fbpx

Ҳама 6 нафари ба дарёи Панҷ сарозер шуда, узви як хонавода будаанд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

“Дача”-и Иттифоқи нависандагонро кӣ гирифт? Ҳукумат ё наздикони ҳукумат?

Бӯстонсарои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир буд, бо як қарори ҳукумат бозпас гирифта шудааст. Ин хабарро муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа тасдиқ кардааст.

Ӯ гуфт, ки ин як ҳафта пеш рух дод ва сабаби бозпас гирифтани бӯстонсаро аз Иттифоқи нависандагон калон будани масоҳати он ва аз уҳдаи таъмиру тармими он набаромадани ин созмони эҷодӣ аст.

Ӯ дар бораи тартиби гирифтани бӯстонсаро тариқи музояда изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки инро ҳукумат ҳал кардааст ва ба онҳо танҳо мактуб омадааст, ки тибқи қарори Ҳукумат бӯстонсарои пешини онҳоро гирифта, аз ҷои дигар бӯстонсарои нав доданд.

Аммо тибқи баъзе иттилооти тасдиқнашуда, бӯстонсарои Иттифоқи нависандагонро наздикони шахсони воломақоми ҳукумат гирифтаанд ва  акнун мехоҳанд дар ҷойи он истироҳатгоҳи нави муосири тиҷоратӣ бунёд кунанд.

Ҳама 6 нафари ба дарёи Панҷ сарозер шуда, узви як хонавода будаанд

Ҳамаи онҳое, ки ҳангоми интиқоли мурда аз Душанбе дирӯз, бо мошини “Лексус” дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудаанд, узви як хонавода буданд, гуфтааст ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз деҳаи Буғуши ноҳияи Ишкошим.

Ба гуфтаи ҳамдеҳаҳои фавтидагон, ҳодиса замоне рух дод, ки сокинони деҳаи Буғуши Ишкошим Нисобегим Муродмамадова ҳамроҳи шавҳараш Тиллобеки Холдорбек, писарашон Вафои Тиллобек ва хоҳарзодааш Руслани Шакар тобути модари Нисобегим – Баҳсбегим Аёмбековаро аз шаҳри Душанбе ба Деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим мебурданд.

Ронанда ҳам яке аз наздикони узви ин оила- писари амаки Нисобегим Муродмамадова бо номи Шодибек Зераков будааст.

То ба ҳол, ҷасади ду нафар ва тобути зани фавтидаро пайдо кардаанд, вале тақдири се нафари дигар норавшан аст.

Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор воя “Спутник V” тақдим кард

Субҳи 13-уми август Русия ба ҳайси ёрии башарӣ ба Тоҷикистон 50 ҳазор воя ва ё дозаи ваксинаи зидди коронавирус – “Спутник V”-ро ирсол намудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст.

Аввали ин ҳафта Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca ваъда кард. Феълан сокинони Тоҷикистон со ваксинаҳои британиявиву шведии AstraZeneca, ваксинаи чинии “Короновак” ва ваксинаи амрикоии “Модерна” моякӯбӣ мешаванд.

Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифт

Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафарро бар зидди коронавирус эм кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Тибқи гузориши ин ниҳод, то 11 август 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд. “Ҷузъи дуввуми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 130 ҳазор нафар гирифтанд”, – гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Танҳо рӯзи 11 август дар Тоҷикистон 60 ҳазору 823 нафар эм карда шуданд. Қобили зикр аст, ки тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқобила бо паҳншавии COVID-19 аз 3 июл, эмкунии зидди коронавирус барои шахсони аз 18 сола боло ҳатмӣ мебошад.

1 тонна маводи мухаддир ба коми оташ рафт

Мақомоти пулис дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳудди як тонна маводи мухаддире, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ кашф ва мусодира шудааст, дар оташ нобуд карданд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми август гуфт, маҳви маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони додситонӣ, додгоҳ ва хабарнигорон доир шуд.

Дар миёни маводи нобудшуда, ба навиштаи вазорат, беш аз 34 килограмм ҳероин, 214,5 килограмм афюн, 605 килорамм бангдона ва 272,5 килограмм ҳашиш будааст. Миёни маводи ба оташрафта мақомот ҳабҳои нашъадори синтетикии “Амфетамин”, “Метамфитамин”, “Метадон” ва “Алпразолам”-ро ёд карданд.

Рӯзҳои якшанбе ва душанбеи оянда Тоҷикистон серчангу ғубор мешавад

Рӯзҳои 15 ва 16 август дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи марказ (НТМ) чангу ғубор боқӣ мемонад. Ин рӯзҳо дар ҷануби кишвар ва НТМ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз имрӯз, 13 август то 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, НТМ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.

Ҳарорати рӯзона дар Душанбе рӯзҳои истироҳат дар ҳудуди 33-35 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии НТМ борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend