Чаро дар Тоҷикистон доруҳои бе самаранокии исботшуда фурӯхта мешаванд

Имрӯз аз 20 доруи зиддивирусие, ки дар Тоҷикистон маъмул ва серсавдоянд, 17-тоаш бесамар мебошанд. Системаи назорати фармасевтӣ танҳо таркиби дору ва ҳуҷҷатҳои марбутро месанҷад, аммо исботи муътамади самаранокии онҳоро талаб намекунад.

Бемористонҳои давлатӣ дар кишвар доруҳоеро мехаранд, ки дар рӯйхати доруҳои муҳиму ҳаётан зарурии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) нестанд. Дар протоколҳои расмии муолиҷаи зуком ва бемориҳои шадиди вирусии роҳи нафас вазъ боз ҳам нигаронкунанда аст: беш аз нисфи доруҳои тавсияшуда ё самарабахш нестанд, ё ба гурӯҳи маводи ғизоии иловагӣ (БАД) ва доруҳои гомеопатӣ шомиланд.

Дар Тоҷикистон системаи назорати фармасевтӣ чӣ гуна кор мекунад?

Пас аз фурӯпошии ИҶШС, Тоҷикистон бидуни низоми назорати доруҳо монд Пештар ин салоҳиятҳо Вазорати тандурустии ИҶШС дошт. Ҷумҳурии навтаъсис тавонист танҳо соли 1996 системаи назорати фармасевтии худро ташкил диҳад.

Дар шароити набудани озмоишгоҳ ва мутахассисон, ин низом бар асоси эътимод ба қарорҳои кишварҳои ҳамсоя кор мекард. Агар дору дар Русия ё Украина иҷозаи истифода медошт, он ба фурӯш дар Тоҷикистон роҳ дода мешуд.

Дар як мусоҳибаи муфассал фармаколог Назрулло Саидов, ки солҳои 1996–2000 Маркази давлатии илмии экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фармасевтиро роҳбарӣ мекард, ба Your.tj роҷеъ ба тарзи санҷиши самаранокии доруҳо дар он давра чунин гуфт:

“Масалан, як миқдор дору аз як корхонаи дорусозии украинӣ ворид шуд. Барои ҳар дору рӯйхати нишондиҳандаҳои муайян дорам, ки бояд биозмоям. Дар аввал, ҳатто озмоишгоҳ надоштам, он вақт ба маълумоте такя мекардам, ки корхона пешниҳод менамуд, тарзи воридоти доруҳоро ба ҷумҳурӣ назар мекардам ва маълумоти мақоми назоратии кишвари истеҳсолкунандаро месанҷидам”,- ёдовар шуд Саидов.

Имрӯз бошад, истеҳсолкунанда ё намояндаи расмии он бояд ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ – маҷмӯи санадҳо бо маълумоти илмӣ, пешклиникӣ ва клиникӣ дар бораи дору, инчунин намунаҳои он барои таҳлилро пешниҳод кунад.

Мутахассисон таркиби химиявӣ, равандҳои истеҳсол ва натиҷаҳои озмоишҳои то клиникӣ ва клиникиро, ки самаранокӣ ва бехатарии доруро исбот мекунанд, арзёбӣ мекунанд.

Аммо дар қонун талаботи дақиқ нисбат ба исботи самаранокӣ ва тарҳрезии озмоишҳои клиникӣ ҳангоми бақайдгирии дору пешбинӣ нашудааст. Мафҳуми “зинабандии далелҳо” низ вуҷуд надорад, ки бояд ба натиҷаҳои озмоишҳои назоратшавандат тасодуфӣ (РКИ) чун “меъёри тилоӣ”-и исботшаванда афзалият диҳад.

Чӣ гуна мустақилона метавон санҷид, ки дору самаранок аст ё не?

Владислав Ледовский, духтури терапевт ва сармуҳаррири лоиҳаи илмии оммавии “Пей Таблетки” шарҳ медиҳад, ки чаро муваффақияти ибтидоии дору дар шароити лабораторӣ ҳанӯз кафолати самаранокии он барои инсон нест:

“Дору метавонад воқеан молекулаи фаъоли муайян дошта бошад ва дар марҳилаҳои ибтидоӣ, масалан, дар тадқиқоти то клиникӣ дар ҳайвонот ё дар озмоишгоҳ (пробирка) таъсир гузорад. Аммо вақте ба организми инсон ворид мешавад, он метавонад фаъол набошад, зеро бадани инсон нисбат ба намунаи одии ҳуҷайравӣ хеле мураккабтар сохта шудааст”.

Ба гуфтаи мутахассис, мисоли равшани ин мушкил доруҳои зиддивирусӣ мебошанд. Самаранокии онҳо метавонад бо мурури вақт коҳиш ёбад, зеро вирусҳо ба воситаи мутатсия (тағйирёбии генетикӣ) муқовимат пайдо мекунанд.

“Таҳқиқоти ахир нишон медиҳад, ки оселтамивир, машҳур бо номи тиҷоратии «Тамифлю», сода карда гӯем, самаранок нест. Эҳтимол, дар гузашта таъсир дошт, вале вируси зуком ба ин дору муқовимат пайдо кардааст”,- мегӯяд Владислав Ледовский.

Дар моҳи январи соли 2025, маҷаллаи JAMMA, ки ба панҷгонаи беҳтарин маҷаллаҳои илмии соҳаи тиб ва илм дохил мешавад, мета-таҳлили 73 тадқиқотро бо иштироки 34 332 нафар нашр кард. Натиҷаҳо нишон доданд, ки доруҳои зиддивирусӣ дар муолиҷаи зуком бесамар мебошанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, истифодаи оселтамивир, ки як замон ҳатто аз ҷониби СҶТ тавсия мешуд, хавфи бистаришавиро коҳиш намедиҳад, вале эҳтимоли дилбеҳузурӣ ва қайкуниро зиёд мекунад.

Дар бораи дигар доруҳои зиддивирусӣ, Ледовский таъкид мекунад, ки тарҳрезии озмоишҳои клиникӣ метавонад нодуруст бошад, ки ба ин сабаб натиҷаҳо аҳамияти клиникӣ надоранд. Ин вақте рух медиҳад, ки доруи навро на бо усулҳои беҳтарини мавҷудаи муолиҷа, балки бо доруи беасар муқоиса мекунанд. Чунин ҳолат бо тадқиқоти “Арбидол” шуда буд, вақте як гурӯҳро бо “Арбидол” табобат карданд ва гурӯҳи дигарро бо бовар:

“Дар ҳаёти воқеӣ бемориҳои шадиди вирусии роҳи нафасро ин гуна табобат намекунем, табобати симптоматикиро истифода мебарем, масалан, “парацетамол” ё ибупрофен медиҳем. Агар «Арбидол»-ро бо «парацетамол» муқоиса мекардем, мувофиқтар мебуд. Зеро чунин дору (Арбидол) аҳамияти клиникии воқеӣ надорад, чунки мо аллакай воситаҳои хуб омӯхташуда дорем, ки ҳамин аломатҳоро коҳиш медиҳанд. Дар ниҳоят, мо муқоиса мекунем: аз як тараф доруе, ки сатҳи пасти асоснокӣ дорад, аз тарафи дигар «парацетамол», ки самаранокиаш яқин аст”,- меафзояд Ледовский.

Бо истифода аз манбаъҳои бозе, ки маълумотро аз пойгоҳҳои тиббӣ ҷамъоварӣ мекунанд, масалан, MedIQlab, метавон самаранокии асосёфтаи доруро санҷид.

Агар ба маълумотномаи «Парацетамол» назар кунем, хизматрасонӣ нишон медиҳад, ки самаранокии он бо ҳазорон тадқиқоти клиникии тасодуфӣ (РКИ) ва 137 мета-таҳлил аз манбаъҳои бонуфуз, аз қабили PubMed ва Cochrane исбот шудааст. Ғайр аз ин, «парацетамол» ба рӯйхати доруҳои ҳаётан муҳим аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) шомил аст.

Барои «Арбидол» тасвир тамоман дигар аст. Хизматрасониро ҳамагӣ 28 РКИ ва 1 мета-таҳлил пайдо мекунад. Ин дору ба ҳеч кадом рӯйхати СҶТ шомил нест. Дар бахши махсуси “Андешаи мутахассис” мумкин аст шарҳи мухтасареро бихонем, ки чаро тадқиқотҳои мавҷуда кифоя нестанд ва СҶТ ҳанӯз соли 2004 зикр карда буд, ки онҳо ба меъёрҳои тиббии дорои асоси далелӣ ҷавобгӯ нестанд.

Самаранокии исботшуда танҳо вақте эътироф мешавад, ки он натиҷаи садҳо ва ҳазорон таҳқиқоти илмии бо стандартҳои қатъӣ анҷомёфта бошад. Яъне, дору бояд се марҳилаи озмоиши клиникиро гузарад: аввал санҷиши бехатарӣ дар гурӯҳи хурди одамон. сипас санҷиши самаранокӣ дар садҳо бемор ва ниҳоят муқоисаи он бо усулҳои муолиҷаи мавҷуда дар ҳазорҳо иштирокчӣ.

Танҳо доруҳое, ки ин марҳиларо бо муваффақият паси сар мекунанд, воқеан самаранок ҳисобида мешаванд.

Миқёси мушкилот

Дар Тоҷикистон, бар хилофи Қазоқистон, маълумоти боз ва расмии бозори доруҳо дар бораи доруҳое, ки бештар фурӯхта мешаванд вуҷуд надорад. Барои фаҳмидани вазъ, мо ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дархост ирсол кардем, то маълумоти ҷамъбастшуда дар бораи 20 доруи маъмултарини ҳама гурӯҳҳо, инчунин 20 доруи зиддивирусии бештар фурӯхташуда дар моҳи апрели соли 2025-ро пешниҳод кунанд.

Ҳамзамон, чунин дархост ба 9 дорухонаи бузурги кишвар низ фиристода шуд: Аптека Ватан, Санта Русс, Salomati.tj, Муҳаммад-А, ОСОН-ФАРМ, Сифат Фарма, Aslpharm, Тиббии Тоҷик (Solim.tj) ва Дусти Фарм (Salomat.tj).

Вазорати тандурустӣ ба дархост ҷавоб надод. Аз байни ҳамаи дорухонаҳо танҳо Salomat.tj розӣ шуд ва рӯйхати 20 доруи зиддивирусии маъмул дар шабакаи дорухонаҳои худро фиристод.

Аммо аз он рӯйхат танҳо 3 дору, тибқи маълумоти MedIQlab, самаранокии исботшуда доранд, инҳо: “Валацикловир” ва “Ацикловир” дар шакли ҳаб ва малҳам.

Доруҳои беасоси илмӣ ҳатто ба протоколҳои расмии муолиҷаи Вазорати тандурустӣ роҳ меёбанд.

Масалан, дар Маҷмӯаи қоидаҳои клиникӣ оид ба ташхис ва табобати беморон дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ, барои муолиҷаи грипп ва бемориҳои вирусии роҳҳои нафас (ОРВИ) истифодаи “Анаферон” ва “Афлубин” тавсия дода мешавад, инҳо дорувориҳои гомеопатӣ мебошанд, ки ҳатто як молекулаи моддаи фаъол ҳам надоранд.

Дар асл, онҳо бовари гаронбаҳо ё чизҳои бесамаранд, ки нархашон дар дорухонаҳои Тоҷикистон аз 40 то 77 сомонӣ мерасад.

