Чӣ тавр метавон ба Русия сафар кард – ҷавоб ба ҳама саволҳо шумо

Вазъи убури марзи Русия барои бисёре аз тоҷикон номафҳум боқӣ мондааст. Гарчанде ки фармони ҳукумати Русия қабул шуд, ки дар он категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба қаламрави Русия иҷозат дода шудаанд ва онҳое, ки иҷозаи вуруд надоранд, мушаххас карда шудааст. Мардум то ҳол кӯшиш мекунанд, ки худро дар хатар гузошта бо ҳар роҳ аз марзи Русия убур кунанд.

Мо саволу ҷавобҳоро омода кардем, то ҳама паҳлӯҳои ин масъала ба шумо равшан гардад.

Киҳо ба Русия иҷозаи вуруд доранд?

Ҳукумати Федератсияи Русия фармони № 635-ро қабул кард, ки мувофиқи он вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламрави худ аз 16 марти соли 2020 бинобар пандемияи COVID-19 манъ кард.

Аз 20-уми сентябр ба он тағирот ворид карда шуд: танҳо шаҳрвандони Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Бритониёи Кабир, Миср, Молдив, Аморати Муттаҳидаи Араб, Танзания, Туркия, Швейтсария ва Кореяи Ҷанубӣ метавонанд вориди Русия шаванд. Аммо, танҳо тавассути ҳавопаймо ва танҳо аз кишварҳои худ. Ба наздикӣ шаҳрвандони Куба, Сербия ва Ҷопон низ ба ин рӯйхат шомил карда шуданд.

Ман ду шаҳрвандӣ дорам, метавонам ба Русия парвоз кунам?

Бале, шумо метавонед, агар шаҳрвандии Русияро дар баробари шаҳрвандии тоҷикӣ дошта бошед. Инчунин, онҳое, ки иҷозатномаи истиқомати муқаррарӣ доранд, метавонанд ворид шаванд (ба сархати поён бодиққат нигаред).

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, манъи вуруд ба қаламрави Русия ҳангоми пандемия то ҳол амал мекунад ва ба он ҷо на тавассути ҳавопаймо ва на тавассути нақлиёти заминӣ рафтан имконнопазир аст.

Агар иҷозати истиқомат дошта бошам, метавонам аз Тоҷикистон ба Русия тавассути кишварҳои дигар биравам?

Тавре ки адвокати рус Елена Филиппова шарҳ дод, вуруд барои он шаҳрвандоне, ки иҷозат барои истиқомат доранд, аз ҷумла аз қаламрави кишвари сеюм иҷозат дода мешавад. Аммо як чизро бояд дар назар гирифт. Дар Фармони Ҳукумати Федератсияи Русия №635-р ишора ба Фармони 763-р оварда шудааст, ки дар он гуфта мешавад: шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозат барои истиқомат дар Русияро доранд, метавонанд як маротиба ба кишвари шаҳрвандии худ сафар кунанд. Яъне, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар давраи маҳдудиятҳо бо сабаби пандемияи COVID-19 ба кишвари шаҳрвандии худ рафтаанд, дигар наметавонанд ба Федератсияи Русия ворид шаванд.

Қаблан ба ҳама шахсоне, ки иҷозатномаи истиқомат доштанд, рухсат дода мешуд, акнун ҳангоми ворид шудани ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки иҷозат барои истиқомат доранд, мақсади баромадашон аз Русия тафтиш карда мешавад.

«Гузашта аз ин, чанде қабл як шаҳрванди хориҷӣ, ки иҷозаи иқомат дорад ба ман муроҷиат кард, ки ҳангоми рафтан фавран огоҳ карда шуд, ки ӯ наметавонад дубора ба қаламрави Русия ворид шавад ва вуруди ӯро нақзи қоидаҳои убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия ҳисобида, иҷозат барои истиқомати ӯ бекор карда мешавад.

Албатта, ман фикр мекунам, ин таҳдид воқеан ҳам ҳақиқат дорад ва агар воқеӣ бошад, пас онро зери суол бурдан мумкин аст. Аммо дар ҳақиқат таҳрири охирини Фармони Президенти Федератсияи Русия таҳти рақами 274-ро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан, хориҷ кардан, қарор дар бораи иҷозати вуруд, бекор кардани ҳуҷҷатҳо барои он шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаҳои убури сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, иҷозат медиҳад», – мегӯяд Елена Филиппова.

