Дар Бохтар модарро бо гумони ба худкушӣ расонидани духтари 14 солааш дастгир карданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона дар Тоҷикистон сахттар шуд

Акс аз сомонаи 365dm.com

Дабири СПАД аз хавфи сарозер шудани паноҳҷӯёни зиёди афғон ба Тоҷикистон гуфт

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ гуфт, ҳарҷу марҷ дар Афғонистон хавфи сарозер шудани паноҳҷӯёни зиёдро ба Тоҷикистон бештар кардааст.

Станислав Зас рӯзи 9-уми август дар Арманистон ба ин мавзуъ рӯй овард.

Вай гуфт, “пас аз берун рафтани нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон вазъият дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуда, торафт хаос ё беназмии комил ҳукмфармо мешавад.”

“Ин ҳолат, мумкин аст, хатари ба Тоҷикистон омадани паноҳҷӯёни зиёд ва вуруди созмонҳои байналмилалии террористиро ба вуҷуд биорад”, — афзуд дабири кулли СПАД.

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳамчунин гуфтааст, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат пайгирӣ доранд. Пештар фармондеҳи ситоди муштараки созмон гуфта буд, ки Тоҷикистон ба кумаки фаннӣ дар марз эҳтиёҷ дорад, аммо зарурате ба ҷалби нерӯҳои дастҷамъии созмон нест.

Дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе нархи таксиҳо боло рафт

Пас аз боло рафтани нархи сӯзишвори ронандагон нархи роҳкироро боло бурданд. Нархи таксиҳо  дар дохили шаҳри Хуҷанд 5 сомонӣ ва  “Истаравшан-Хуҷанд” то 10 сомонӣ боло рафтааст. Ронандагон мегӯянд, давоми як моҳи охир ба таври бесобиқа гарон шудани нархи бензину гази моеъ дар кишвар ба арзиши мусофиркашонӣ таъсир расонид. Гуруҳе аз аҳолӣ, ки дар рӯзгордорӣ аз гази моеъ истифода мебурданд, ҳамакнун ба барқ рӯй овардаанд.

Болоравии бесобиқаи нархи сӯзишворӣ ба кори автобусҳои мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд низ таъсир расонидааст. Масъулини корхонаи “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” мегӯянд, феълан аз 100 автобус , танҳо 10-15 тои он ба хатсайр мебароянд, боқимондаро бинобар таъмирталаб будани автобусҳо ё гарон шудани нархи сӯзишвории дизелӣ аз хатсайрҳо гирифтаанд.

Музаффар Раҳматхӯҷаев директори ин корхона гуфтааст, бар замини боло рафтани маводи сӯзишвории дизелӣ, бинобар ба таътил баромадани хонандагону донишҷӯён мусофирони автобусҳо кам шуданд, ки маблағи аз мусофиркашонӣ ба даст омада хароҷоти сӯзишвориро рӯйпӯш намекунад.

Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе таксиҳои ба истилоҳ 5 сомона, ҳақи раҳкироро дар хатсайри Садбарг – Корвон 7 сомонӣ карданд. Ронандагон мегӯянд, ки нархи сӯзишвори гарон шудаасту, 5 сомонӣ барои роҳкиро дигар хароҷотҳояшонро пӯшонида наметавонад, аз ин лиҳоз нархро ду сомонӣ боло бурдаанд.

Почтаи байналмилалии “DHL” дубора ба фаъолият оғоз мекунад

Экспресс-хадамоти байналмилалии почтаи “DHL” фаъолияти дубораи худро дар Тоҷикистон оғоз намуд. Дар ин бора, як масъули почта ба “Азия плюс” хабар додааст. Манбаъ гуфтааст, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи дубораи кор додааст ва онҳо шурӯъ аз 1 август ба фаъолият оғоз карданд.

– Ҳоло аз хориҷа мутахассисон омадаанд ва кормандонро ду ҳафта омӯзиш медиҳанд.  Идора ҳам дар паҳлӯи идораи “Почтаи тоҷик” омода аст. Корҳои таъмиру техникӣ рафта истодааст. Ба наздикӣ эълон пахш мекунем ва ба фаъолияти корӣ расман оғоз менамоем, – гуфтааст манбаъ.

Ба гуфтаи вай, DHL фаъолияти ояндаи худро  дар асоси стратегияе, ки пештар дар Тоҷикистон ба роҳ монда буд, идома хоҳад дод.

