Дар Хатлон ду нафарро бо гумони қатли ваҳшинаи падар ва се фарзандаш боздошт карданд

Раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон дар бораи замони боз шудани марз бо Тоҷикистон гуфт

Як мақоми Қирғизистон гуфт, ки марзи ин кишвар бо Тоҷикистон “дар ҷараёни ҳал шудани масоили марзӣ боз хоҳад шуд”. Вебсайти хабарии 24.kg рӯзи 12-уми август навишт, дар як мизи гирде дар Бишкек дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфтааст, ки “сарҳад бо Тоҷикистон дар ҷараёни ҳал шудани масоили марзӣ боз хоҳад шуд”.

Ба навиштаи манбаъ, Имонқулов таъкид кардааст, ки “Қирғизистон аввал шуда сарҳадро набастааст, балки чораҳои ҷавобиро рӯи даст гирифтаст”.

Ба навиштаи вебсайти хабарӣ, раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфтааст: “Мо ҳамроҳ бо ҳамкорони тоҷикамон сари масъалаи аломатгузории марз аз наздик ҳамкорӣ мекунем. Инчунин маълум аст, ки президентони кишварҳои мо мулоқот карда масоили марзиро баррасӣ карданд. Сарҳад дар ҷараёни ҳал шудани масоили марзӣ боз хоҳад шуд”.

Боздошти 2 нафар дар Хатлон ба гумони қатли ваҳшиёнаи сокини Ҷайҳун ва се фарзанди ӯ

Ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи 4 нафар – падар ва се нафар фарзандони ӯ ду нафар боздошт шуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони содир намудани ин ҷиноят мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд.

Аз ҷузъиёти боздошт, инчунин сабабҳое, ки ҷинояткоронро ба содир намудани чунин амал водор намудааст, маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор12 июни соли равон дар деҳаи Тарғок (собиқ совхози ба номи Жданов)-и ноҳияи Ҷайҳун рух дод.

Он замон бо табар ё ашёи дигари ба он монанд Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се писари ноболиғи 8, 13 ва 14-солаи ӯ кушта шуданд. Модари ин хонавода бо як писари 11-солааш тавонистанд, ки фирор кунанд ва дар беморхона баъди табобат солим шуданд.

Амрико “Азия-Инвест”, ширкати ҳамкори Тоҷикистонро таҳрим кард

Вазорати корҳои хориҷии Амрико зидди ширкате таҳрим ҷорӣ кард, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Ҷамъияти “Азия-Инвест”, ки дар Уфаи Бошқирдистон дар Русия воқеъ аст, ду даҳаи охир ба Тоҷикистон таҷҳизоти гирдроэнергетикӣ ва саноати маъдани куҳӣ мефурӯшад.

Дар сомонаи расмии ширкат гуфта мешавад, ки он ҳамчунин бо ширкатҳои зиёде дар Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ тиҷорат дорад. Он дар соҳаи саноати ҳарбӣ ва тавлидоти кимиёӣ низ бо кишварҳои гуногун ҳамкорӣ мекунад. “Азия-Инвест” 21 сол пеш таъсис ёфта, ба ҳамсарон Гузал ва Марсел Исфандиёровҳо тааллуқ дорад.

Акнун ҳамаи додуситад бо “Азия-Инвест” манъ буда, кишвар ё ширкатҳое, ки бо он тиҷорат мекунанд, метавонанд, ҳадафи таҳримҳои нави ҳукумати Иёлоти Муттаҳида қарор гиранд.

СММ мехоҳад барои қабули паноҳандаҳо аз Афғонистон барномаи вижаеро бо мақомоти Тоҷикистон таҳия кунад

Сезин Синаноғлу ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ниҳод мехоҳад дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Тоҷикистон барномаи вижаи омодагиҳо барои қабули паноҳандаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро таҳия кунад. Дар ин бораи дафтари матбуоти раиси ВМКБ хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, ин масъули СММ дар Тоҷикистон зимни арзёбии вазъи шадиди Афғонистон бо раиси ВМКБ ба ин нукта ишора кардааст.

Ёдгор Файзов дар ин мулоқот, аз таҷрибаи қабули гурезаҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ ва мушкилоту маҳдудиятҳои вилоят, корҳои омодагӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои якчоя гуфтааст.

Сезин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ба касе маълум нест, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба чи теъдод паноҳандаҳо хоҳанд омад, вале ба эҳтимоли қавӣ паноҳандагон ба Тоҷикистон паноҳ меоваранд ва бояд омода буд.

Дар ин дидор, масъалаи таъмини амнияти кормандони СММ дар ВМКБ низ матраҳ шудааст, ки Файзов гуфтааст, ки мақомоти амниятии вилоят тавони таъмини амнияти шаҳрвандон ва меҳмонони вилоятро доранд.

Русия ба Тоҷикистон барои бунёди посгоҳ дар марз бо Афғонистон 1 миллион доллар медиҳад

Русия барои сохтмони посгоҳи марзӣ дар сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистон беш аз як миллион доллар ҷудо кардааст, мегӯяд Олег Сиромолотов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо “Интерфакс“.

Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби робитаҳои наздик дар сатҳи олӣ созишномаи дахлдор оид ба кӯмаки молиявӣ ба имзо мерасад.

Постгоҳи сарҳадӣ бо дарназардошти технологияҳои муосир дар вилояти Хатлон, яке аз осебпазиртарин минтақаи марзи Тоҷикистону Афғонистон бунёд хоҳад шуд.

Сохтмони гузаргоҳи нав дар марзи ҷумҳуриҳо дар ҷараёни сафари вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе моҳи май маълум шуд.

Тулуънюс аз қатъ шудани додани виза аз ҷониби Тоҷикистон дар Кобул хабар медиҳад, аммо вазорат инро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашркардаи расонаҳои Афғонистон дар мавриди қатъи судури раводидро бепоя хонд. Шабакаи телевизионии Tolonews дар телеграмканали худ, дар як хабари кӯтоҳ навишт, ки “раванди судури визои Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон мутаваққиф шуд”.

Дар раёсати  иттилоот ва матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин хабар бепоя аст ва бахши консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Кобул чун пештара кор мекунад ва ҳеч тасмиме барои қатъи судури раводид барои шаҳрвандони Афғонистон, гирифта нашудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба далоили амниятӣ ва ҳаводиси ахире, ки дар Афғонистон ҷараён дорад, Тоҷикистон консулгариҳояш дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх ва Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистонро муваққататн бастааст.

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки бар пайи суқути пай дар пайи вилоятҳои Афғонистон ба дасти “Толибон” теъдоди шаҳрвандоне, ки мехоҳанд визаи Тоҷикистонро ба даст биоранд, зиёд шудааст.

Аммо Tolonews ба манбаъи хабараш дар мавриди қатъи судури раводиди Тоҷикистон дар Кобул ишора накардааст ва танҳо аз қатъи он хабар додаасту халос.

Skip to toolbar