fbpx

Аз иҷозаи Ҳаҷи умра ба тоҷикон ва роҳбандиҳо дар вақти савганди Эмомалӣ Раҳмон: Мухтасари хабарҳои муҳими рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Islam.ru

Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Ҳаҷро дод

Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро шомили кишварҳое кард, ки шаҳрвандонашон ҳақ доранд маросими Умраро ба ҷо биоранд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дини Тоҷикистон. Ин тасмим дар доираи марҳилаи сеюми содатар кардани меъёрҳои маҳдудкунанада дар давраи ҳамагирии коронавирус гирифта шудааст.

“Мо дар расонаҳо хондем, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Умра карданро додааст.  Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон ба умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гуруҳи аввал ҳастанд”,-гуфт сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷҷи Умраро анҷом дода буданд.

Гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон ба 11 ҳазор наздик мешавад

Ба ҳолати шоми 29-уми октябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 нафар ба коронавирус мубтало шуда, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 10939 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 82 нафар фавтидаанд.  Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10128 нафар шуд.

Ба кормандони сохторҳои қудратӣ равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ иҷоза шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон як қатор тағйироту иловаҳоро ба чанде аз қонунҳо, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда, вакилон онро дастгирӣ намуданд, тасдиқ кард.

Аз ҷумла, ба чанде аз қонунҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бар асоси он ба кормандони ин мақомот ҷиҳати равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми адои хизмат иҷоза дода мешавад, тағйироту илова ворид шуд.

Вакилон гуфтаанд, ҳангоми адои хизмат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ набояд аз ҳисоби худ маблағ пардохт кунанд.

Зимни истифода аз хизматрасонии таксӣ чунин имтиёз пешбинӣ нашудааст.

Кумитаи андоз қарздорони асосии худро номбар кард

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷамъоварии андоз зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд.

Даромадҳо ба буҷет аз ҳисоби ҷамъоварии андоз дар ин давра ба ҷойи беш аз 8,1 млрд сомонии пешбинишуда наздики 7,5 млрд сомониро ташкил додаанд, ки 7,9% камтар аст, хабар медиҳад Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (22 млн сомонӣ), ҶСК “Тоҷиктелеком” (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) ва ғайра ба вуҷуд омадааст.

Қобили зикр аст, ки қисмати зиёд ё пурраи бастаҳои назоратии саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (95%), ҶСК “ТАЛКО” (100%), ҶСК “Тоҷиктелеком” (95%), фурудгоҳҳо (100%), ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” (100%) дар ихтиёри ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Муфтии Тоҷикистон: “Пайғамбар барои мусалмонҳо аз ҷонашон азизтар аст”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон ба қазияи намоиши корикатурҳои паёмбари Ислом дар Фаронса аз сӯйи як муаллим дар мактаб, сар буридани муаллим аз ҷониби як мусулмони наврас ва вокунишҳои раисҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон ибрози назар кард.

Абдуқодирзода гуфтааст, ки масъалаи динӣ, масхараву таҳқир кардани чӣ шиорҳои исломӣ бошад чӣ шахсиятҳои олами ислом, як мавзуъи ҳассос аст.  Ҳол он ки, Пайғамбар яке аз асосҳо ва шахсиятҳои муҳимми исломӣ ҳастанд.

“Ҳоло шахсияти пайғамбарро як тараф мегузорем, бигирем агар падару модар ё ҳамсари кадом роҳбари давлатро масхара карда бошанд, он раҳбари давлат шахси масхаракардаро  то тамоми маҳкамаҳо мекашад ва паси панҷара мебарад ва ҳатто намегузорад, ки ҷон ба саломат бибарад. Агар чунин бошад, паёмбари ислом барои мусалмонҳо аз падару модар, аз ҳама болотар аст, ҳатто аз ҷонашон. Яъне ба шуури мусалмон расидан, ба торҳои ҳассоси эътиқоди ӯ нохун задан, ба мисли ханҷар задан ба ҷони ӯст”,- гуфтааст муфтии Тоҷикистон.

Вақти савгандёкунии президент баъзе роҳҳои Душанбе баста мешаванд

Ба далели маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонӣ 30 октябри соли 2020 дар баъзе кучаҳои пойтахт ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ мегардад.

Аз соати 06:00-и субҳ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, аз кӯчаи И.Сомонӣ то Бухоро-кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шевченко то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Шероз то М.Турсунзода, кӯчаи Бохтар, аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи М.Миршакар, хиёбони Рӯдакӣ- аз кӯчаи Карамов то Бухоро, кӯчаи У.Хайём, аз кӯчаи Шарқ то кӯчаи Карамов ва кӯчаи И.Сомонӣ – гардиши кӯчаи Ҳ.Шерозӣ то анҷоми паради низомӣ  муваққатан маҳдуд карда мешавад.

ВУД Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯз аз кӯчаҳои С.Айнӣ, С.Шерозӣ, А. Дониш, Дӯстии халқҳо то давродаври кӯчаи Лоҳутӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ  ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend