Дар Душанбе дар майдонҳои сохтмонӣ QR-кодҳо насб мешаванд

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба насби QR-кодҳои махсус дар даромадгоҳҳои майдонҳои сохтмонӣ ва нуқтаҳои фурӯши биноҳои истиқоматии баландошёна оғоз кардааст.

Гуфта мешавад, ин иқдом барои таъмини шаффофияти равандҳои сохтмонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳиссагузорон амалӣ мешавад.

Ба иттилои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, ин иқдом ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз харид ё бастани шартномаи ҳиссагузорӣ маълумоти расмии марбут ба сохтмонро мустақилона ва фавран санҷанд.

Бо скан кардани QR-код тавассути телефони мобилӣ шаҳрвандон ба низоми ягонаи электронии www.memor.pro ворид мешаванд. Дар ин платформа ҳуҷҷатҳои асосии пешазсохтмонӣ, аз ҷумла қарори лоиҳакашӣ, мувофиқаи нақшаи кулл, шиносномаи бино, хулосаи экспертиза ва иҷозати сохтмон дастрасанд.

Мақомот мегӯянд, татбиқи ин тадбир ба пешгирии ҳолатҳои фиребхӯрии шаҳрвандон, коҳиши хатарҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ ва рушди фарҳанги сармоягузории огоҳона дар пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Skip to toolbar