Ҳанӯз соли 2017 Комиссияи зидди илми бардурӯғи Академияи илмҳои Русия “Анаферон”-ро ба рӯйхати “гомеопатияи пинҳонӣ” шомил карда буд. Аммо, ҳатто дар худи Русия онро ҳоло ҳам ҳамчун доруи зиддивирусӣ мефурӯшанд.

Илова бар ин, дар протоколҳои муолиҷа ба ҷойи номҳои байналмилалии ғайритиҷоратӣ, номҳои тиҷоратии доруҳо оварда шудаанд.

Дар бисёре аз кишварҳо истифодаи номҳои брендӣ дар тавсияҳои миллӣ ва дорухатҳо бо қонун манъ аст. Ба гуфтаи Владислав Ледовский, чунин таҷриба принсипҳои асосии таъйини доруҳоро вайрон мекунад:

“Ман дар ҳайратам, ки дар кишвари шумо номи тиҷоратиро истифода мебаранд. Ин як навъ манфиатҷӯии ошкоро аст”.

Ӯ таъкид мекунад, дар Русия механизмҳое ҳастанд, ки ба духтур имкон медиҳанд қарорро дуруст қабул кунад:

“Ҳатто вақте ки дар тавсияҳои клиникии Русия барои калонсолон доруҳое бо самаранокии шубҳанок оварда мешаванд, барои онҳо сатҳи пасти исботи илмӣ ва тавсия нишон дода мешавад. Духтур мебинад, ки таъйини чунин дору ҳатмӣ нест ва он бар пояи далелҳои боэътимод асос надорад”,- мегӯяд духтури терапевт.

Аммо, ба гуфтаи коршинос, дар баъзе протоколҳо, доруҳои шубҳанок бе ҳеч ишора ба камбуди далел оварда шудаанд:

“Масалан, агар ба тавсияҳои клиникӣ дар мавриди инсулт назар кунем, мебинем, ки ноотропҳо низ дохиланд. Дар он ҷо низ аллакай истифодаи чунин доруҳоро бе ишора ба сатҳи пасти исбот иҷозат медиҳанд”.

Мувофиқи Қонуни “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, духтурон уҳдадоранд дар дорухат танҳо номи байналмилалии ғайритиҷоратии доруро нависанд. Ин барои он пешбинӣ шудааст, ки манфиатҳои истеҳсолгарони мушаххас тарғиб нашавад ва ба бемор дар интихоби дору дар дорухона интихоби озод дода шавад.

Мушкил боз ҳам ҷиддитар мешавад, чунки доруҳои беасоси илмӣ на танҳо дар протоколҳо тавсия дода мешаванд, балки беш аз пеш аз ҷониби муассисаҳои давлатии тиббӣ харидорӣ мешаванд.

Таҳлили маълумотҳои хариди давлатӣ нишон медиҳад, беморхонаҳои Тоҷикистон маблағҳои буҷавиро барои доруҳое харҷ мекунанд, ки ба меъёрҳои байналмилалии муолиҷа шомил нестанд.

Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон кадом доруҳоро мехаранд?

Тибқи маълумоти хариди давлатӣ, беморхонаҳои шаҳрӣ ҳазорҳо ампулаи “Актовегин”, “Церебролизин” ва “Пирацетам” мехаранд, ки инҳо доруҳои ноотропӣ ҳастанд (гӯё қобилиятҳои маърифатӣ — хотира, диққат, қобилияти омӯзиш ва кориро беҳтар мекунанд).

Онҳо дар кишварҳои ИДМ маъмуланд, вале асоси илмии муътамад надоранд ва дар кишварҳои аврупоӣ ва ИМА истифода намешаванд.

Беморхонаҳо ҳамчунин “Анаферон”, “Виферон”, “Глицин”, “Линкас” ва “Мукалтин” харидорӣ мекунанд. Ҳамаи ин доруҳо низ самаранокии исботшудаи илмӣ надоранд.

Ҳатто агар фарз кунем, ки онҳо зарарнок нестанд, хариди онҳо исрофи захираҳои маҳдуди низоми тандурустист, ки метавонистанд барои хариди дорувориҳои воқеан муассир, антибиотикҳо ё таҷҳизоти муосири тиббӣ масраф шаванд.

Комрон Парпиев, табиби асабшинос ва коршиноси тибби асосёфта, таъкид мекунад, ки таъйини бисёре аз ноотропҳо ва доруҳои оромбахши машҳур аксаран асосе надорад.

“Масалан, “глицин”-ро гирем, онро бисёр вақт барои ором кардани асабҳо ё беҳтар кардани хотира таъйин мекунанд. Вале вақте ки он ба организм ворид мешавад, молекулаҳои “глицин” наметавонанд аз монеаи хуну мағз – филтре, ки моддаҳои зарарнокро аз расидан ба мағз бозмедорад, гузарад.

Агар “глицин” ҳатто ба мағз нарасад ҳам, маҳз ба он бояд таъсир расонад, пас интизор доштани ягон таъсир ба системаи асаб маъное надорад”,- шарҳ медиҳад асабшинос.

Ҳамасола Тоҷикистон ба маблағи 76 миллион доллар маҳсулоти фарматсевтӣ ворид мекунад.

Ҳамзамон, Русия, ки дар он бисёре аз доруҳои зиддивирусии беасоси маъруфи ИДМ истеҳсол мешаванд, баъди як кишвари дигар дуюмин воридкунандаи бузург ба бозори доруҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи терапевт Владислав Ледовский, ҷомеаи табибон, гоҳе ҳатто бо нияти нек, истифодаи чунин доруҳоро тасдиқ ва қонунӣ ҷило медиҳанд:

“Мутаассифона, маҳз табибон то андозае ба тасдиқи афсона дар бораи самаранокии чунин доруҳо мусоидат кардаанд. Гап маҳз сари нияти бад ё ҳамдастӣ бо ширкатҳои дорусозӣ нест. Аксар вақт табибон бо самимият чунин доруҳоро таъйин мекунанд, бо умеди он ки ба бемор кӯмак мекунанд ё ин амалашонро бо таъсири бовар сафед менамоянд. Вале вақте табиб барои бемор шахсияти боэътимод аст, беасос чунин доруро таъйин мекунад, ӯ бо ҳар дорухат чунин ақидаи бардурӯғро дар ҷомеа мустаҳкам мекунад, ки гӯё ин дору таъсири воқеӣ дорад. Бемор бовар мекунад, ба дигарон тавсия медиҳад ва дафъаи дигар худаш хоҳиш мекунад, ки он доруи шинос, вале бетаъсирро барои ӯ нависанд”.

Табиӣ маънои бехатар буданро надорад

Дар ҷомеа ақидаи маъмуле вуҷуд дорад, ки доруҳои гиёҳӣ, яъне онҳое, ки дар асоси растаниҳо таҳия шудаанд, ба хотири “табиӣ” буданашон пурра бехатаранд. Вале, бар хилофи доруҳои синтетикӣ, таркиби кимиёвии маводи гиёҳӣ хеле душвор назорат мешавад ва он ба бисёр омилҳо вобаста аст: намуди хок, иқлим ва муҳити нашъунамо, тарзи ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳо.

Невролог Комрон Парпиев таъкид мекунад, ки табибон наметавонанд таъсири аниқ ва вокунишҳои номатлуби чунин маводро пешбинӣ кунанд:

“Мо аксар вақт намедонем, ки дар таркиби ин маводи гиёҳӣ кадом моддаҳои фаъоли кимиёвӣ ҳастанд ва чӣ миқдор. Вале ҳатто агар бидонем ҳам, аксари чунин маводҳо ягон тадқиқоти клиникии босифатро нагузаштаанд. На аз лиҳози самаранокӣ, на аз ҷиҳати бехатарӣ”,- мегӯяд Парпиев.

