fbpx

Чаро дар Тоҷикистон барои ҳама муҳим аст, ки зан чӣ мепӯшад? Чӣ гуна стереотипҳо сарҳадҳои шахсиро рахна месозанд

Чӣ гуна стереотипҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ба занон таъсир мерасонанд ва ҳамчун воситаи фишор овардан ба онҳо истифода мешаванд.


-1
-1 points
Акс аз саҳифаи хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Дар ҷомеаи Тоҷикистон таърихан либос дар ташаккули ақидаи ҷамъият дар бораи инсон, бахусус зан нақши муҳим дорад.

Ба ин ақидаҳо меъёрҳои динӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва тағйироти сиёсӣ, аз ҷумла давраи шӯравӣ, ки дар он либос ба манфиати дунявият аз нав дида баромада шуд, таъсири калон расонданд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳуқуқи интихоби либос ҳамчун ҳуқуқи инсон дар Эъломияи умумии ҳуқуқҳои инсон ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ эътироф шудааст, ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба занон муқаррар мекунад, ки чӣ гуна либос пӯшанд.

Либоси маҳкам аксар вақт танқид мешавад, онро аз ҳад зиёд динӣ, кӯҳна ё бегона ба меъёрҳои фарҳангӣ медонанд. Аз тарафи дигар, шорт ё доманро (юбка) метавонанд ҳамчун нишонаи дастрас будани духтар фаҳманд, ки фишорро ба занон афзоиш медиҳад ва онҳоро маҷбур мекунад, ки ҳангоми интихоби либос ҳамеша ақидаи ҷамъиятро ба назар гиранд.

Либоси миллии тоҷикӣ унсури муҳими мероси фарҳангӣ, рамзи ҳувият ва мансубият ба фарҳанги тоҷикӣ мебошад. Куртаҳои аз матоъҳои адрасу атлас ва дигар матоъҳо дӯхташуда аз қабили онҳо мебошанд, ки бо ҷилои хос ва нақшунигори гуногун фарқ мекунанд. Ин куртаҳо аз рӯи қоида дӯхти васеъ доранд ва аксар вақт бо сарпӯшҳо, ба монанди рӯймол ё тоқӣ ба бар карда мешаванд.

Аммо дар ҷаҳони муосир занон мехоҳанд ба таври гуногун либос пӯшанд.

“Нисбат ба либосҳои миллӣ хеле мусбат назар мекунам, худам низ онҳоро мепӯшам. Хеле зебо ва қулай ҳастанд, махсусан дар тобистон бо иқлими мо. Аммо ман на танҳо либоси миллӣ, балки вобаста ба табъу завқ либосҳои гуногун мепӯшам. Дар фасли зимистон, албатта, либоси тоҷикиро бо шим пӯшида намешавад”,- мегӯяд Фарзона Саидзода, яке аз ҳаммуаллифони лоиҳаи Tell me sister.

Лоиҳаи Tell me sister (Ба ман нақл кун, хоҳар) ба қиссаи заноне, ки бо харассменти кӯчагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бахшида шудааст. Азбаски лоиҳа байни духтарон ҳамовозӣ пайдо кард ва онҳо қиссаҳои худро фиристоданд, ҳатто баъзеҳо аз бе номи мустаор фиристоданд, муаллифон тасмим гирифтанд, ки майдони фаъолияти худро васеъ кунанд. Ҳоло тими Tell me sister инчунин корҳои маърифатноксозӣ анҷом медиҳанд, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои ҳузурӣ ташкил мекунанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Tell Me Sister (@tellme_sister)

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Tell Me Sister (@tellme_sister)

Нашрҳо бо тасвирҳо дар бораи он ки зан бояд чӣ пӯшиданашро худаш интихоб кунад, муаллифони лоиҳаи онлайнӣ нашр карданд яке аз сермуҳокиматаринҳо шуд.

Онҳо аввалин намоишгоҳ-инсталлясияи “Ту чӣ пӯшида будӣ”-ро дар таҷрибаи худ баргузор карданд. Дар он либосҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки духтарони онҳоро ба бар дошта мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Лоиҳаи What Are You Wearing бори аввал 31 марти соли 2014 дар Донишгоҳи Арканзаси ИМА баргузор гардидааст. Мақсади намоишгоҳ муқобилат бо стереотипи либос сабаби зӯроварии ҷинсӣ мебошад, ки онро барои айбдор кардани ҷабрдида истифода мебаранд.

