Чӣ тавр мутахассиси соҳаи IT бо маълумоти иқтисодӣ дар таҳияи стартапи ҳуқуқӣ иштирок мекунад

Тахмина Ишматоваи 23-сола дар самти иқтисодиёти байналмилалӣ таҳсил кардааст. Донишҳои давоми таҳсил дар донишгоҳ дар соҳаи ҳуқуқ ва технологияҳои иттилоотӣ гирифтааш ба духтар имкон дод, вазифаи менеҷери истеҳсолотро дар стартапи ҳуқуқии “РИМ”, ки як сол пеш дар формати нав дубора фаъол шуд, ишғол кунад.

Тахмина ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки “РИМ” чӣ гуна хидматрасониҳо дорад, ин стартап дорои кадом вижагиҳост ва пешбурди он дар бозори Тоҷикистон чӣ мушкилиҳо дорад.

“IT – соҳаи бениҳоят душвор ва серталаб аст”

Тахмина ҳангоми таҳсил дар “Мактаби олии иқтисодӣ”-и Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ дар Москва, вақте дар бораи таҳлили экосистемаи стартапи фаронсавӣ мақолаи илмӣ навишт, ба соҳаи IT (технологияҳои иттилоотӣ) таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ҳамзамон, Тахмина як лоиҳаи гурӯҳиро роҳбарӣ мекард, ки дар он ӯ ва ҳамсабақонаш замимаеро бо номи OneApp таҳия карданд. Он бояд тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро (мессенҷер) дар як барнома муттаҳид мекард. Бо ин роҳ, онҳо кӯшиш карданд, ки платформаи ягонаи муоширати виртуалӣ созанд ва усулҳои муоширати онлайнро осон кунанд.

“Маҳз ҳамон вақт ман ба ҷаҳони IT ворид шудам ва ҳамон вақт идея ва хоҳиши таҳияи маҳсулоти IT пайдо шуд”,- мегӯяд Тахмина.

Аъзоёни дастаи “РИМ”

Тахминаро пеш аз ҳама, “душворӣ ва серталабӣ”-и соҳаи IT ба худ ҷалб мекунад. Чунонки қаҳрамони мо мегӯяд, ин соҳа имкониятҳои нодирро барои татбиқи идеяҳои ҷасурона ва ғайримуқаррарӣ, инчунин эҷоди маҳсулоти нав, ки метавонад ҷаҳонро ба сӯи беҳбудӣ тағйир диҳад, фароҳам меорад.

“Дар соҳаи IT идеяҳо, ҳадафҳо ва рисолати як стартап/ширкат хеле қадр карда мешавад, ки ин ҳам барои кор ва эҷод, аксар вақт ҳатто бидуни фоидаи молиявӣ рӯҳбахш аст”,- меандешад ӯ.

Ба саволе, ки рушди зеҳни сунъӣ ба интихоби ӯ дар самти IT чӣ гуна таъсир расонд, Тахмина ҷавоб дод, ки таваҷҷуҳи ӯ ба технология ва инноватсия мустақиман ба “хайп дар атрофи зеҳни сунъӣ” алоқаманд нест.

Дар ҳамин ҳол, духтарак бо таваҷҷуҳи зиёд мушоҳида мекунад, ки ин соҳа чӣ гуна рушд менамояд ва ният дорад, минбаъд абзорҳои зеҳни сунъиро дар маҳсулоти “РИМ” ба кор барад.

Кор дар стартап имкон медиҳад, дар бисёр самтҳо рушд кунед

Ҳоло Тахмина менеҷери истеҳсолот дар стартапи ҳуқуқии “РИМ” аст. Мутахассиси ҷавон аз рӯи таҳсил ҳуқуқшинос набуда, ба ин соҳа ҳанӯз пеш аз омаданаш ба ин ширкат аз наздик шинос шуд.

Тахмина дар соли сеюми таҳсил дар донишгоҳ ба ҳайси таҳлилгари тиҷорат дар як ширкати машваратии ҳуқуқӣ кор мекард ва ба гуфтаи ӯ, тавассути ҳамкорон ва парвандаҳои муштариён бо соҳаи ҳуқуқ робитаи мустақим пайдо кард.

