Системаи номукаммал: Чаро занони ҳомиладори осебпазир дар Ӯзбекистон бе кӯмак мемонанд

Мадина (ном иваз шудааст) бо ду фарзандаш дар як ҳуҷраи хобгоҳ, ки шароити муносиб надошт зиндагӣ мекард. Дар бораи ҳомиладории сеюми худ ӯ танҳо дар моҳи чоруми обистан будан огоҳ шуд. Зан қарор кард, ки ҳомиладориашро қатъ намояд. Ҳатто барои он роҳхат ҳам гирифт, аммо аз сабаби пулакӣ будани исқоти ҳамл ӯ маблағи заруриро пардохт карда натавонист ва маҷбӯран кӯдакро дар батнаш нигоҳ дошт.

Пас аз таваллуд Мадина дар шароите қарор гирифт, ки имкони нигоҳубини кӯдакро надошт. Аз ин сабаб ӯ маҷбур шуд аз фарзандаш ҷудо шавад. Дар ниҳоят, навзод ба тарбияи оилаи дигар супорида шуд.

Талошҳои Мадина барои беҳтар кардани шароити зисташ ба натиҷа нарасид. Вай ба ҳокимияти ноҳия муроҷиат кард, аммо посухи рад гирифт. Масъулон ин қарорро бо он шарҳ доданд, ки қаблан ба ӯ манзиле бо масоҳати 18 метри мураббаъ ҷудо шуда буд, ва бинобар ин барои кӯмакҳои иловагӣ асос намебинанд.

Дар  як  марҳила, Мадина аз мадди назари хадамоти иҷтимоӣ берун монд. Кӯмаке, ки метавонист ба он умед бандад, ба дасташ нарасид.

Ин ҳикоя бар пояи маълумоти созмони «Ишонч ва ҳаёт», ки ба афроди бо ВИЧ зиндагикунанда кӯмак мерасонад, омода шудааст. Худи Мадина аз додани мусоҳиба худдорӣ кардааст, зеро метарсад, ки баромади оммавӣ дар ВАО метавонад боиси ошкор шудани бемориаш гардад.

Ҳаёти Мадина истисно нест. Ин воқеа равшан нишон медиҳад, ки система танҳо дар рӯи қоғаз амал мекунад. Дар натиҷа, бисёре аз занон, сарфи назар аз мавҷуд будани барномаҳои расмӣ, дар ҳаёти воқеӣ аз ин кӯмакҳо бенасиб мемонанд.

Дар Ӯзбекистон, ёрии тиббӣ барои шахсони гирифтори нашъамандӣ ва ВИЧ аз ҷониби қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ танзим карда мешавад . Аммо, худи  хадамотҳо алоҳида фаъолият мекунанд.

Мутахассисони нашъамандӣ, марказҳои ВИЧ ва акушерҳо қариб бо ҳам ҳамкорӣ надоранд. Дар натиҷа, занон маҷбур мешаванд аз як дар ба дари дигар раванд ва  бисёре аз онҳо, сарфи назар аз мавҷуд будани барномаҳои расмӣ, дар ҳаёти воқеӣ аз ин кӯмакҳо бенасиб мемонанд.

Чаро занон бе кӯмаки тиббӣ мондаанд?

Якчанд сабаби асосӣ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо тарс аст. Бисёре аз занон аз муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ метарсанд: аз қайд гирифтан, аз эҳтимоли маҳрум шудан аз ҳуқуқи модарӣ ва ҳамчунин аз таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Аз ҳамин сабаб, онҳо баъзан ҳомиладорӣ, вазъи ВИЧ ё нашъамандии худро пинҳон мекунанд ва дар натиҷа бе кӯмаки зарурии тиббӣ мемонанд.

Дуюм, набудани системаи ягонаи ҳамроҳӣ. Дар амал ягон сохтор вуҷуд надорад, ки беморро аз аввал то охири табобат пайгирӣ ва роҳнамоӣ кунад. Агар зан дар яке аз марҳилаҳо аз назар берун шавад, аксар вақт дигар касе ӯро ҷустуҷӯ ё равандро идома намедиҳад

Сеюм, набудани қоидаҳо ва протоколҳои муайян барои табибон. Дар бисёр ҳолатҳо роҳнамоҳои дақиқ ва омӯзиши кофӣ вуҷуд надорад, ки ба духтурон имконият диҳад бо чунин ҳолатҳои мураккаб дуруст ва боэътимод кор кунанд.

Ба гуфтаи директори созмони «Ишонч ва ҳаёт» Сергей Учаев, дар натиҷа ё табобат умуман оғоз намешавад, ё раванди он қатъ мегардад. Дар чунин ҳолат занон бе назорати доимии тиббӣ мемонанд.

Ин ҳолат ба чӣ оварда мерасонад?

Вақте ки хадамотҳо байни худ ҳамоҳанг нестанд, занон миёни муассисаҳо дар ҳолати бетаваҷҷӯҳӣ мемонанд. Дар чунин шароит онҳо на табобати доимӣ мегиранд ва на дастгирии иҷтимоии зарурӣ.

Ба ин вазъият доғи иҷтимоӣ ва тарси аз даст додани кӯдак низ илова мешавад. Дар натиҷа, бисёре аз занон умуман аз муроҷиат ба кӯмак худдорӣ мекунанд.

Чиро метавон тағйир дод?

Коршиносон ба якчанд роҳҳои ҳалли калидӣ ишора мекунанд. Аввалан, хидматрасонӣ бояд муттаҳид карда шавад. Нигоҳубини беморони мубталои ВИЧ, табобати нашъамандӣ ва таваллуд бояд ҳамчун як системаи ягона, фаъолият кунанд.

Дуюм, ҷорӣ намудани низоми ҳамроҳии беморон. Барои ҳар як зан бояд мутахассиси масъул таъин шавад, ки ӯро аз давраи ҳомиладорӣ то давраи баъд аз таваллуд пайваста роҳнамоӣ ва назорат кунад.

Сеюм, таҳияи қоидаҳои дақиқ ва протоколҳои мушаххас барои табибон. Мавҷудияти дастурҳои фаҳмо ва омӯзиши мунтазам ба духтурон имкон медиҳад, ки бо чунин ҳолатҳои мураккаб бо эътимод ва самаранокии бештар кор кунанд.

Масъалаи алоҳида таъмини амнияти худи занон мебошад. Муроҷиат ба кӯмаки тиббӣ набояд бо ҷазо ё хатари аз даст додани кӯдак алоқаманд бошад.

Шаффофият ва назорат низ аҳамияти муҳим доранд, аз ҷумла ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин раванд.

Муносибатҳои байналмилалӣ

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, занони ҳомиладор ва ширдеҳе, ки маводи мухаддир истифода мебаранд, бояд мисли дигар занон ба кӯмаки тиббӣ баробар дастрасӣ дошта бошанд.

Онҳо набояд аз низоми тандурустӣ берун монанд. Кӯмак бояд ихтиёрӣ, махфӣ ва бар асоси розигии огоҳонаи худи шахс расонида шавад.

Қазияи Мадина нишон медиҳад, ки мушкил дар набудани қонунҳо нест. Асосан мушкил дар он аст, ки низом ҳамчун як маҷмӯи ягона ва пайваста кор намекунад.

То замоне, ки хизматрасонии хадамотҳо пароканда ва ҳамоҳангии онҳо нокифоя боқӣ мемонад ва занон аз муроҷиат ба кӯмак тарс доранд, чунин саргузаштҳо такрор ба такрор рух медиҳанд. Паёмади ин холигӣ на танҳо ба худи занон, балки ба сарнавишти фарзандони онҳо низ таъсир мерасонад.

Anhor.uz

Skip to toolbar