Шаҳрвандони Тоҷикистон барои рабудани ҳамватанашон дар Қазоқистон боздошт шудаанд

Дар Қазоқистон 6 шаҳрванди Тоҷикистон барои рабудани ҳамватанашон боздошт шудаанд

6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон бо гумони рабудани ҳамватанашон барои ба даст овардани 20 ҳазор доллар боздошт шудаанд, хабар медиҳад КазТАГ бо истинод ба ВКД Қазоқистон.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Алмаато як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд. Дар бораи нопадид шудани шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон як ҳамватани ӯ ба милитсия хабар дод”, – омадааст дар хабар.

Ин мард гуфтааст, дӯсташ рӯзи 13-уми август ба вохӯрӣ рафта, дигар барнагаштааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаеро, ки дар он шаҳрванди рабудашударо дар асорат нигоҳ медоштанд, муайян карданд.

“Дастаи таъйиноти махсуси милитсия амалиёт гузаронида, дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар, ҳамватани худро рабудаанд, дастгир кард.

Онҳо ӯро лату кӯб намуда, ба навор гирифтаанд”,- гуфтааст сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили департаменти милитсияи Алмато Жанат Нургалиев.

Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели одамрабоӣ (моддаи 125 КҶ Қазоқистон) боз шудааст.

Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Skip to toolbar