Чиптаҳо арзон шуданд. Талаботи масъулинро ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ иҷро карданд?

“Андоз аз Google” манбаи даромади дигар барои буҷа аст

Кумитаи андози Тоҷикистон таъкид доштааст, ки андозбандии ширкатҳои “Google”, “Facebook”, “Apple” ва “Microsoft” имконият медиҳад, то ба буҷети давлатӣ як манбаи дигари даромад пайдо шавад.

Имрӯз интернет на танҳо барои ба даст овардани иттилоот истифода мешавад, балки бо истифода аз он хизматрасонии зиёди пулакӣ амалӣ мегардад, гуфтааст Каъбатулло Меликзода, муовини раиси Кумитаи андоз дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”. Вай афзудааст, ки чунин хизматрасониҳоро, асосан, ширкатҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд, ки бо сабаби номукаммал будани қонунгузорӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд намегиранду аз андозсупорӣ берун мемонанд.

Ба гуфтаи ӯ, тағийрот ба фаъолияти ширкатҳои ватание, ки хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, умуман, таъсир намерасонад.

Тибқи гузориши охири Кумитаи андоз, аллакай, Facebook, Google Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc худро дар портали andoz.tj ба қайд гирифтаанд.

Ултиматуми 2-рӯзаи Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия чӣ натиҷа дод?

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба гумони ғолиб, талаби сохтори масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистонро иҷро намуда, билетҳоро ба хатсайрҳои чартерӣ арзон карданд. Аз хазинаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон дар бораи поинравии арзиши билети парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия хабар доданд.

“Пештар билет ба парвозҳои чартерии гуногун аз 11 ҳазор то 15-16 ҳазор сомонӣ нарх доштанд, лекин чанд рӯзи ахир арзиши онҳо то 9 ҳазор сомонӣ поин рафт. Масалан, билет ба хатсайри самти Хуҷанд-Маскав 8,5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад”, – гуфтанд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшӣ.

Дар дигар хазинаи билетфурӯшӣ гуфтанд, ки билет ба парвозҳои чартерӣ аз Душанбе то Маскав тамом шуда, он аллакай то моҳи июн фурӯхта шудааст. Вазъият дар хатсайрҳои доимӣ ба Маскав низ чунин аст: дар хазинаҳо ба ин хатсайрҳо умуман билет нест.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон вазъи вобаста ба талабашон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро расман шарҳ надоданд ва маълум нест, ки он иҷро шудааст ё не. 22 апрел мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карданд, ки дар зарфи ду рӯз нархи билетҳои ҳавопаймоиро поин баранд, вагарна Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби онҳо чораҳои дахлдор меандешад.

Пешниҳоди интиқоли муҳоҷирони тоҷику узбек ба Русия тавассути роҳи оҳан

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод кардааст, ки барои интиқоли муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Русия, роҳҳои оҳан боз шаванд. Матбуоти русӣ аз қавли Жириновский менависад, беҳтар мебуд “агар ширкатҳои сохтмонӣ бо ташкили қатораҳои махсус муҳоҷиронро ба маҳалли корашон мерасониданд”. Ба андешаи ӯ, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ “онҳоро боз ҳам тариқи ҳамин поездҳо ба ватан бозгардонанд”.

Ин сиёстамадори рус дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд, ба оилаҳои тоҷикону ӯзбек, ки аксаран кишоварзанд, “метавон дар деҳоти Русия имкони зиндагиро фароҳам овард”. Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон бо мақомоти Русия масъалаи барқарор гардидани ҳаракати қатораҳоро тавассути роҳи оҳан баррасӣ мекунанд. Масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам гуфтанд, мунтазири иҷозати кишварҳои ҳамсоя барои шурӯи рафтуомад ҳастанд.

АМА Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳои “сабз” ворид кард

Шурӯъ аз 25-уми апрел, он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Аморати Муттаҳидаи Арабистон сафар мекунанд, аз карантини ҳатмии 10-рӯза озод мешаванд. Дар ин бора матбуоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар медиҳад. Тоҷикистон дар баробари Русия ва Ӯзбекистон ба руйхати кишварҳои “сабз” аз назари пандемия дохил карда шуданд.

Аммо мусофирон бояд бо худ ҳатман ташхиси манфии COVID-19-ро дошта бошанд. Ташхиси такрорӣ баъди вуруд ба кишвар супорида мешавад. Айни замон, Тоҷикистон талаботро нисбати мусофироне, ки аз Истанбули Туркия ва Кобули Афғонистон меоянд, сахттар кард. Мусофирони ин хатсайрҳо бояд аз санҷиши махсус гузашта, инчунин аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд.

Ҳамагӣ 4 варзишгар ба ҷоизаи президент шарафёб гардиданд

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ,варзишгарони беҳтарини соли 2020,  ҳамагӣ ба 4 нафар варзишгар тақдим карда шуд.

Гуштингирон Муҳаммад Икромов ва Ҳикматтуло Воҳидов барои ба даст овардани медали нуқра дар Чемпионати Осиё-2020 аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ ҳар кадом бо 50 000 сомонӣ (10 000 ба мураббӣ) сарфароз гардиданд. Инчунин Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов, ки дар ин чемпионат медали биринҷӣ ба даст оварданд, ҳар кадом соҳиби 25 000 сомонӣ (5 000 сомонӣ ба мураббӣ) шуданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 36 варзишгар аз рӯи 10 навъи варзиш ба ҷоизаи президент соҳиб шуда буданд. Соли 2018 рекордӣ шуда буд: дар ин сол 69 нафар ҷоизаи президентро гирифтанд.

Дар семоҳаи аввал “Барқи тоҷик” пули ҳамагӣ 32,4%-и барқи “Сангтӯда-1”-ро пардохт

Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” давоми моҳҳои январ-марти соли равон ба ШСХК “Барқи тоҷик” зиёда аз 556 млн кВт/соат неруи барқ фурӯхт, гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1”. Мувофиқи нишондоди нақшавӣ, ШСХК “Барқи тоҷик”, ки ягона харидори барқи ин неругоҳ боқӣ мемонад, дар ин давра бояд 605 млн кВт/соат неруи барқ мегирифт.

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ НБО “Сангтӯда-1” ҳамагӣ 38,7% аз иқтидори насбшудаашро истифода бурдааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 44,5%-ро ташкил дода буд.

Гуфта мешавад, семоҳаи аввали соли равон қарзи “Барқи тоҷик”ба миқдори 135,96 млн сомонӣ (каме зиёдтар аз 12 млн доллар) афзудааст.

Ба ҳолати 31 марти соли 2021 қарзи умумии ширкат назди неругоҳ 1,73 млрд сомонӣ (зиёда аз 153 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Таҳдиди то 4 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия

Дар вилояти Тюмен ба як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон то 300 ҳазор рубл ҷарима ва ё то 4 соли зиндон таҳдид мекунад, менависад матбуоти русӣ.  Муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди дар рӯйхатти сиёҳ будан бо ному насаби нав 7 маротиба ба Русия сафар кардааст.

Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки ҷавони тоҷики муттаҳамро соли 2015 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аз ин кишвар берун карда, барои 5 сол аз ҳаққи вуруд маҳрум намуданд. Аммо ӯ дар Тоҷикистон ному насаби худро иваз карда, аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи марти соли 2018 гузаргоҳҳои марзиро убур кардааст. Соли гузашта ӯ дар шаҳри Нижневартовск барои гирифтани патент ҳуҷҷат месупорад ва бар асоси изи ангуштон дар ҷустуҷӯ эълон мешавад. Муҳоҷири тоҷикро моҳи гузашта дар шаҳри Сургут дастгир карданд.

Skip to toolbar