Мақсади намоишгоҳ мубориза бо виктимблейминг ва нишон додани нодурустии муҳокимаи либоси ҷабрдидагон дар натиҷаи озори ҷинсӣ аст.

“Мардум аз дидани либосҳои кӯдакона, либоси мактабӣ, либосҳои маҳками тоҷикӣ, ҳиҷоб, футболка, ҷинси писарбачаи наврас ва ғайра дар ҳайрат монданд. Зеро вақте сухан дар бораи озори ҷинсӣ меравад, бисёриҳо одат кардаанд, фикр кунанд, ки танҳо духтарони ҷавон бо либосҳои кӯтоҳ, доман, топ ва дигар либосҳои кушод, ки гӯё ба озори ҷинсӣ таҳрик медиҳанд, ба ин ҳолат дучор мешаванд”,- мегӯяд Фарзона Саидзода, яке аз ҳаммуаллифони лоиҳа.

Фарзона Саидзода

Фарзона мегӯяд, ду нашр дар саҳифаи Tell me sister дар Instagram дар бораи он, ки зан ҳақ дорад либосро худаш интихоб кунад ва вазифадор нест ба касе чизеро исбот кунад, ба таври табиӣ 165 ва 230 шарҳ гирифтанд. Барои муқоиса, нашр дар бораи хушунати хонаводагӣ 9 шарҳ гирифт.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Tell Me Sister (@tellme_sister)

Нашр дар бораи бофтаҳо оид ба бакорат, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон мавзӯи дарднок аст, ҳамагӣ 67 шарҳ гирифт.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Tell Me Sister (@tellme_sister)

“Нашр [дар бораи либос] дар духтарон вокуниши зиёд пайдо кард, аммо мо бо танқид ва нофаҳмиҳои ҷавонон [мардон] рӯ ба рӯ шудем, ки бо мо розӣ набуданд ва фикр намекарданд, ки духтар метавонад ба таври дилхоҳ либос пӯшад, зеро инро ӯ мехоҳад.

Аксар вақт чунин ибораро шунидан мумкин аст: “агар мехоҳед, чунин либос пӯшед, ба ягон ҷои дигар равед, равед аз ин ҷо. Мо намехоҳем дар ин ҷо шуморо ба ин ҳол бубинем”,- мегӯяд фаъоли масоили гендерӣ.

Вазъро қабули Қонун “Дар бораи танзим ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав бадтар кард. Дар он гуфта мешавад, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон вазифадоранд унсурҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либоси миллиро риоя кунанд. Воридот, фурӯш ва таблиғи либосҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст.

Дар Қонун гуфта нашудааст, ки сухан дар бораи кадом “либоси бегона” меравад. Аз ин рӯ, дар ҷомеа баҳсҳо ба миён меоянд, ки ҳам ҳиҷоб ва ҳам либоси аврупоӣ барои фарҳанги тоҷикӣ бегона аст. Ин боиси нороҳатӣ ва имкони бештар барои табъиз нисбати занон дар пӯшидани либос мегардад.

Дар пурсишҳое, ки Your.tj дар чанд минтақаи Тоҷикистон гузаронид, вақте пурсидем, ки духтари муосир бояд чӣ гуна бошад, пурсидашудагон пеш аз ҳама дар бораи он ки духтар бояд чӣ гуна либос пӯшад ва чӣ гуна рафтор кунад, андеша баён карданд. Дар бораи таҳсилот ва худтаъминкунӣ танҳо якчанд нафар гуфтанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Гулнора Бекназарова, муҳаққиқ ва ҷомеашинос мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳар чизе, ки аз меъёр берун мешавад, метавонад боиси маҳкумият гардад.

Гулнора Бекназарова

“Чунин фаҳмише ба монанди стереотип ҳаст. Ин чист? Инҳо бадгумониҳои мо ҳастанд, ки дар тасаввурот ва хусуматҳо ташаккул ёфтаанд. Масалан, духтар домани кӯтоҳ пӯшидааст. Либоси ӯ фавран бо шахсияти ӯ алоқамандӣ пайдо мекунад. Ба монанди он ки мегӯянд: имрӯз Адидас мепӯшӣ, фардо ватанатро мефурӯшӣ”,- мегӯяд вай.

Бекназарова шарҳ дод, ки либос ба ҳеҷ ваҷҳ шахсияти инсонро муайян намекунад. Ба гуфтаи вай, ду ақидаи хато вуҷуд дорад: духтаре, ки домани кӯтоҳ пӯшидааст – вай сабукпо аст, вай камақл аст, арзишҳоро эътироф намекунад. Ақидаи дигар ин ки: духтаре, ки ҳиҷоб мепӯшад, террорист, экстремист ё камақл аст.

“Агар ба ман бигӯянд, зане, ки ҳиҷоб мепӯшад, нисбат ба зане, ки ҳиҷоб намепӯшад, дурусттар аст, ин барои ман ҳеҷ маъно надорад, зеро чен кардани ин “дурустӣ” ба ҳадди кофӣ душвор аст. Масалан, шахсе, ки ба масҷид меравад ё ба он ҷо намеравад. Рафтан ба масҷид – ин амал аст, аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ муносибати дохилии ӯ, принсипҳо ва ақидаҳои ӯро инъикос намекунад. Ба андешаи ман, либос бояд танҳо вазифаи амалӣ дошта бошад”,- мегӯяд ӯ.

“Айби худаш” – ибораи дӯстдоштаи виктимблеймерҳо

Заноне, ки либоси кушодтар мепӯшанд, аз он шикоят мекунанд, ки дар Тоҷикистон наметавонанд чизи барояшон қулай ва мувофиқро пӯшанд.

Мадина, яке аз сокинони пойтахт, мегӯяд, ки либосҳои худро берун аз кишвар “ба саёҳат” мебарад. Дар ин ҷо либоси ӯ аз ҷониби мардони бегона вокуниши манфӣ мегирад. Онҳо ҳамеша бо суханони ношоиста ҳуҷуми лафзӣ мекунанд, меранҷонанд, ламс мекунанд.

“Ман аз аввал медонистам, ки ҳамсояҳо маро ғайбат мекунанд, аммо ба ин аҳамият намедодам. Аммо рӯзе як бачаи ҳамсоя, ки бо дучарха мерафт, ба пеши барам даст расонд. Ба назди зани ҳамсоя рафтам ва вазъияти бо писараш ба амал омадаро фаҳмондам. Ӯ бошад, дар ҷавоб гуфт, ки ман худам гунаҳгорам. Гӯё, худам инро мехоҳам, бинобар ин ман футболка ва либосҳои танг мепӯшам”,- нақл мекунад Мадина.

Ӯ мегӯяд, ҳатто бо домани дарозиаш миёна метарсад, ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шавад, зеро мардон кӯшиш мекунанд, ҳар вақте ки имкон ёбанд, ба ӯ даст расонанд.

Шаҳодат, духтари дигаре, ки ҳиҷоб мепӯшад, мегӯяд, ки дар кӯчаҳои пойтахт ҳам занони ҳомила ва ҳам занони кӯдакдор таҳқир мешаванд.

Аз рӯи нақли ӯ, дар замони мактабхонӣ ва донишҷӯӣ ӯ либоси кушод мепӯшид ва ҳамсояву хешовандон мегуфтанд, ки “духтари арзанда чунин либос намепӯшад ва ту ҳеҷ гоҳ наметвонӣ ба ин аҳвол бахти худро пайдо кунӣ”.

Шаҳодат оиладор шуд, се фарзанд дорад, аммо бо вуҷуди ин, борҳо ӯро мардон дар кӯча таҳқир карданд.

“Он вақт дар Душанбе гаштан тамоман ғайриимкон буд, дар кӯча ҳамеша аз пасаи ягон “дум” мегашт. На оиладор будан ва на фарзанд доштан ба ман кӯмак накард. Ман аллакай худам дар бораи либос фикр карданро сар кардам ва тадриҷан ба пӯшидани либоси маҳкам шурӯъ кардам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Ӯ афзуд, вақте ба пӯшидани ҳиҷоб шурӯъ кард, ҳамон хешовандон ва атрофиён гуфтанд, ки Шаҳодат бо вуҷуди маълумоти олӣ доштан ба “духтари қишлоқӣ” табдил ёфтааст.

