Дар қаъри Сирдарё. Гурӯҳи моҳидорон ва шикорчиёни зериобии Хуҷанд кистанд  

Дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи моҳидорон ва шикорчиёни зериобӣ фаъол аст, Баҳром Аминов дар он чеҳраи шинохта аст. Ӯ маъмури гурӯҳи “Моҳидорӣ ва шикор дар Хуҷанд” дар паёмрасони WhatsApp мебошад. Дар он ҷо моҳидорон ва шикорчиёни зериобии дарёи Сир хабарҳои нав ва маълумоти гуногунро  бо ҳам тақсим мекунанд. Баҳром аслан дар бозори “Сомон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба савдои пойафзоли занона машғул мебошад. Сарфи назар аз ин, ба моҳидорию шиноварӣ дар қаъри об, ки аз кӯдакӣ ба ин шуғлҳо меҳр баста буд, имрӯз низ содиқ аст.

Муаллифи Your.tj  бо Баҳром Аминов ҳамсуҳбат шуда, дар бораи фаъолияти гурӯҳи моҳидорон ва шикорчиёни зериобӣ, муҳимияти тоза нигоҳ доштани оби дарё, олами зебои таги об ва саҳмгузории ин гурӯҳ дар ёфтану наҷот додани ғарқшудагон пурсон шуд.

Қаъри  Сирдарё чӣ гуна аст?

Вақте Баҳром барои моҳидорӣ ё шикори зериобӣ ба дарё меравад, чӣ хел сипарӣ шудани вақтро нофаҳмида мемонад. Барояш дарё ҷоест, ки ҷисману рӯҳан оромиш меёбад. Аллакай, 10 сол боз ӯ бо шикори зериобӣ  машғул аст. Либосҳои махсуси ғаввосӣ ва дигар асбобҳои шикориро аз шаҳри Москва дастрас мекунад.

“Дар таҳи об ҳаёт дигар аст. Он рангорангӣ, зебоӣ ва аҷоиботи махсус дорад. Баъзан ҳар шаб таги об медароям. Аз наздикии пули “Амон” таҳи оби дарё  мефароям. Бо мавҷи об то соҳили микроноҳияи 12-уми шаҳри Хуҷанд рафта мерасам, ки то тай кардани ин масофа  3 соат  зиёдтар вақт сарф мешавад.

Дар зери оби дарёи Сир моҳиҳои зағорамоҳӣ (сазан), лаққамоҳӣ (сом), амури сафед, капури ялаққосӣ (толстолобик), бурутмоҳӣ (усач) ва ғайраҳо вомехӯрад. Дар вақти шикор ба даруни ҳаёти ҷонварони обӣ ворид мешавам.  Аз пешам тӯдаи моҳиҳои гуногун мебарояд, ки вазни бештари онҳо аз ним килограмм зиёд нест. Аҷоиб аст, ки моҳӣ инсон (шикорчии зериобӣ)-ро  дар таҳи об бинад, намегурезад. Ба онҳо шинокунон даст мерасонам. Моҳиҳо аз расиш  наметарсанд. Баръакс, аз пушти ман меоянд.  Аҷоибот аст”, – бо эҳсос нақл кард шикорчӣ.

Бино ба гуфти Баҳром, дарёи Сир бештар чуқурии то 3-4 метр дорад, боз дар баъзе ҷой чуқурии то  10-12 метр низ мавҷуд аст. Ӯ то имрӯз аксари кунҷу канори дарёи Сирро, сар карда аз поёни Нерӯгоҳи барқии обии Қайроқум то    то поёнтари пули “Дӯстӣ” (пули Хитой) хуб омӯхтааст.

Об ва соҳили ифлоси дарё чӣ зарар дорад?

Баҳром Аминов аз шаҳрвандон, бахусус, аз онҳое, ки дар назди соҳили дарёи Сир зиндагӣ мекунанд, хоҳиш дорад, ки ахлоту пасмондаҳоро ба дарё напартоянд. Ӯ аз мушоҳида гуфт, ки имрӯз дар лаби соҳил ва зери дарё халтаҳои полиэтиленӣ, зарфҳои пластикӣ, латтапораҳо ва дигар маводи сахти истифоданашаванда зиёд шудааст. Мутаассифона, на ҳар кас меандешад, ки  раво дидани номеҳрубонӣ ба табиат чӣ оқибатро дар пай дорад.

“Тавре мебинем, аксари мардуми деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ахлоту пасмондаҳояшонро ба дарё мепартоянд. Албатта, барои онҳо манзараи дилнокаше, ки дар зери об аз ҷамъ шудани партов пайдо мешавад,  ноаён аст. Мо, шикорчиёни зериобӣ эҳсос мекунем, ки  дар зери об ашёҳои партофташудаи халтапеч зиёд шудааст. Ба чунин амал даст задан сабаб мешавад, ки  моҳиҳо ба касалиҳои гуногун дучор шаванд. Ҳамзамон, партовҳои ҷамъшуда  ба кори  наҷотдиҳандагон, ки ғарқшудагонро мекобанд, халали зиёд ворид мекунад”, – бо дареғ гуфт Баҳром.

