Амир Охунов беш аз 10 сол дар Русия ҳамчун табиби бемориҳои чашм фаъолият дорад. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирск дар дармонгоҳи хусусии “Пузиревский” корномаи тиббии худро шурӯъ кард.
Амир дар муддати кӯтоҳ аз як табиби навкор ба сатҳи мутахассиси масъулиятдор расид. Ҳоло дар самтҳои офталмологияи кӯдакон, ислоҳи нуқсҳои узви биноӣ, микроҷарроҳии чашм таҷриба андӯхтаааст.
Муаллифи Your.tj бо ин ҷавони тоҷик дар бораи вижагиҳои таҳсил дар соҳаи тиб, ҳангоми донишҷӯӣ кор кардан дар беморхона, тарзи дурусти муносибат бо бемор, омилҳои ба наздикбинӣ гирифтор шудани насли нав ва роҳҳои рафъи хастагии чашм суҳбат кард.
Таҳсил дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Новосибирск
Амир Охунов барои таҳсил Донишгоҳи тиббии шаҳри Новосибирски Русияро интихоб кард. Ба бовари ӯ, аз зодгоҳ берун таҳсил кардан чанд чиҳатҳои мусбат дорад. Мисол, дар раванди таълим бо намояндагони миллатҳои гуногун шинос шудан имкон фароҳам меорад, ки сифатҳои шахсӣ беҳтар шавад.
“Соли аввали таҳсил дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Новосибирск осон набуд. Аз наздикон дур будан мушкил будааст. Боз таҳсил бо забони ғайр низ каме душвор. Ба ин бовар будам, ки забони русиро хуб медонам, вале дар оғоз бо ин забон аз худ кардани маводи илмӣ бо мушкилӣ сурат гирифт”,- ба ёд овард ҷавони тоҷик.
Ба гуфтаи Амир, донишҷӯи риштаи тиббро зарур меояд, ки маводи калонҳаҷми илмиро дар муддати кӯтоҳ аз худ кунад. Масалан, дар курсҳои аввал анатомия, физиология, биохимия ва дигар фанҳоро меомӯзанд.
Дар ҳар фан донистани терминҳо, системаҳо ва равандҳои зиёд талаб мешавад. Мисол, барои тайёр шудан ба имтиҳони фанни анатомия мебояд, шабона ҳам дарс тайёр кунанд.
Дарсҳои амалӣ ва фаъолият ҳамчун бародари тиббӣ
Қаҳрамони мо баъд аз соли 3-юми таҳсил имтиҳони миёнаи кадрҳои тиббиро муваффақона супорида, гувоҳномаи бародари тиббиро соҳиб шуд. Пасон то хатми зинаи ординаторӣ дар шуъбаи урологияи беморхонаи шаҳри Новосибирск кор кард.
“Кори бародари тиббӣ қисми ҷудонашавандаи таҳсил буд. Рӯзона ба дарс мерафтем, шабона ба кор. Як манфиати кор кардани донишҷӯ дар он аст, ки баъди адои таҳсил барояш интихоби ихтисос осон меафтад. Аз ҷиҳати молиявӣ ҳам киссаи донишҷӯ холӣ намемонад”,- илова кард духтури ҷавон.
Вай дар шуъбаи урология ҳамчун бародари тиббӣ беморонеро, ки ташхиси саратони марҳилаи охир, натиҷаи маргбор доштанд, нигоҳубин мекард.
Ҳатто дар пеши чашмонаш беморон мефавтиданд. Дар он лаҳзаҳо фаҳмид, ки дар баробари духтур будан боз ба маънои том инсон мондан чӣ қадар зарур аст. Дар тибб, махсусан, соҳаи чашмпизишкӣ покдилӣ ва эҳсоси ҳамдардӣ (эмпатия) низ хеле муҳим будааст.
“Офталмология маро ба худ мафтун кард”
Ҷавони тоҷик зимни таҳсил дар чанд амалиёти ҷарроҳӣ ишитрок кард. Зеро ба ҷаррроҳ шудан ҳавас дошт. Аммо айни ширкат дар амалиёти ҷарроҳӣ худро на он қадар хубу роҳат ҳис кард. Дарк кард, ки ин самт ба ӯ мувофиқ нест.
“Дар курси 5-ум мехондам, ки профессор Владимир Лантух аз фанни офталмология дарс мегуфт. Ӯ дар бораи амалияи соҳааш хеле рӯҳангезона нақл мекард. Онҳо дар дармонгоҳ ба бемороне, ки аз осеби узвҳои биноӣ азоб мекашанд, кӯмак расонида, амалиёти ҷарроҳии беназири чашмонро анҷом медоданд. Баъди дарси аввалаш ба соҳаи офталмология ҳавасманд шудам” – қисса кард Амир.
Ҷавони тоҷик маҳз пас аз шунидани лексияҳои профессор Лантух ба маҳфили офталмология номашро сабт кард. Кӯшиш кард, то мунтазам дар ҳар нишастҳои маҳфил ширкат кунад. Дар чанд амалиёти ҷарроҳӣ чашм низ иштирок кард.
Фаҳмид, ки офталмолог будан кори масъулиятнокест. Дастгирии беморон ва расонидани ёрии психологӣ ба онҳо қисми муҳими кори офталмологҳо будааст.
“Барои духтури чашм даҳшату фоҷиа ин аст, ки бемор хатари гум кардани қувваи биноиро дорад. Хушбахтона, аз бемориҳои чашм камтар мефавтанд. Барои мо гум кардани биноии бемор монанди он аст, ки ҷарроҳ ҷони ҷарроҳишавандаро аз даст медиҳад”,- изҳор дошт табиби чашм.
Як қолаби нонавишта дар миёни духтурон
Амир Охуновро мебоист, ки пас аз хатми зинаи ординаторӣ ва гирифтани диплом корномаи муваффақ созад. Ӯ нахост, ки дар беморхонаи давлатӣ кор кунад. Ҳарчанд имконият ва ҷойи холии корӣ дар шуъбаи офталмологияи беморхонаи шаҳри Новосибирск ё дар нуқтаи осебшиносии чашм вуҷуд дошт.
“Дар ҷомеаи меҳнатии табибон як стереотип мавҷуд аст, ки табиби нав аз курсии донишҷӯӣ хеста бояд, дар беморхонаи давлатӣ кор кунад, то таҷриба андӯхта тавонад. Гӯё танҳо баъдан метавонад, ки дар клиникаи хусусӣ ба кор гузарад.
Дар дармонгоҳи хусусӣ ҳам метавон таҷриба андӯхт, агар дар паҳлӯи духтури навкор мутахассисони таҷрибадор бошанд. Бо тавсияи кураторам Татяна Ким дар ҷои ба худам писанд соҳиби ҷойи кор шудам”,- афзуд табиби тоҷик.
Дар оғози кор барояш Константин Пузиревский, ки устоди соҳаи худ аст, роҳнамои беминнат шуд. Таҷрибае, ки дар соҳаи микроҷарроҳии чашм аз худ кард, маҳз ба шарофати ӯст. Бо устодаш ҳар мушкилоти дар фаъолият пайдошавандаро муҳокима мекунад.
Қабули аввалин бемор ва натиҷаи мусбати табобат
Вақте ки Амир Охунов рӯзи аввал дар дармонгоҳи “Пузиревский” ба кор баромад, ҳамагӣ 3 бемор барои қабул сабтином шуда буд. Барояш рӯзи нахустини корӣ ва қабули аввалин бемор фаромӯшнашаванда буд.
“Дар мулоқоти аввалин бо бемор ташхиси биноиро гузаронидам, ки пур аз хавотирӣ буд. Ҳаяҷонзада будам. Он рӯз бемори 7 соларо қабул карда будам, ки акнун ба синфи 1 рафтааст. Чашмҳои кӯдак дурбинӣ ва нишонаҳои астигматизм дошт. Дар ин ҳолат биноиши чашми халалдор мешавад”,- шарҳ дод мутахассис.
Ба он кӯдаки бемор айнак ва табобат таъин кард. Барои барқарор кардани сатҳи биноӣ дар ин синну сол вақти бештар зарур будааст. Баъди чанд соли табобат сатҳи биноии бемор хуб шуд. Натиҷаи табобат, ки чанд сол давом ёфт, бемор ва ҳам духтурро қонеъ кард.
Сабаби асосии наздикбин шудани наврасон дар чист?
Кӯдакон аксар вақт дар мактаб наздикбин мешаванд. Маҳз ҳангоми таҳсил ба чашми кӯдак сарборӣ меафзояд. Аксар вақт биноӣ баъди синфҳои 1-2 коҳиш меёбад.
Ба андешаи Амир Охунов дар паст шудани он айбдор кардани дастгоҳҳои рақамӣ, ки кӯдакон тамошои экрани онҳоро дӯст медоранд, дуруст нест.
“Масъалаи асосӣ дар он аст, ки кӯдак чӣ қадар вақтро бо гаҷетҳо мегузаронад. Боз риоя кардани масофа аз экрани гаҷетҳо муҳим аст. Онро ба чашм наздик бурдан зарур нест. Сабаби асосии дигар ин норасоии рӯшноии табиии рӯзона дар хона аст.
Агар кӯдак дар хона вақти зиёд гузаронад, ба кӯча кам барояд, эҳтимоли пастшавии биноиаш зиёд аст. Чаро қаблан кӯдакони айнакдор камтар буданд? Онҳо қаблан дар кӯча бештар бозӣ мекарданд, на ин ки чун имрӯз дар хона бо гаҷетҳо машғул буданд”,- тавзеҳ дод табиби тоҷик.
Барои хаста накардани чашмон чӣ бояд кард?
Чашм ҳангоми хондани китоб ва ҳам айни кор бо дастгоҳҳои рақамӣ хастагӣ эҳсос мекунад.
“Барои кам кардани сарборӣ ба биноӣ тавсия мешавад, ки ҳар 20 дақиқа ба кори чашмҳо танаффус диҳед. Ба объекте, ки дар масофаи тақрибан 5 метр ва дуртар ҷойгир аст, дар муддати 20 сония нигоҳ кунед.
Таъмини рӯшноии мувофиқ дар хона ва ҷойи кору таҳсил низ зарур аст. Рӯшноии мувофиқ метавонад барои пешгирии сарбории зиёдатӣ ба биноӣ кӯмак кунад. Ба масофаи то китоб, дафтар, дастгоҳи рақамӣ бояд аҳамият дод. Масофаи ҳадди аққал миёни чашм ва объект 33-40 см бояд бошад”,- фаҳмонид Амир Охунов.
Ба маҷмӯаи машқҳо барои барқарор кардани биноӣ, ки блогерон таъсири сеҳрнок доштани онро дар наворҳои худ мегӯянд, қаҳармони мо чунин назар дорад:
“Дуруст аст, ки он амалҳо барои барқарор кардани биноӣ равона шудааст. Албатта, бо иҷрои онҳо ҳолати системаи биноиро беҳтар кардан мумкин, вале он роҳи табобат нест”.
Рушди соҳаи офталмология дар Тоҷикистон ба чӣ алоқаманд аст?
Рушди технологияҳо, тадқиқоти илмӣ ва корбасти усулҳои муосири табобат имкон медиҳанд, ки ташхис ва табобати амрози чашм ба таври назаррас беҳтар гардад. Дар Тоҷикистони ҳам соҳаи офталмология дар роҳи рушд аст.
“Танҳо чизе, ки ба андешаи ман, дар Тоҷикистон кам ба назар мерасад, гузаронидани конференсияҳои илмӣ дар соҳаи офталмология аст. Маҳз дар конференсияҳо хулосаи таҳқиқоти илмии охирин, озмоишҳои клиникавӣ, натиҷаҳои табобати бемориҳои мушкил шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Иштирокдорони он ба саволҳои худ посух ёфта, дониши касбиашонро ғанитар мегардонанд. Дар кишвари мо боз ҳам баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ зарур аст”, – андеша дорад табиби ҷавон.
Сипос ба волидону омӯзгорон
Қаҳрамони мо табиб шудани худро ба шарофати модараш – Мастон Охунова медонад. Аслан, духтур шудан орузи кӯдакиаш набуд. Дар оилаи онҳо касе ба соҳаи тибб алоқаманд набуд.
Вақте дар синфи 8 таҳсил мекард, маҳз модар бо суханони рӯҳбахш мегуфт, ки агар табиб шавад, ба қадри саломатӣ мерасад ва ҳам ба дигарон кӯмак мекунад, то онро нигоҳ дошта тавонанд.
“Мақсад гузоштам, ки духтур мешавам. Бо шарофати омӯзгорони фанни физика Зарипов ва риёзӣ Бобоев тавонистам, ки тафаккури риёзӣ дошта бошам. Инкишофи зеҳнӣ ва доштани маҳорати фикррони мантиқӣ асос шуд, ки дар донишгоҳ таҳсили бобарор дошта бошам”,- афзуд Амир Охунов.
Ҳанӯз 14 сол қабл аз Ватан дур шуду ба Русия барои таҳсил рафт. Ӯ орзу дорад, ки дар рушди тибби кишвараш саҳм гузорад.
“Вақте ҳамчун табиби пуртаҷриба ба Ватан бармегардам, дар вуҷуди худ қаноатмандии бузурге эҳсос хоҳам кард. Имрӯз ман духтури навкорам ва дар марҳилаи ташаккулу рушд ҳастам. Кори худро дар клиникаи “Пузиревский” дӯст медорам”,- хулоса кард духтури тоҷик.
Файзуллохон Обидов