“Ман дарк кардам, ки ба одамон ба ҳеҷ тарз писанд намеоӣ ва онҳо намефаҳманд, ки либос ба таҳсилот ҳеҷ рабте надорад. Ин интихоби шахс аст, ин тарзи зиндагӣ аст”,- мегӯяд ӯ.

Шаҳодат қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ кас масъалаи пӯшидани ҳиҷобро аз нуқтаи назари маргинализатсия баррасӣ накардааст. Гарчанде ин стереотипҳо монеаҳое эҷод мекунанд, ки занонро маҳкум мекунанд ва онҳоро маҷбур мекунанд, то худро аз ҳаёти иҷтимоӣ ва касбӣ берун созанд.

Шаҳодат, ки аз рӯи таҳсилаш табиб аст, наметавонад фаъолияти худро идома диҳад, зеро ӯро дар кӯча, муассисаҳои давлатӣ дошта талаб карданд, ки ҳиҷобашро кашад ё рӯймолро ба таври дигар бандад.

“Чунин эҳсос мешавад, ки ман бо дониши худ дар кишвар лозим нестам. Ба ҳар як раҳгузар бояд фаҳмонам, ки чаро чунин либос мепӯшам, одамон мехоҳанд маро водор созанд, ки тарзи либоспӯшиамро дигар кунам, аммо ба идея ва пешниҳодҳои ман кам касон таваҷҷӯҳ доранд ё ба онҳо тамоман аҳамият намедиҳанд”,- мегӯяд Шаҳодат.

Дар байни ҳиҷоб ва кор Шаҳодат ҳиҷобро интихоб кард. Ба гуфтаи вай, пӯшидани ҳиҷоб интихоби бошуурона аст ва ӯ наметавонад интихоби худро бо хоҳиши касе тағйир диҳад.

Вай ҳоло дар ҷустуҷӯи кормандони нав аст, то як қисми масъулиятҳояшро ба онҳо супорад. Оилаи Шаҳодат тасмим гирифт, ба кишвари дигаре кӯч бандад, ки дар он ҷо ҳиҷоб барои кор ва зиндагии ӯ монеа намешавад.

“Ман ба бачаҳои нав ҳама чизеро, ки худам медонам, ёд медиҳам. Аммо хеле мутаассиф аз онам, ки аҳвол дар деҳот чӣ гуна мешуда бошад. Бе ин ҳам дар он ҷо кормандони тибб хеле каманд, аммо оянда чӣ мешавад, агар дар назди онҳо интихоб гузошта шавад – ҳиҷоб ё кор? Ман фикр мекунам, ки аксарият ҳиҷобро интихоб мекунанд ва сарбории системаи тандурустӣ боз ҳам вазнинтар хоҳад шуд”, мегӯяд ӯ.

Ғайр аз он, стереотипҳои манъи рафтан ба муассисаҳои таълимӣ бо ҳиҷоб занонро аз муошират бо муаллимони фарзандонашон маҳрум мекунанд. Ин боис мегардад, ки онҳо дар бораи рафтор ва раванди таълими фарзандашон бехабар монанд ва ҳам дуршавии онҳо аз ҷамъият боз ҳам бештар мегардад.

Моҳпарӣ, ки ду сол пеш тасмим гирифта буд, ҳиҷоб пӯшад, мегӯяд, бинобар манъи вуруд ба мактабҳои давлатӣ, вай кӯдакашро ба муассисаи хусусии таълимӣ супурд.

“Ман бояд бо муаллим робита дошта бошам, бидонам, ки фарзандам чӣ гуна меомӯзад, бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавад, дар хислати кӯдак чӣ гуна тағйирот ба амал меояд. Аз ин рӯ, духтарамро ба мактаби хусусӣ интиқол додам, ки метавонам бе мушкил ба он ҷо равам. Аммо на ҳама барои мактаби хусусӣ маблағ доранд. Яъне, дар асл, бисёр модарон аз ҳаёти фарзандони худ ва муошират бо муаллимон берун мемонанд”, мегӯяд ӯ.

Моҳпарӣ мегӯяд, пеш аз он ки ба пӯшидани ҳиҷоб шурӯъ кунад, ӯ ҷинсҳои дарбеҳдор ва либосҳои танг мепӯшид, ки ҳоло онҳо низ ба гуфте манъ шудаанд.

“Хоҳу нохоҳ либоси маро ҳоло манъ мекарданд”,- мегӯяд Моҳпарӣ бо шӯхӣ.

Вай аз байн бурдани стереотипи “зани ҳиҷобпӯш – зани бесавод аст”-ро рисолати худ медонад.

“Ман ҳиҷоб мепӯшам ва кор мекунам, бо чанд забон ҳарф мезанам. Дар сафарҳои хориҷӣ ифтихор доштам, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам – бигӯям, ки бале, дар Тоҷикистон ҳиҷоб мепӯшанд ва ин ба сатҳи таҳсилоти онҳо халал намерасонад. Ин интихоби ман аст ва ман набояд дар ин бора ба касе ҳисобот диҳам”,- мегӯяд Моҳпарӣ.

Коллективизм бар зидди Индивидуализм

Ба гуфтаи коршиноси масоили гендерӣ Ниссо Расулова, портрети духтари идеалии тоҷик ин духтарест, ки дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад, хеле доно аст, бояд якчанд забонро донад. Вай аз соли аввали донишгоҳ бояд ба ҳама сӯзандору гузаронида тавонад, қатрадору гузорад, бояд пухтупаз ва нонпазиро тавонад, мӯйҳои дароз ва зебо, мижгонҳо ва лабҳои табиӣ дошта бошад. Зебо, ҷавон, хоксор бошад, яъне вақте ба ӯ фармон медиҳад, сархам бошад.

Ниссо Расулова

“Аммо бо вуҷуди ин, нисбати духтар бадхоҳон пайдо мешаванд. Ман чунин духтаронеро мешиносам, ки гӯё маҳз барои издивоҷ омода шудаанд, онҳо келини идеалӣ ҳастанд. Аммо ҳатто онҳо бадхоҳон доранд”,- қайд мекунад Расулова.

Фарзона Саидзода мегӯяд, ки таваҷҷуҳи мардум ба либоси бегона дар ҷомеаҳое паҳн шудааст, ки дар онҳо коллективизм бартарӣ дорад, на индивидуализм.

“Ҷамъият назорат кардани аъзоёнашро вазифаи худ мешуморад ва агар либоси духтар ба тасаввуроти онҳо дар бораи узви арзандаи ин ҷомеа мувофиқат накунад, пас онҳо ҳама корро мекунанд, то, агар ба таври дағал бигӯем, ӯро “ислоҳ” кунанд”,- мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи вай, либос барои бисёр одамон баҳонаи сафедкунанда барои амалҳои номатлуб нисбати духтарон аст. Аксар вақт духтарон аз хештангароӣ метарсанд, ба тарзи дилхоҳашон либос пӯшида наметавонанд, зеро ин метавонад амнияти онҳоро зери хатар гузорад.

Духтар наметавонад бо либоси дилхоҳаш ба кӯча барояд, зеро ӯро дар кӯча таҳқир метавонанд таҳқир кунанд ё нисбаташ ҳарфи ноҷое гӯянд.

Ва агар дар ин бора дар интернет қисса кунад, пас дар шарҳҳо ба ҷои дастгирӣ ба ӯ мегӯянд, ки ту бояд “либоси дуруст” мепӯшидӣ. Яъне, либос сабабгори виктимблейминги онҳое, мешавад, ки аз шаклҳои гуногуни зӯроварӣ ва таъқиб зарар дидаанд.

“Инҳо стереотипҳои марбут ба либос мебошанд, зеро либос ба ҳеҷ ваҷҳ сабаб ё баҳона намешавад, зеро ҳам занони ҳомила, ҳам занони кӯдакдор ва ҳам духтаракони хурдсол мавриди таҳқиру озор қарор мегиранд. Аз ин рӯ, мушкил на дар либос аст ва на дар онҳое, ки таҳқир мешаванд”,- мегӯяд фаъоли масоили гендерӣ.

Стереотипҳо василаи фишор ба занон

Ниссо Расулова мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон мардсолорӣ аст, дар ҷомеа мард ҳамеша сарварӣ мекунад ва андешаи ӯ ягона фикри дуруст ва муҳим аз рӯи ҷинсияти ӯ ба ҳисоб меравад.

Аммо Расулова чунин мешуморад, ки инсони баркамоле, ки ба худ ва ҳаёти худ боварӣ дорад, ба арзишҳои зиндагии худ боварӣ дорад ва дар бораи ҳаёти худ ва оилааш тасаввуроте дорад, аслан набояд ба он чизе, ки зани бегона, духтари бегона, хоҳари бегона, модари бегона мепӯшад, таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.