Яке аз маводи гиёҳие, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ барои ҳама гуна мушкилиҳои қалбӣ васеъ истифода мешавад, ин Корвалол аст. Вале дар таркиби он моддае бо номи фенобарбитал мавҷуд аст – моддаи психотропӣ, ки таъсири оромбахш ва хобовар дорад.

Фенобарбитал дар бисёр кишварҳои дунё мамнӯъ аст, зеро он ба Рӯйхати миллии моддаҳои нашъадор ва психотропӣ шомил аст, метавонад таъсири манфии ҷиддӣ расонад ва вобастагӣ хеле зуд ба вуҷуд меояд.

Илова бар ин, Корвалол то имрӯз ягон таҳқиқоти илмии ҷиддиро нагузаштааст, ки самаранокии онро собит кунад.

“Мушкили асосӣ дар он аст, ки Корвалол метавонад бо дигар доруҳо ҳамтаъсир шавад ва истеъмоли зиёди он боиси боздоштани нафаскашӣ гардад,- мегӯяд Ледовский. – Фенобарбитале, ки дар таркиби он мавҷуд аст, доруи воқеист, вале истифодаи он барои дил ва асабҳо фикри шубҳанок аст”.

Як мисоли дигар, ки таъсири ғайриинтизор ва хатарноки маводи гиёҳиро нишон медиҳад, ин таъсири гиёҳи чойкаҳак (Hypericum perforatum) аст, ки онро бисёриҳо бидуни маслиҳати духтур истифода мебаранд.

Чойкаҳак метавонад самаранокии доруҳои зиддиҳамлиро хеле кам кунад, ки дар навбати худ метавонад боиси ҳомиладории ғайринақшавӣ гардад.

Ғайр аз ин, чойкаҳак самаранокии доруҳои зиддивирусӣ барои табобати ВИЧ-ро кам мекунад ва бо даҳҳо доруи дигар низ ҳамтаъсир мешавад.

Паҳншавии васеи доруҳое, ки самаранокии онҳо исбот нашудааст, дар Тоҷикистон як мушкили системавӣ ба ҳисоб меравад.

Қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки доруҳо бидуни далелҳои боэътимоди самаранокӣ сабт шаванд. Дар натиҷа чунин доруҳо озодона ба фурӯш мебароянд, онҳо ҳатто аз тарафи бемористонҳои давлатӣ харида мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо, расман ба протоколҳои табобат ворид мегарданд.

Табибон, гоҳе бо нияти неки кӯмак, доруҳоеро таъйин мекунанд, ки фоида надоранд.

Беморон, ки ба онҳо бовар доранд, пулро ба табобати бесамар сарф мекунанд ва ҳамин тавр ба устувор шудани афсона дар бораи самаранокии чунин воситаҳо мусоидат мекунанд.

Барои аз ин вартаи хатарнок берун шудан танҳо ба худ саволи одиро диҳед, ки оё табобате, ки ба шумо таъйин шудааст, воқеан самаранок ва бехатар аст?

Мо барои шумо як викторинаи кӯтоҳ омода кардем, то фаҳмед, ки чӣ қадар принсипҳои тибби асосёфтаро медонед. Номи байналмилалии ғайритиҷоратии доруҳо (МНН) чист? Чаро гомеопатия таъсир намекунад? Кадом нишонаи асосии протоколҳои боэътимоди клиникӣ вуҷуд дорад.

Тести моро гузаред ва бифаҳмед, ки оё шумо омода ҳастед, дар дорухона интихоби огоҳона кунед:

 

 

Маводи аввал ва дуюмро аз силсилаи “Тибби исботшуда” (“Доказательная медицина”)-ро дар ин пайвандҳо хонед.

Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод” (CARAVAN) таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи муаллиф, Навруз Каримов, вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.

Тарҷумаи мутобиқгардонида аз забони русӣ, шакли аслии матлабро дар ин ҷо хонед.

Skip to toolbar