Дар Шведсия аксияи махсуси оташ задани Қуръони каримро ташкил карданд

Дар Ироқ сафорати Шведсияро оташ заданд

20-уми июл гурӯҳе аз эътирозгарони сӯзондани китоби муқаддаси Қуръон сафорати Шведсия дар Ироқро оташ заданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, Бағдод эълон кардааст, ки сафири Шведсия бояд Ироқро тарк кунад.

Ин эълон аз сӯи Муҳаммад Шайоъ Судонӣ, садри аъзами Ироқ рӯзи панҷшанбе баъд аз он садо додааст, ки ду нафар дар назди Сафорати Ироқ дар Шведсия як нусхаи Қуръони каримро зерипо карданд.

Эътирозгарон дар назди сафорати Шведсия дар Ироқ

Полиси Ироқ кӯшиши пароканда кардани эътирозгаронро намудааст, вале монеъи онҳо шуда натавонистааст.

Дар Шведсия рӯзи 28-уми июн дар рӯзи Иди Қурбон як паноҳандаи ироқӣ бо номи Салвон Момика дар назди масҷиди Стокҳолм нусхаи Қуръонро оташ зада буд. Ин амал хашми мамлакатҳои мусалмоннишинро ба бор овард ва боиси эътирозҳо шуд.

Skip to toolbar