“Ман фикр мекунам, ки дар мамлакати мо мушкилиҳои зиёди дигаре мавҷуданд. Ва бигзор ин масъалаҳо аввалиндараҷа бошанд. Масалан, мушкилоти иқтисодӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, зӯроварӣ нисбати занон, кӯдакон, ҳайвонот ва ғайра. Аммо тарзи либоспӯшӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеаи мо нест”,- мегӯяд Ниссо Расулова.

Фарзона Саидзода мегӯяд, дар ҳама гуна ҷомеаи мардсолор, аз ҷумла дар Тоҷикистон, занон дар ҳолати тобеият ва зинаи поёнтар аз мард қарор доранд.

“Онҳо одат кардаанд, ки занон итоаткор бошанд, занон ҳамон кореро, ки ба онҳо гуфта мешавад, иҷро мекунанд. Аммо ҳоло мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки занон мустақил мешаванд, занон андешаҳои худро ташаккул медиҳанд, ки метавонад аз аксарият ва аз ҳамон мардон фарқ кунанд. Албатта, вақте ки вазъ тағйир меёбад, он боиси нороҳатии шадид ва хоҳиши баргардонидани ҳолати пештара мегардад. Аммо хушбахтона, ҳолат дигар ба он тарз нахоҳад буд”,- мегӯяд Саидзода.

Ба гуфтаи ӯ, воситаи пурқувват дар мубориза бо стереотипҳо нисбати занон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва намуди зоҳирии духтароне мебошанд, ки аз зоҳир кардани шахсияти худ наметарсанд, ба тарзи дилхоҳашон либос мепӯшанд.

“Зеро ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, махсусан насли ҷавон. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин духтаронро, ки ҳамсолашон ҳастанд, аз нишон додани худ наметарсанд ва ба хости дилашон либос мепӯшанд, ин ба онҳо эътимод мебахшад, онҳо низ метавонанд, зиёд мебинанд”,- мегӯяд коршинос.

Ниссо Расулова мегӯяд, чӣ гуна насиҳатҳои пайвастаи духтар дар бораи он, ки ӯ бояд чӣ гуна бошад, чӣ кор кардан ба ӯ мумкин аст ва чӣ мумкин нест, ба заминаи умумии эҳсосоти ӯ таъсир мерасонад.

“Духтар метавонад шикаст хӯрад ва сипас бо худбаҳодиҳии паст ба ҳаёт назар кунад. Вай ҳеҷ гоҳ наметавонад ба қудрати худ бовар кунад, ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам маҷозӣ аз худ гузар кунад. Дар ин ҷо на танҳо намуди зоҳирӣ, балки саломатӣ, беаҳамиятӣ нисбат ба худ, руҳафтодагиҳо, синдроми пас аз афсурдаҳолӣ дар назар аст”,- мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи Гулнора Бекназарова, аз сабаби он ки дар муҳити атроф ҳама ба духтарон маслиҳат медиҳанд, ки чӣ гуна зиндагии худро пеш баранд, духтарон сарҳади бадани худро намедонанд. Набудани сарҳадҳои шахсӣ як навъ “сайд” барои педофилҳо ва дар маҷмӯъ таҷовузкорон аст.

“Мо пайваста кӯдакро сарзаниш мекунем, агар вай намехоҳад амак ё холаашро оғӯш гирад ва бибӯсад. Мо ба кӯдакон намегӯем, ки ҳатто одамони хеле наздик наметавонанд ба шумо даст расонанд, бӯса кунанд. Ҳамин тавр, ҳудуди кӯдакон норавшан мешавад. Аз ин рӯ, ҳайрон нашавед, агар кӯдак хомӯш аст, вақте ки касе ба ӯ даст мерасонад, ламс мекунад.

Ҳоло вақти он расидааст, ки бо кӯдакон дар бораи чӣ будани сарҳади бадан, кӣ метавонад ба ту даст расонад, кӣ метавонад дар бораи ту, либос ва чизҳои дигар ҳарф занад, суҳбат кунед”,- мегӯяд Бекназарова.

Меҳрангез Турсунзода, Амонҷон Муҳиддинов, Your.tj

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend