Дар Душанбе суғурта ва муоинаи техникӣ тавассути дурбинҳо санҷида мешавад

Аз 5 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе низоми худкори санҷиши мавҷудияти суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии нақлиёт тавассути дурбин ва суръатсанҷ фаъол мегардад. Дар ин бора полиси Душанбе иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати надоштани суғуртаи ҳатмӣ ё нагузаштан аз муоинаи техникӣ, нахуст ба ронанда паёми огоҳӣ фиристода шуда, барои ислоҳи камбудӣ 10 шабонарӯз муҳлат дода мешавад. Агар дар ин муддат талабот иҷро нашавад, барои нагузаштани муоинаи техникӣ 234 сомонӣ ва барои идораи воситаи нақлиёт бе суғуртаи ҳатмӣ 78 сомонӣ ҷарима татбиқ мешавад (моддаи 315, қисмҳои 1 ва 2 КҲМ).

Полиси Душанбе аз ронандагон хостааст, ҳуҷҷатҳои марбут ба суғурта ва муоинаи техникиро сари вақт дастрас намоянд, то аз ҷарима пешгирӣ шаванд.

Тибқи қонун, тамоми воситаҳои нақлиёт дар кишвар бояд ҳамасола аз муоинаи техникӣ гузаранд. Дар ҷумҳурӣ 62 нуқтаи санҷиши техникӣ фаъол аст, ки 13-тои он сайёр мебошанд.

Skip to toolbar