Дар Душанбе қаҳвахонаи нави инклюзивӣ ифтитоҳ шуд

“The Friends House” имкон медиҳад, ки шахсони дорои маъюбият бо ҷойи кор таъмин шаванд, ҳамчунин, онҳоро омӯзонида, дар ин раванд дастгирӣ мекунад.


Ташаббуси волидони кӯдакони гирифтори аутизм ва Ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА” қаҳвахонаи нави инклюзивии “The Friends House”-ро ифтитоҳ кард.

Маросими ифтитоҳи қаҳвахона 25-уми июл дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ 38. баргузор гардид.

“The Friends House” имкон медиҳад, ки шахсони дорои маъюбият бо ҷойи кор таъмин шаванд, ҳамчунин, онҳоро омӯзонида, дар ин раванд дастгирӣ мекунад.

Фазои дилкаш ва дӯстонаи ин қаҳвахона табъи меҳмононро хуш мегардонад. Инчунин таомҳо ва хӯришҳои қаҳвахона, аз қабили навъҳои гуногуни шӯрбо, салатҳо, бургерҳо ва ғайра тъми болаззат доранд.

Меҳмонони “The Friends House” дар ин қаҳвахона метавонанд ҳам вақташонро хуш гузаронанд ва ҳам барои дастгирии иҷтимоии тамоми аъзои ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зеро тамоми даромади қаҳвахона барои кӯмак ба кӯдакони дорои аутизм ва нуқсонҳои асаб сарф мешавад.