Шумораи нафарони ваксинашуда дар Тоҷикистон ба 4 млн расид
Тибқи маълумоти Вазорати Тандурустии Тоҷикистон шумораи аҳолии вакнсинашуда дар Тоҷикистон ба марзи 4 миллион наздик мешавад.
Бино ба иттилои ин ниҳод то 10 декабр дар ҳудуди Тоҷикистон 3 млн 222 ҳазору 924 нафар (55,3%) шаҳрвандони кишвар алайҳи коронавирус ваксина зада шудаанд. Вояи дуюми воксинаро бошад то имрӯз ба 2 млн 677 ҳазору 138 (45,9%) нафар гузаронидаанд.
Дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ бояд 5млн 826 ҳазору 301 нафар бо ваксина фаро гирифта шаванд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар Душанбе маъракаи воксинзанӣ комилан иҷро шудааст.
Вазорати тандурустӣ омори аҳолии воксиншуда дар минтақаҳои дигари кишварро ин гуна пешниҳод кардааст:
ВМКБ. Бояд дар маҷмуъ 164736 нафар воксин зада шавад, ки аз ин 111173 (вояи аввал) ва 108337 (вояи дувум)-ро аллакай задаанд. Дар Хоруғ тақрибан нақшаи воксинзанӣ 100% иҷро шудааст.
Ноҳияҳои теби марказ. Бояд 1266775 нафар ваксина бизананд. Вояи якумро 576337 (45,5%) ва вояи дуввумро 495631 (39,1%) нафар задаанд.
Вилояти Хатлон. Бояд дар маҷмуъ 2045724 нафар ваксина зада шаванд, ки 1066432 (52,1%) нафар вояи якум ва 828709 (40,5%) вояи дувумро гирифтаанд.
Вилояти Суғд. Бояд дар маҷмуъ 1723160 нафар ваксина бизананд, ки вояи аввали ваксинаро 837376 (48,6%) ва дуввумро 618627 (35,9%) нафар задаанд.
Тоҷикистон варзишгарони хориҷиро аз андоз озод кард
Ҳукумати Тоҷикистон мураббиён ва бозигарони хориҷиеро, ки соли оянда аз хориҷ ба дастаҳои кишвар меоянд, аз пардохти молиёт озод кардааст.
Дар Қонуни буҷаи соли 2021, ки ҳамин ҳафта дар матбуоти дохилӣ нашр шуд, омадааст, мураббиён ва бозигароне, ки аз хориҷ барои рушди клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.
Дар қонуни мазкур омадааст, Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва воҳидҳои тобеи он ва дастаҳои футбол дар умум аз пардохти молиёт аз амволу нақлиёт озод ҳастанд.
Дар баъзе аз навоҳии Бадахшон интернет барқарор шуд
Дар бархе аз ноҳияҳои ВМКБ шабакаи интернет дастрас шудааст, аммо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилоят то кунун сокинон ба интернет дастрасӣ надоранд. Ҳоло интернет танҳо дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб дастрас асту халос.
Дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Роштқалъаву Ишкошим то кунун шабакаи интернет фаъол нашудааст. Интернет дар қисме аз вилоят шаби 9 ба 10-уми декабр дастрас шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо бо намояндагони эътирозгарони рӯзҳои 25-27-уми ноябр ваъда дода буданд, ки тамоси интернетиро дар қаламрави вилоят барқарор мекунанд.
Шабакаи интернет дар ВМКБ баъди сар задани эътирозҳо бар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа аз 25-уми ноябр дастнорас шуда буд.
Чанд рӯз пас аз ҳаводиси эътирозӣ интернети кабелӣ дар бархе бонкҳову ниҳодҳои Хоруғ дастрас гардид, вале мардум ба интернет, хусусан интернети мобилӣ дастрасӣ надоштанд.
Як гурӯҳ табибион аз ноҳияи Шаҳринав ба Русия кӯч бастаанд
Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Шаҳринав гуфтаанд, ки имсол даҳҳо табиб ва парастор кор дар шифохонаҳои ин ноҳияро бас карда, ба Русия рафтаанд.
Нашрияи “Садои Мардум”, минбари расмии порлумони Тоҷикистон, бо такя ба гуфтаҳои Ғиёсиддин Раҳимов, сартабиби беморхонаи марказии Шаҳринав навиштааст, дар умум, дар соли гузашта ва имсол 13 табиби шифохона барои кор ба Русия сафар карданд.
Ба қавли сартабиб, дар баробари онҳо, 32 парастор низ тарки пеша карда, 10 нафарашон бо аҳли хонавода ба Русия кӯч бастанд.
Толиб Аҳмадов, мудири Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Шаҳринав, ба “Садои Мардум” гуфтааст, дар 9 моҳи имсол 7 табиби болаёқати муассиса, аз ҷумла ҷарроҳон, урологҳо, табибони оилавӣ ва дандонпизишк барои кор ба Русия рафтаанд.
Дар хабар омадааст, ки сабаби тарки кор ва муҳоҷирати табибон музди кам, эҳтиёҷ ба хонаи хусусӣ ва санҷиши зиёду беасоси сохторҳои давлатӣ мебошад.
Ба сабаби муҳоҷират ба Русия, ҳоло ноҳияи Шаҳринав ба табибони оилавӣ, дандонпизишк, ҷарроҳ, осебшинос, табиби кӯдакон ва момодояву дигар мутахассисони тиб муҳтоҷ шудааст.