Аввали моҳи июни соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дафтарҳои кории чор ширкати бузурги байналмилалии хизматгузории почтавӣ – DHL, UPS, TNT, Pony Express муҳр зада, ин амалашро ба иҷозатнома нагирифтани ин ширкатҳо барои фаъолият маънидод карда буд.

Роҳбандии якмоҳа дар Душанбе барои тамрини паради низомии рӯзи Истиқлол

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии шаҳр аз 10 август то 7 сентябри соли равон қатъ мегардад.

Манбаъ, сабаби инро ба гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 авугсти соли 2021, №470 рабт медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саъди Шерозӣ) аз 10 то 26 август ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 21:00 ва дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 қатъ мегардад.

– Ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №29, микроавтобусҳои №19, 35 ва 58 тариқи кӯчаи Карамов, Низоми Ганҷавӣ ва ҳаракати автобуси хатсайри №22 ба воситаи хиёбони Рудакӣ ба роҳ монда мешаванд,-омадааст дар хабарнома.

Шаҳрдорӣ аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёти хоҳиш кардааст, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ва хиёбони И. Сомонӣ истифода баранд.

“Навиштааст, ки маро задӣ.” Парванда зидди модар бо гумони ба худкушӣ расондани духтар

Як занро дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, бо гумони ба худкушӣ расондани духтари чаҳордаҳсолааш дастгир кардаанд.

Мақомоти додситонии вилоят гуфтанд, ки Б.Т. пеш аз худкушӣ дар номае модарашро ба латукӯб ва паст задани шаъну эътибор муттаҳам намудааст. Пайвандони зан иттиҳомро беасос медонанд ва ба озод шудани ӯ талош доранд.

Дар ҳоле ки ҳодиса баҳори имсол рӯй додааст, масъулони додситонӣ гуфтанд, ҳанӯз ташхиси равонии зан ва санҷиши парванда ба поён нарасидааст. Гумонбари асосӣ, Муборак Гиёева, ҳоло дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ аст ва бояд аз ташхиси равонӣ бигузарад.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони вилояти Хатлон, дар охири моҳи июли имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, номаи пеш аз марги Б.-ро дар ҷойи хобаш ёфтанд ва он санади муҳимест, ки “вазъро бозгӯ мекунад”.

“Сухан дар бораи чанд ҳолати мунтазами латукӯб ва паст задани шаъну шарафи хонанда меравад. Дар он коғаз бениҳоят хуб навиштааст, ки кӣ ӯро зад ва бо чӣ зад. Аз модараш сар карда то аъзои дигари хонавода”, — гуфт Ваҳҳобов ба хабарнигорон. Вале аз ифшои ҷузъиёти дигар худдорӣ кард.

Ҳоло таҳқиқи ҳодисаро Шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии вилояти Хатлон ба уҳда дорад. Моддаи 109-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки марбути “ба худкушӣ расондан” аст, барои чунин амал аз се то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Вале хонаводаи зан ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доранд ва аз мақомот мехоҳанд, ки ӯро ҳарчи зуд озод кунанд. Ҷиҳонбӣ Исоева, модари Муборак Гиёева, чанд моҳ аст, ки дар мотаму ғамгинӣ нишастааст.

Олмон ба Тоҷикистон миқдори навбатии AstraZeneca мефиристад

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи кумаки аз ҷониби Олмон ваъдашуда ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта  ваксинаҳои зидди коронавирус мегиранд. Дар ин бора муовини намояндаи расмии Олмон Улрике Деммер рӯзи душанбе, 9 август дар Берлин изҳори назар кард, хабар медиҳад DW.

Ба гуфтаи ӯ, ба Тошканд ва Душанбе мутаносибан 355 200 ва 100 800 воя (доза)-и ваксина ҷудо мешавад. Кай ба ин кишварҳо расонидани ваксинаҳо ҳоло маълум нест.

Ба дигар кишварҳо – Судон (357 600), Эфиопия (271 200) ва Афғонистон (213 600) низ ваксина дода мешавад.

Дар бораи то охири сол дар навбати аввал таъмин кардани кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо 30 млн вояи ваксин аз ҷониби Олмон 21 май зимни Нишасти глобалӣ оид ба тандурустӣ дар Рим қарор қабул шуд.