Хулоса: Шаҳрванди хориҷӣ, ки иҷозати иқомат дар ФР дорад, ҳангоми маҳдудият дар хориҷа буд ва айни ҳол бошад, метавонад вориди Русия шавад. Агар вай дар замони маҳдудиятҳо дар Русия буд ва аз он ҷо баромада бошад, пас то замоне, ки ҳама маҳдудиятҳо барои кишвараш бардошта нашаванд, наметавонад дубора ворид шавад.

Кадом хориҷиён метавонанд ба Русия раванд?

Ҳимоятгар Валентина Чупик мегӯяд, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Русия танҳо дар сурате ворид шаванд:

– иҷозатномаи истиқоматӣ дар Русия дошта ё шаҳодатномаи эътибори иштирокчии барномаи муҳоҷирати ихтиёрӣ ба Русияро соҳиб бошанд (аниқтараш ба банди боло нигаред);

– онҳое, ки волидони рус, фарзандони рус ё ҳамсарони рус доранд, ки ҳоло дар қаламрави ФР зиндагӣ доранд;

– Агар дар ояндаи наздик ба онҳо фавран табобати стационариро дар Русия гузаронидан лозим ояд ва танҳо дар он ҳолатҳое, ки аллакай дар Русия табобат ёфтаанд ё бемориашон ба ҷуз дар Русия дар ягон ҷои дигар табобат карда намешавад. Аз шумо ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро талаб мекунанд, ки бояд аз ҷониби сафорати Русия дар Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд. Онҳое, ки барои ташхис аз клиникаҳои хусусӣ ё табобати шакли сабуки ин беморӣ даъватнома харидаанд, аз марз баргардонида мешаванд;

– Агар мутахассисони камёфт бошанд, ки ҷониби Русия онҳоро дар мувофиқа бо ҳукуматаш даъват кардааст, масалан, барои хизматрасонии таҷҳизоти воридотӣ.

Ман душаҳрвандӣ дорам, оё метавонам тариқи Истамбул ё Бишкек ба Русия парвоз кунам?

Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, агар шумо шаҳрвандии Русияро дошта бошед ва ба бозгашти фаврӣ аз Тоҷикистон ба Русия ниёз дошта бошед, метавонед аз хатсайрҳои мунтазам бо интиқол дар Дубай (АМА) ва Истамбул (Туркия) истифода баред.

Ҳамзамон, сафорат ҳушдор медиҳад, ки дар ин ҳолат ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва кишвари транзитӣ метавонанд қоидаҳои худро дошта бошанд, аз ин рӯ, қабл аз харидани чиптаи ҳавопаймо, шумо бояд масъалаи транзитро бо ширкати ҳавопаймо муаян кунед.

Ман шаҳрвандии Русияро надорам, аммо сабабҳое ҳастанд, ки бояд ба Русия равам. Оё ман метавонам тавассути Истамбул ё Бишкек ба Русия парвоз кунам?

Агар шумо шаҳрванди Тоҷикистон бошед ва сабабҳои дар боло зикршуда барои вуруд ба Русияро дошта бошед, пас тибқи қонун ба шумо иҷозаи вуруд аз кишвари сеюм дода мешавад. Аммо дар ин ҳолат, сафорати Русия дар Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ қаблан транзитро муайян кунед.

Ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишварҳо дар заминаи вуруд ба Русия бидуни иштироки сафорати Русия санҷишҳои дахлдор мегузаронанд ва метавонанд нисбати мусофирон талаботи сахттар ҷорӣ кунанд. Ба ибораи дигар, дар ин ҳолат, эҳтимоли аз кишвари сеюм иҷозати парвоз ба Русия хеле кам аст.

Аммо Валентина Чупик ҳушдор медиҳад, ки барои шаҳрвандони ягон давлати дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, кӯшиши вуруд ба Русия тавассути кишварҳои “кушода” ба мисли Туркия, Қирғизистон ё Аморати Муттаҳидаи Араб ҳеҷ маъное надорад – онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия роҳ дода намешаванд, ҳатто агар сабабҳои муҳим низ дошта бошанд.

Оё метавонам ба Русия тавассути роҳи заминӣ равам?

Не, наметавонед, зеро мусофирон иҷозаи убури марзро надоранд. Тавре ки Валентина Чупик мефаҳмонад, ворид шудан ба ҳайси ронандаи мошини боркаш низ бефоида аст, зеро сабти ном ва гирифтани патент ғайриимкон аст, мӯҳлати будубоши худро тибқи шартномаи меҳнат тамдид кардан ғайриимкон аст – ин ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад.

Чупик таъкид мекунад, ки вуруд ба қаламрави Русия тавассути Ҷумҳурии Беларус на танҳо бефоида, балки ҷиноят ба ҳисоб меравад: убур кардани хориҷиён аз марзи заминии Русия бо Беларус манъ аст. Шуморо барои ин метавонанд аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум кунанд ва тибқи моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия аз ба қаламрави ин кишвар ворид шудан умран маҳрум кунанд.

Оё ман метавонам ба парвози чартерии ширкати Сомон Эйр ба Русия роҳ ёбам?

Не, наметавонед! Парвозҳои чартерӣ ба шаҳрҳои Русия, ки ҳоло ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад, бидуни мусофирон аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, яъне Душанберо бидуни мусофирон тарк мекунад.

Оё метавонам барои муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон парвоз кунам?

Сафорати Русия тавсия медиҳад, ки шаҳрвандоне, ки сафари кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон ва мақсади бозгашт аз онро доранд, то барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни ду кишвар аз он худдорӣ кунанд.

Боз дар кадом ҳолатҳо ба шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба Русия дода мешавад?

Мувофиқи қарори ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 марти соли 2020 № 635-р, шахсони зерин ҳаққи вурудро доранд, ки ҳуқуқи иқомат дошта бошанд:

– Агар шумо корманди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии (ва аъзои оилаи худ) давлатҳои хориҷӣ дар Русия бошед.

– Ронандагони мошинҳои боркаши роҳи нақлиёти байналмилалӣ, экипажи ҳавопаймоҳо,экипажҳои баҳрӣ ва дарёӣ, экипажҳои поезд ва локомотивҳои ҳаракати роҳи оҳани байналмилалӣ, кормандон, ки бо созишномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан муайян карда шудаанд.

– Аъзои ҳайатҳои расми ба Русия воридшаванда, бо дарназардошти пешниҳоди шахсони мушаххас ҳуҷҷатҳои дурусти тасдиқкунандаи шахсияти онҳо ва аз ҷониби Федератсияи Русия ба ин сифат эътирофшуда ва раводид ё ба тариқи бидуни раводид дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия.

– дар робита бо фавти хеши наздик дар Русия (ҳамсар, падару модар, фарзандон, волидайн, фарзандхондшуда, васӣ ва парастор), бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дурусти тасдиқкунандаи шахсияти онҳо ва аз ҷониби Федератсияи Русия ба ин сифат эътирофшуда ва нусхаи шаҳодатнома ё маълумотномаи фавт, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи муносибатҳо.

– шахсоне, ки аъзои оила (ҳамсар, волидон, фарзандон, фарзандхондагон), васиён ва парасторони шаҳрвандони Федератсияи Русия мебошанд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои эътиборноке, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд ва аз ҷониби Русия ба ин сифат эътироф карда мешаванд, бо назардошти нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи муносибатҳо. Ҳамзамон, шумо бояд бифаҳмед, ки ин ҷо сухан дар бораи хеши наздик меравад ва амак, хола, ҷиянҳо, бобоҳо қобили қабул нестанд.

Оё ба шумо маълумотнома оиди гирифтори COVID-19 набудан, лозим аст?

Ҳатман. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, бояд ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи набудани COVID-19 дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то омадан ба Русия, дар натиҷаи омӯзиш гирифта шудаанд. Агар шумо маълумотнома надошта бошед, пас ба шумо иҷозаи парвоз намедиҳанд.

Оё барои меҳмонони Русия карантин вуҷуд дорад?

Карантини дуҳафтаина бекор карда шуд. Аммо пас аз расидан ба Русия, шумо бояд бори дигар санҷиш барои набудани коронавирусро супоред ва то замони гирифтани натиҷаҳои он, дар худмаҳдудкунӣ (самоизоляция) бимонед. Ҳамин талабот нисбати шаҳрвандони Русия низ татбиқ карда мешавад.

Агар натиҷаҳои санҷиши коронавирус мусбат бошанд, воридшудагон бояд то барқароршавӣ ва гирифтани натиҷаҳои манфии санҷиши коронавирус дар ҷои истиқомати худ бимонанд. Дар ин маврид, тамосро бо аъзои оилае, ки ба COVID-19 сироят нашудаанд, қатъ кардан зарур аст.

Дар хотир дошта бошед, ки ҳамаи қоидаҳои муқарраршуда ё баъзеи онҳо метавонанд тағир ёбанд, ин аз вазъи эпидемиологӣ вобаста аст. Мақомоти Русия нақша доранд, ки дар шаҳрҳои калон чораҳои маҳдудкуниро дубора ҷорӣ кунанд.

Skip to toolbar