“РИМ” вориси ширкати “Информ-К” аст, ки аз соли 2003 барои “Право-Консультант” заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Дар соли 2020, “Информ-К” натавонист фаъолияташро мисли пештара идома диҳад кард. Ҳамчун муштарии дарозмуддат ва корбари фаъоли ин махзани маълумот, ширкати ҳуқуқие, ки Тахмина ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ кор мекард, тасмим гирифт, барои таваҷҷуҳаш ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва тадқиқотӣ ӯро дар ин самт ба кор ҷалб намояд ва қарор дод ҳамон хизматрасониҳоро ба шакли нав пешниҳод кунад.

Аъзоёни дастаи “РИМ”

“Ҳамон вақт идеяи эҷоди маҳсулоти комилан нав дар асоси махзани кӯҳна ба миён омад. Мо тадқиқоти бозорро анҷом додем, бо ҳуқуқшиносон, мизоҷони махзани кӯҳна сӯҳбат кардем ва зарурати воқеӣ ба инноватсияро дар бозори хизматрасонии ҳуқуқии Тоҷикистон муайян намудем.

Ҳамин тавр, кори “РИМ” оғоз ёфт ва якҷо бо он роҳи ман ба соҳаи IT низ”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Дар “РИМ” Тахмина барои таҳияи маҳсулот ва идоракунии лоиҳаҳои гурӯҳи рушди касбӣ, таҳияи стратегияи рушди маҳсулот, татбиқи идеяҳо ва иртибот бо муассисон, сармоягузорон, гурӯҳ ва мизоҷон масъул аст.

Илова бар ин, дар стартап вай дар соҳаи молия, таҳлили маълумот, фурӯш таҷриба ба даст меорад ва аксар вақт худаш бо ҳуҷҷатгузорӣ машғул мешавад, то “дард”-и ҳам аъзоёни гурӯҳ ва ҳам муштариёнро беҳтар дарк кунад.

“Аслан вазифаи ман ҳамчун менеҷери истеҳсолот, ин ноил шудан ба иҷрои самараноки вазифаҳо мувофиқи ҳадафҳои тиҷорат ва эҷоди иртиботи дуруст байни бэк- ва фронт-офис мебошад”,- гуфт Тахмина.

Кор дар як стартап, мегӯяд ҳамсуҳбати мо, барои баланд бардоштани дониш ва рушди малакаҳо дар як вақт дар бисёр соҳаҳо заминаи хуб аст.

“Ҳадафи мо – фаҳмо ва дастрас кардани ҳуқуқҳо”

То имрӯз дастаи “РИМ” як пойгоҳи бузурги ҳуқуқии иборат аз 70 ҳазор ҳуҷҷат ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣро ба сатҳи онлайн бароварда, дастрасӣ ба ин ҳуҷҷатҳоро тавассути браузери дастгоҳи дилхоҳ, аз ҳар гӯшаи ҷаҳон осон кардааст.

Аммо, ба гуфтаи Тахмина, ин ягона чизе нест, ки стартапро инноватсионӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, “РИМ” пайваста маҳсулоташро мувофиқи хоҳиш ва ниёзҳои муштариён такмил медиҳад ва маҳсулоти нав таҳия мекунад.

“Мо ҳадафҳои бузург дорем, як қисми асосии идеяҳои мо, инчунин рисолати муҳими иҷтимоие дорем ва ба он пайравӣ мекунем, ин дастрас, барои истифода фаҳмо ва ба як абзори пуриқтидор табдил додани ҳуқуқ аст”,- изҳор дошт Тахмина.

Гурӯҳи ӯ бар ин бовар аст, ки бо кӯмаки абзорҳои IT, ки дар ихтиёр доранд, онҳо метавонанд рушди фазои ҳуқуқиро дар Тоҷикистон суръат бахшида, маърифати ҳуқуқӣ ва саводнокии ҳуқуқии ҳамватанони худро боло баранд.

Мутахассисон, инчунин дар Telegram блоги худро пеш мебаранд, ки дар он бо муштариён хабарҳо дар бораи қонунгузорӣ, таҳлил ва ташхиси ҳуқуқии қонунҳои муҳим ва ҷолиб, омор ва ҳолатҳои таҷрибаи шарикон ва мизоҷонро мубодила мекунанд.

Аъзоёни дастаи “РИМ”

“Фикр мекунанд, мо гӯё чизеро, ки ройгон ёфта мешавад, мефурӯшем, аммо ин тавр нест”

“РИМ” стартапи хеле мушаххас аст ва ин, ба эътиқоди Тахмина, хусусият ва мушкилоти асосии он аст. Ин ширкат дастрасӣ ба заминаҳои ҳуқуқии қонунҳоро фароҳам меорад, аммо азбаски қонунгузорӣ дар Тоҷикистон дастраси умум аст, бисёриҳо фикр мекунанд, ки гурӯҳи Тахмина чизеро мефурӯшад, ки онро дар интернет ройгон пайдо кардан мумкин аст.

“Дар амалия, хидматрасониҳои мо доираи хеле васеътари вазифаҳоро дар бар мегирад. “РИМ” портали ягонаест, ки дар он метавонед санадҳои ҳуқуқии қонунгузории Тоҷикистонро бо чанд забон пайдо кунед ва ба аҳамиятнокии онҳо боварӣ ҳосил намоед, шакли кӯҳнаи қонунҳоро пайдо кунед, матнҳоро бо скани аслӣ муқоиса намоед, маслиҳати ҳуқуқӣ оид ба қонунгузорӣ, дастгирии шахсӣ ва ғайраҳо гиред”,- мегӯяд Тахмина.

Азбаски “РИМ” стартап аст, ба гуфтаи Тахмина, он дар як ҷо намеистад ва барои рушд талош мекунад. Гурӯҳ ба он функсияҳои навро илова мекунад, бо муштариён мусоҳиба мекунад, имкониятҳои навро меомӯзад ва барои тиҷорат қарорҳои технологӣ пешниҳод мекунад.

Тахмина Ишматова, акс аз бойгонии ширкати “РИМ”

“Аксари муштариён мехоҳанд, идеяҳо фавран амалӣ шаванд”

Тахмина мушкил дар пешбурди стартапро дар он мебинад, ки Тоҷикистон худ як бозори нисбатан мушаххас аст ва дар он мафҳуми “стартап” аксаран барои ҷомеа нофаҳмост.

Тавре ҳамсуҳбати мо таъкид мекунад, бисёре аз муштариён чӣ будани лоиҳаи озмоишӣ ё реҷаи тестиро намефаҳманд ва дарк намекунанд, ки стартапҳо марҳила ба марҳила рушд мекунанд ва бовар доранд, ки ҳама идеяҳо фавран бояд амалӣ шаванд.

Тахмина мегӯяд, дар стартапҳо бюрократия зиёд аст. Мизоҷони корпоративӣ тартиб додани шартномаҳо, додани ҳисобҳои коғазӣ, акстҳои корҳои анҷомёфта ва ғайраро талаб мекунанд, ки на танҳо раванди пайваст кардани маҳсулотро ба корбари ниҳоӣ ба таъхир меандозад, балки аксар вақт ба корбарон халал мерасонад, таваҷҷуҳи навоваронро ба рушди стратегӣ халалдор мекунад, афзуд ӯ.

Дар ҳайати дастаи “РИМ” духтарон зиёданд, аммо ин тасодуфан ҳамин тавр шуд

“Фикр мекунам, бисёре аз ҳамкасбони стартаперам бо ман розӣ хоҳанд шуд, ки ба даст овардани боварии муштарӣ ва итминон додани ӯ ба нотакрори маҳсулоти технологии шумо дар Тоҷикистон низ мушкил аст, зеро ҷомеаи мо асосан ҷомеаи консерваторӣ аст – онҳое, ки навовариҳоро то охир рад менамоянд ва то даме, ки аз озмоиши замон нагузарад, ба истифодаи чизҳои нав шитоб намекунанд.

Бо вуҷуди ин, хушбахтона дар соли аввали фаъолияти “РИМ” мизоҷони ботаҷриба ва ғамхоре, ки на танҳо дар марҳилаҳои аввал бо дастгирии идея ба сомона обуна шуда, бо мо монданд, балки дар истеҳсоли маҳсулот фаъолона кӯмак менамоянд, ки дар натиҷа беҳтар кардани кори онҳо бо ёрии “РИМ” қулайтар мешавад”,- қайд намуд Тахмина.

“Мехоҳем дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ аввалин бошем”

Дар аввали август аз оғози кори “РИМ” расо як сол мешавад. Тахмина мегӯяд, дар ин давра дастаи ӯ ҳадафмандона ба маркетинг сармоягузорӣ накардааст, зеро барои онҳо пеш аз ҳама таҳия ва танзим кардани равандҳои дохилии амалиётӣ, гирифтани фикру мулоҳизаҳо аз муштариёни аввал ва боварӣ ҳосил кардан ба пуррагӣ ва дурустии пойгоҳи маълумотҳо лозим буд.

“Дар асоси натиҷаҳои кори анҷомдода мо метавонем бо итминон гӯем, ки ба маҳсулотамон дар бозори хидматрасонии ҳуқуқии Тоҷикистон ниёзи зиёд ҳаст”,- мегӯяд ӯ.

“РИМ” яке аз панҷ стартапҳо дар Тоҷикистон аст, ки барои суръат бахшидан дар ҷараёни аввали барномаи Star Venture аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд интихоб шудаанд. Ба гуфтаи Тахмина, сар аз моҳи сентябр гурӯҳи ӯ корро бо тренерон ва мураббиёни барнома шурӯъ мекунад, то стартапро ба сатҳи нав барорад.

Ширкат талош мекунад, дар ҳалли саволҳои ҳуқуқӣ пешқадам бошад. Ҳам ба ҳуқуқшиносон, муҳосибон, соҳибкорон – онҳое, ки дар фаъолияти худ пайваста аз қонунгузорӣ истифода мебаранд ва одамони одӣ, ки шояд дар бораи қонун савол дошта бошанд, мутахассисони “РИМ”  метавонанд ҷавоб диҳанд.

Дар аввали моҳи августа аз фаъолияти «РИМ» як сол пур мешавад.

Соли 2024 дар Тоҷикистон соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст ва гурӯҳи “РИМ” умедвор аст, ки дар беҳбуди таҳсилоти ҳуқуқӣ дар кишвар саҳм гузорад.

“Ҳайати мутахассисони стартапи мо гуногун аст”

Қисми зиёди гурӯҳи мутахассисони “РИМ” занони ҳуқуқшинос мебошанд, аммо, ба гуфтаи Тахмина, ин ҳадафмандона набуд. Коллективи ширкат аз мутахассисони ҷинс, синну сол ва ихтисосҳои гуногун иборат аст.

Ба ҳайати даста ба ҷуз аз мутахассисони баландихтисос ва ҳуқуқшиносони амалкунанда, инчунин донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон – хатмкунандагони донишгоҳҳои маҳаллӣ шомиланд, ки дар кори ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак мерасонанд ва барои дар оянда татбиқ намудан дар фаъолияти касбии худ таҷриба меомӯзанд.

“Мо аз муоширати олӣ дар дохили гурӯҳ ифтихор дорем ва дар асоси ростқавлӣ, эътимод ва дӯстӣ муносибатҳои мустаҳками дарозмуддат месозем.

Барои ҳамаи мо, “РИМ” таҷрибаи аввалин дар соҳаи IT аст, аммо ҳар яки мо ба андозаи кам ё бештар бо қонунгузорӣ ҳамарӯза кор мекунем. Мо нозукиҳо ва камбудиҳои соҳаи худро медонем ва барои мутобиқ кардани система аз технологияҳо истифода мебарем.

Боварӣ дорем, ки заҳмат ва садоқати мо барои иҷрои рисолати “РИМ” кӯмак мекунад ва ба сатҳи саводнокии ҳуқуқии ҳамватанонамон таъсири мусбӣ мерасонад, то дар оянда тавонанд ба иқтисодиёт ва ҷомеаи Тоҷикистон таъсири мусбӣ расонанд”,- мегӯяд Тахмина.

Сомон Комилов, Your.tj

Тарчума аз забони русӣ. Шакли аслии матлабро ин ҷо хонед.

Skip to toolbar