Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Чаро 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати "шахсони назоратшаванда" дар Русия ворид шуданд
Дата публикации: 16:4021.10.2024
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандони кишварро, ки дар феҳристи шахсони "таҳти назорат" (назоратшаванда)-и Федератсияи Русия қарор гирифтаанд, нашр кард. Ин рӯйхат ҳамагӣ беш аз 120 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки айни ҳол дар Русия қарор доранд.
Ба таври муфассал мефаҳмонем, ки ин феҳрист чист, чӣ гуна номи худро тафтиш кардан мумкин аст ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд, чӣ хавфҳо дар пай дорад.
Мақомоти Русия маълумоти феҳристи шахсони "таҳти назорат (назоратшаванда)"-ро нашр карданд. Дар ин феҳрист атрофи 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ҳамаи маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ нисбати шаҳрвандоне, ки ба феҳристи мазкур шомил шудаанд, аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунанд.
Рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи минтақаҳо тақсимбандӣ шудааст, онҳоро дар пайванди поён зеркашӣ карда, маълумоти худро тафтиш кардан мумкин аст.
Дар рӯйхат насаб, ном, номи падар, соли таваллуд ва маҳалли зист нишон дода шудааст.
Инчунин маълумоти иловагиро тавассути тамос бо ниҳодҳои дахлдор тавассути телефонҳои зерин ба даст овардан мумкин аст:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон: +992 37 250-32-40, +992 37 250-32-09, +992 37 250-32-42
Хадамоти муҳоҷират: +992 37 225-05-95, +992 37 225-05-89, +992 37 225-05-77
ВКД: +992 37 227-86-31, +992 37 221-98-12, +992 93 876 26 26, +992 93 922 06 84.
Ин рӯйхати шахсоне мебошад, ки барои будубош дар Федератсияи Русия асосҳои қонунӣ надоранд.
Дар феҳрист маълумот дар бораи муҳоҷироне ворид мешавад, ки муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷираташон ба охир расидаст ё бекор карда шудааст, инчунин онҳое, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ содир кардаанд ва ҳоло бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд.
Дар рӯйхат, инчунин маълумот дар бораи шаҳрванд ё шахси бешаҳрванд аз рӯзи қатъи асосҳо барои будубоши қонунӣ дар ФР, убури ғайриқонунии сарҳади ФР, қабули қарор дар бораи рад кардани эътирофи гуреза, қарор дар бораи қатъи шаҳрвандии ФР, бекор кардани раводид ё иҷозатномаи истиқомат, қабули қарор дар бораи кӯтоҳ кардани мӯҳлати будубоши муваққатӣ, депортатсия, номатлуб будани будубош (зиндагӣ) дар Федератсияи Русия ва ғайра оварда шудааст.
Ҳамин тавр, ба феҳрист категорияҳои шаҳрвандони дар зер номбаршуда дохил карда мешаванд.
| Категорияи хориҷиён | Санаи дохилкунӣ ба феҳрист |
| Бо гузаштани мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ | Як рӯз пас аз ба охир расидани мӯҳлати муқарраршуда |
| Шахсоне, ки сарҳади давлатии Федератсияи Русияро ғайриқонунӣ убур кардаанд | Аз лаҳзаи ошкор шудани воридшавӣ ба ФР |
| Шаҳрвандоне, ки тибқи шартномаи байналмилалии реадмиссия ба ФР интиқол дода шудаанд, аммо барои дар ФР будан асоси қонунӣ надоранд | Аз санаи қабули шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби ФР |
| Бо ҳуҷҷати бекоршуда, ки дар асоси он дар ФР қарор доштанд (масалан, раводид ё иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ) | Аз рӯзи бекор кардани ҳуҷҷатҳо |
| Шаҳрвандоне, ки баррасии дархостҳояшон дар бораи эътирофи мақоми гуреза, додани (тамдиди) паноҳандагии муваққатӣ рад шудааст ё аз мақоми гуреза е паноҳанда маҳрум карда шудаанд | Аз рӯзи қабули қарор |
| Онҳое, ки қарор шудааст, аз ФР хориҷ карда шаванд | Аз рӯзи қабули қарори ВКД Русия дар бораи таъйин кардани ҷазо дар шакли ихроҷи маъмурӣ берун аз қаламрави ФР ё ворид шудани нусхаи қарори суд ё ХБФ (ФСБ) Русия ба ВКД Русия |
| Шаҳрвандоне, ки аз қаламрави ФР берун рафтанашон маҳдуд, вурудашон ба Русияро манъ карда шудааст, муҳлати будубошашон дар ФР кам ё будубоши онҳо дар ФР номатлуб дониста шудааст | Аз рӯзи қабули қарори ВКД Русия ё воридшавии нусхаи қарор дар бораи номатлуб будани будубош (зиндагӣ) дар ФР ё надоштани иҷозаи вуруд ба ФР |
| Мусофирони киштии сайёҳӣ ё гузора | Бо гузашти 72 соат пас аз расидан |
| Шаҳрвандоне, ки нисбати онҳо дар бораи қатъи шаҳрвандии ФР дар сурати надоштани асосҳои қонунӣ барои будубош дар қаламрави ФР қарор қабул шудааст | Аз рӯзи қабули қарор |
| Гунаҳкорон дар содир намудани ҷиноят | Аз лаҳзаи ба ВКД Русия ворид шудани нусхаи ҳукми айбдоркунии суди ФР дар бораи гунаҳкор донистани шаҳрванди хориҷӣ дар содир кардани ҷиноят |
Пеш аз ҳама хавфи хориҷшавӣ дорад. Яъне, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки дар феҳрист қарор доранд, низоми махсуси ҳуқуқӣ – низоми ихроҷ татбиқ карда мешавад.
