Яроқу муҳимоти ҷангии аз террористон мусодирашуда

“Дар арафаи ҷашни Истиқлол мехостанд амалҳои террористӣ анҷом диҳанд”. КДАМ амалиёти зиддитеррористӣ анҷом додааст

Се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ шаби 29 ба 30-юми август, бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ  дар ҳудуди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хати сарҳади  Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз  ба таври ғайриқонунӣ вайрон намуданд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

Акс аз АМИТ “Ховар”

“Субҳи 5 сентябр, дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд”,- омадааст дар иттилоъ.

Вале тавре хабар дода мешавад, террористон ба амри кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдоштаашон оташ кушоданд.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се нафар аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд.

“Маълум карда шуд, ки дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд”,- хабар медиҳад КДАМ.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ ба миқдори зиёд силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд:

  • 5 адад автомати Калашников;
  • 2 силоҳи снайперии М-16 (истеҳсоли ИМА);
  • 1 карабини М-4 (истеҳсоли ИМА);
  • 1 таппончаи тамғаи “JF” (ИМА);
  • 1 таппончаи “Беретта” (Италия);
  • 2 таппончаи СZ Р07 (Чехия);
  • 9 норинҷаки дастии Ф-1;
  • 4 норинҷаки дастии GP М-67 (бо ҳалқача);
  • 22 тирдони автомат Калашников  ва АК-7,62;
Акс аз АМИТ “Ховар”
  • 31 тирдони М-16;
  • 10 адад тирдони таппонча;
  • 448 дона тири 7,62 мм;
  • 2 632 дона тири 5.56 миллиметра;
  • 477 дона тири таппончаи 9 миллиметра;
  • 50 дона тири таппончаи «Глок»;
  • 2 адад дурбини автомати М-4;
  • 1 адад дурбини шаббини автомати М-16;
  • 1 адад асбоби лазерии нишонгири автомати М-4;
  • 4 адад садохомӯшкунаки  (глушители) автомати М-4;
  • 30 адад пластид (маводи таркандаи S-4 (истеҳсоли ИМА)), бо имконоти тахрибии махсусан калон;
  • 162 капсул-детонатори тамғаи «Shan»;
Акс аз АМИТ “Ховар”
  • 5 адад воситаи тарконандаи махсус;
  • 2 адад таҷҳизоти идоракунандаи фосилавии маводи тарканда;
  • 1 рулон таноби оташбар;
  • 1 асбоби ченкунии электронии моҳворавии мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавии ҳадафи мавриди назар;
  • 105 адад батареяҳои электронии қувватдиҳанда;
  • 2 соати электронии идоракунии маводи тарканда;
  • 1 соати механикии танзимкунандаи маводи тарканда;
  • 3 бастаи сими махсус барои пайвастсозӣ ба маводи тарканда  (дарозии ҳар кадом ба андозаи 150 метр);
  • 1 дурбини шаббин;
  • 1 дурбини одӣ;
  • 4 ратсияи “ICOM” ;
  • 2 ратсияи “Кобра”;
  • 4 антенаи захиравии ратсия;
  • 1 қувватдиҳандаи батарея;
Акс аз АМИТ “Ховар”
  • 5 ноқили USB;
  • 1 ноқили AUX;
  • 2 микросхема барои идоракунии маводи тарканда;
  • 5 флешкорт;
  • 10 ҳазор доллари ИМА;
  • дору ва воситаҳои тиббӣ;
  • адабиёти динӣ-ифротӣ;
  • дафтарҳои аъзоёни гурӯҳи террористӣ бо харита, нишонаҳо, рӯйнависҳои тарзи омода кардани маводи тарканда, шаклҳои ҷойгир кардани онҳо дар шароити хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ, макони серодам ва дигар санадҳо.
Акс аз АМИТ “Ховар”

Кумита дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда  ва ҷасади террористон муайян кардааст, ки онҳо аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд. Ҳамчунин, шахсияти онҳоро низ ошкор кардааст.

Акс аз АМИТ “Ховар”
  1. Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби «Усмон»), зодаи ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”;
  2. Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш “Абу Мусъаб”), зодаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод;
  3. Қосимов Аҳтам Султонович (лақабаш “Убайда”), зодаи шаҳри Кӯлоб.
Акс аз АМИТ “Ховар”

Гуфта мешавад, нисбат ба аъзоёни гурӯҳи террористии мазкур қаблан бо моддаи 401 прим 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”) парванда оғоз гардида, номбурдагон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.

Акс аз АМИТ “Ховар”

“Таҳлил ва арзёбии далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки ин амалиётҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсус мақсаднок тарҳрезӣ  шудаанд. Гурӯҳҳои террористии мазкур таҳти роҳнамоии чунин сохтор омодагии ҷангӣ дидаанд. Бо силоҳу муҳиммот, маводи тарканда таъмин ва ҳамчунон маблағгузорӣ гардидаанд”,- менависад КДАМ.

Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Ёдовар мешавем, қаблан 26-уми апрели соли ҷорӣ низ Кумита аз ворид шудани 2 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба хоки Тоҷикистон ва дар натиҷаи гузаронидани амалиёти безарар гардонидани онҳо хабар дода буд.

Ҳамчунин, шаби 28-уми апрел низ аз рахна шудани сарҳади давлатии Тоҷикистон аз ҷониби 8 нафар гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ хабар дода буданд. Гуфта мешуд, онҳо ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик дучор шуда, се нафарашон боздошт шуданд. Вале боқимонда ба тарафи Афғонистон фирор карданд.

Skip to toolbar