Гурӯҳи “Моҳидорӣ ва шикор дар Хуҷанд” дар паёмрасонии WhatsApp беш аз 200 моҳидор аз Хуҷанд ва гирду атрофи онро ба ҳам овардааст. Бо ташаббуси қаҳрамони мо аҳли гурӯҳ ба наздикӣ тасмим доранд, ки ҳарду тарафи соҳили  дарёро аз партов тоза кунанд.

“Мо, аҳли гурӯҳ бо ҳам дӯстони хубем. Агар ягон амали хайр аҳлона ба сомон  расонданӣ бошем, миёни мо албатта ҳамовозӣ ҳамеша мешавад. Вақте ба тоза кардани дарё мебароем гӯем, “не” намегӯянд. Нақша дорем, ки аз мавзеи Наврӯзгоҳи шаҳр то микроноҳияи 12-ум ҳарду  тарафи соҳили дарёро тоза кунем”, – афзуд Баҳром.

Ҷустуҷӯи ғарқшудагон – кори савоб

Дар гурӯҳи моҳидорон ва шикорчиёни зериобии шаҳри Хуҷанд 10 нафар шиновари пуртаҷриба ҳастанд. Онҳо маҳорату қобилияти дар ҳавои номусоид ба қаъри об шино карданро омӯхтаанд. Яке аз онҳо Музаффар ном дорад.

Маҳз ӯ беш аз як моҳ  духтараки ғарқшуда – Сафияхонро дар рӯйи об ва зери об ҷустуҷӯ кард. Ба сардии -3, -4 ⁰С-и  ҳаво нигоҳ накарда, ба ҷустуҷӯ мебаромад. Бояд гуфт, ки Музаффар ба шаҳри Душанбе ва ҳамсоякишвари Ӯзбекистон низ даъват мешавад, то барои ёфтани ғарқшдуагон кӯмак кунад.

“Ба дӯстон пешинҳод кардам, ки аз барои савоб Сафияхонро ба ҷустан бароем. Онҳо қабул карданд. Духтаракро аз маркази шаҳри Хуҷанд то минтақаи наздисарҳадии Бекобод ба таври рӯйиобӣ ва зериобӣ ҷустуҷӯ кардем. Дӯсти мо, Музаффар-ако дар вақти кофтан  хунук мехӯрд, чунки либосаш он қадар мувофиқ набуд. Аз Москва либоси махуси зимистона ба маблағи 36 ҳазор рубл харидем, то Музаффар-ако ҷустуҷуро давом диҳад. Аҳли гурӯҳ мехостем, ки кори хайре кунем”, – шарҳ дод маъмури шикорчиёни зериобӣ.

Тавре маълум шуд, ин гурӯҳ пештар низ барои наҷот додани ғарқшудагон кӯмак мекардаанд. То соли 2015 низ бо истифода аз имконият барои ҷустани ғарқшудагон ба таври ихтиёрӣ ёрӣ медоданд. Он вақт ин хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ  расонаӣ намешуд.

Нақшаҳо барои ояндаи гурӯҳ

Ба гурӯҳи моҳидорон ва шикорчиёни зериобӣ  ҳамроҳ шудан ягон мамониат нест. Шасхи хоҳишманд имкон дорад, ки ба сафи онҳо пайваст шуда, аз нозукиҳои моҳидорӣ ва шино кардан дар зери обро омӯзад.

Имрӯз, аллакай, шикорчиёни  беш аз 20 шогирдро тарбия кардаанд. Шикорчиёни навкор дар аввалҳо ба дарё танҳо рӯзона ва на он қадар чуқур шино мекунанд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста  ба дунёи зериобӣ дил баста, вориди ин олами аҷоибот мешаванд.

“Мушоҳида мешавад, ки ҳар сол ашхоси зиёде дар дарё ва кӯлу обанборҳо ғарқ мешаванд. Албатта, наздикони онҳо ба ёрӣ ниёз пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, мо тасмим дорем, ки дар оянда ширкат барои наҷоти ғаршудагон таъсис диҳем. Ҳамзамон, соле 1-2 бор миёни моҳидорон мусобиқаҳои гуногун роҳандозӣ кунем. Масалан,  ба моҳидори калонсолу ҷавоне, ки моҳии калон медорад, туҳфаҳои хотирмон тақдим мекунем. Ин мусобиқаҳоро ба навор  гирифта, тариқи шабакаи  иҷтимоии YouTube пахш мекунем, то ҳавасмандон зиёд шаванд”, – изҳор дошт Баҳром.

Ривоҷ додани мактаби устоду шогирд

Баҳром Аминови 35-сола зодаи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ хонандаи на он қадар фаъоли мактаби  № 13-и  деҳа буд.   Қариб ҳар рӯз ба моҳигирӣ мерафт.  Дар ин шуғл тағояш – Тӯхтабой Ашӯровро устоди худ  мешуморад. Маҳз ин шахс чашми ҷиянашро дар моҳигирӣ пухта карда, ё ба қавле дасташро то ҷое рост кардааст.

Имрӯз қаҳрамони мо мактаби устоду шогирдиро давом дода, писараш – Умедҷонро моҳидорӣ меомӯзонад. Падар дар симои писаракаш наврасиҳои худро мебинад ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дар чашми Умедҷон шуълаи завқу шавқи моҳидорӣ хомӯш шавад.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar