Дар қаҳвахонаи “Одилон”-и Исфара 22 нафар пас аз истеъмоли хӯриш заҳролуд шуданд

Дар шаҳри Исфара 22 нафар сокинон пас аз истеъмоли хӯрок дар қаҳвахонаи маъруфи “Одилон” заҳролуд гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарашон дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар бораи заҳролуд ва бистарӣ шудани сокинон котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов дар Facebook хабар додааст.

Ба гуфтаи яке аз пизишкони беморхонаи марказии шаҳри Исфара, ин нафарон пас аз истеъмоли хӯриш заҳролуд шудаанд.

“Якчанд рӯз қабл ба шӯъбаи сироятии беморхона 22 нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ муроҷиат карданд, ки айни ҳол 10 нафарашон бистарӣ мебошанд. Табобати ин беморон пурра ройгон ба роҳ монда шудааст”, – гуфт пизишк ба Your.tj.

Вобаста ба заҳролудшавии сокинон, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар як ҷаласаи корӣ ба роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ дастур додааст, ки табобати нафарони заҳролудшуда пурра ройгон ба роҳ монда шавад.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода/Акс аз маркази матбуотии дастгоҳи раиси шаҳри Исфара

“Ҳамзамон шаҳрдори Исфара аз масъулин қотеъона талаб намуд, ки гунаҳкорони ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шуда, фаъолияти сохторҳои санитарию эпидемиологӣ ва бехатариии озуқаворӣ дар самти назорати вазъи беҳдоштии тарабхонаву ошхонаҳо ва нуқтаҳои савдою марказҳои хизматрасонӣ пурзур карда шавад”, – навиштааст Шомадов дар Facebook.

Сокинони шаҳр имрӯз, 9 август дар суҳбат ба Your.tj гуфтанд, ки айни ҳол дари қаҳвахонаи “Одилон” барои муштариён баста аст.

Skip to toolbar