Низоми ихроҷ, инчунин тақсимбандии маҷмӯи махсуси ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои марбут ба амали худи ин низомро ба шаҳварнди хориҷӣ пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, хориҷиён метавонанд:
Вазифаҳои шахси назоратшаванда инҳоянд:
Инчунин шаҳрванди хориҷие, ки дар феҳрист қарор дорад, ҳуқуқи содир кардани бисёр амалҳои одиро аз даст медиҳад, аз ҷумла, ӯ наметавонад:
Илова бар ин, дар доираи низоми ихроҷ шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд:
Илова бар ин, аз соли нав ВКД метавонад муҳоҷиронро бе қарори суд аз Русия хориҷ кунад.

Қисми оммавии феҳристи шахсони назоратшаванда бояд аз 5 марти соли 2025 ба ба кор дарояд, хабар медиҳад «Парламентская газета».
Дар зерсистемаи пӯшидаи сомонаи ВКД насаб, ном, номи падар, санаи таваллуди муҳоҷир нишон дода мешавад. Ғайр аз он, ҷинс, рақами силсилавӣ ва рақами шиноснома, инчунин маълумот дар бораи қонқншикан дар феҳристи шахсони назоратшаванда сабт мешванд.
Хоҳишмандон метавонанд бубинанд, ки муҳоҷир дар феҳрист ҳаст ё не. Аммо маълумоти дигар эҳтимолан барои пайдо кардани шахс дар пойгоҳи додаҳо ҳангоми дархост кардани маълумот истифода мешавад. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки барои пешниҳоди дархост бояд майдонҳои ҳатмӣ дар бахши "Реестр контролируемых лиц" дар сомонаи ВКД пур карда шавад.
Сабтином дар феҳрист бояд дар давоми як рӯз пас аз ворид кардани шахс ба он пайдо шавад. Ҳамин тариқ, на дертар аз 24 соат, агар хориҷиро аз он ихроҷ кунанд, вай бояд ҳазф кунад. Илова бар ин, операторони сомона вазифадор карда мешаванд, ки таърихи ҳамаи дархостҳоро дар давоми панҷ соли коркарди онҳо нигоҳ доранд, ҳамин тавр, ВКД метавонад фавран бубинад, ки шаҳрванд дар қайд буд ё не.
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд худро аз рӯи рӯйхатҳои дар боло зикршуда санҷанд, аммо чун рӯйхатҳо нав карда мешаванд, бояд мунтазам тафтиш карда шаванд, аз ҷумла дар сомонаи https://mehnat.tj/.
Қонун як қатор асосҳоро барои истисно кардани маълумоти қаблан ба феҳристи шахсони назоратшаванда дар бораи шаҳрвандони хориҷии мушаххас пешбинӣ кардааст. Ҳамин тавр, маълумот дар бораи шаҳрванд аз ин феҳрист хориҷ карда мешавад, агар:

Аз соли 2025 мӯҳлати зиёдтарини будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия тағйир меёбад. Агар ҳоло меҳмонон аз кишварҳои дигар дар Русия метавонанд 90 рӯз дар давоми ним сол (180 рӯз) зиндагӣ кунанд, аз ин пас метавонанд ҳамагӣ 90 рӯз дар як соли тақвимӣ дар ин кишвар ба сар баранд.
Аз 5 феврали соли 2025 номгӯйи асосҳое, ки барои хориҷиён ё шахсони бешаҳрвандӣ убури сарҳад ба ҳарду ҷонибро манъ мекунад, меафзояд. Ҳамин тавр, сарҳадбонон ҳатман хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандро роҳ намедиҳанд, агар:
Илова бар ин, сарҳадбонон ҳангоми ҳалли масъалаи роҳ додани меҳмон аз сарҳад ҳуқуқ доранд, ки хатари будубоши ин шахсро дар ФР мустақилона арзёбӣ кунанд – оё ӯ метавонад ягон амали ғайриқонунӣ, аз ҷумла таҳдид ба амнияти давлатро анҷом диҳад ё не.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
19 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
19 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад