибаҳояш Дина.

Ситораи Инстаграм

Соли 2015 Дина Саева аввалин маротиба дар шабакаи Инстаграм худро сабти ном мекунад. Бо гузоштани наворҳои ҷолиб дар як сол 40 ҳазор обуначӣ ҷамъ меоварад. Аз гузоштани маводҳои тарғиботӣ дар саҳифааш моҳе аз 3 то 6 ҳазор рубл ба даст меовард. Аммо ин барои Дина кофӣ набуд. Аз ин рӯ, як муддат дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Екатеринбург ба кор даромад.

Дина орзу дошт, ки ҳунарпеша шавад, вале волидонаш инро намехостанд. Ӯ дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекард, вале меҳри ҳунарпешагӣ дар дилаш ҳамоно ҷой дошт, ҳамин буд, ки бештар ба сабту нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул шуд.

Маликаи TikTok

Чун Дина машҳуру маъруф шуд, зуд зуд имҷи худро иваз мекард. Ӯ либоси аврупоӣ ба бар мекунад, ки ин ҳамватанонашро хушоянд нест. Қисми зиёди тоҷикистониён Динаро қабул надоранд, зеро ба гуфти онҳо ӯ номи духтари тоҷикро паст мезанад. Дар шарҳҳои наворҳояш суханҳои қабеҳу таҳдидомез менависанд. Вале Дина ба онҳо аҳамият намедод.

Дина соли 2018 бештар ба TikTok рӯй овард ва дар як муддати кӯтоҳ, яке аз ситораҳои машҳури он гашт, ки барояш миллионҳо даромад меорад. Бояд қайд кард, ки ҳоло ӯ дар шабакаи TikTok 8 млн. обуначиёни худро дорад, аз ин рӯ ӯро “маликаи тик ток”-и русзабон мегӯянд.

Акнун Дина бо ширкатҳои машҳури ҷаҳон Coca-Cola ва Dolce & Gabbana ҳамкорӣ мекунад.

700 ҳазор барои табрикоти Путин

Ба наздикӣ Дина Саева дар мусоҳибааш бо журналисти рус Ксения Собчак гуфт, ки  ба ӯ бар ивази табрики президенти Русия Путин бо зодрӯзаш 700 ҳазор рубл пешниҳод кардаанд, вале ӯ инро рад кардааст.

“Ман дар ҳаётам чунин кор накардаам. Агар ман бо ӯ (Путин) шахсан шиносам мебудам, табрикаш мекардам. Барояш паёмаки шахсӣ менавиштам. Вале ин тавр дар марази ом… Аҷиб аст, не?”, – мегӯяд Дина дар мусоҳибааш бо Ксения Собчак.

Skip to toolbar