Дар мусобиқоти Қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Ҷакартаи кишвари Индонезия миёни наврасон баргузор гардид, варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода сазовори нишони тило шуд.
Ӯ аввалин бонуи ҷудокор аз Тоҷикистон аст, ки аз ин мусобиқа соҳиби медали тило гардид. Қаблан Мадина Қурбонзода дар мусобиқаи байналмилалалии “Grand Slam Душанбе 2025” соҳиби медали биринҷӣ шуда буд, ки он замон низ аз байни бонувони варзишгари тоҷик нахустин шуда медали “Тоскулоҳи бузург”-ро сазовор гардид.
Муаллифи Your.tj бо мураббӣ ва падари Мадина Қурбонзода, ки дар риштаи ҷудои тоҷик таърихсозӣ кард, суҳбат орост. Онҳо заҳматписандӣ ва орзуҳои бузурги варзишгарбонуи умедбахшро шарҳ доданд.
Аввалин дастовард – туҳфа ба зодрӯзи мураббӣ
Мадина Қурбонзода дар толори варзишии “Кангурт” зери роҳбарии мураббӣ Муртазо Носиров тамрин мекунад. Мураббӣ аз дастоварди беназири шогирдаш хурсанд буда, ба комёбӣ расиданашонро аз заҳматписандии Мадина медонад.
“Духтарак моҳҳои марти соли 2022 ба толори варзишии “Кангурт”-и шаҳри Душанбе омада, машқу тамринро идома дод. Бо ӯ тӯли 3 моҳ машқ кардем. Пас аз он ба Ҷумҳурии Кабардино-Балкарии Русия сафар карда, ҳафтаеро бо машқҳои дастаҷамъӣ гузаронидем.
Ҳанӯз он замон маълум буд, ки Мадина лаёқати хуберо доро буда, усулҳои нави гӯштингириро тез аз худ карда, онҳоро дар мавриди зарурӣ татбиқ карда метавонад. Баъд боз ба Ватан баргашта, машқҳоро идома додем. Дар пеш Мадинаро мусобиқоти зиёд дар дохилу хориҷи кишвар интизор буд ва мо итминон доштем, ки натиҷаҳои назаррасро соҳиб мешавем”, – ба ёд овард мураббӣ.
Тавре Муртазо Носиров нақл кард, 8-уми апрели 2023 дар шаҳри Қаршии Узбекистон Ҷоми Президенти ин кишвар дар миёни наврасони соли таваллудашон 2006-2008 баргузор шуда буд. Дар он Мадина бо вазни 48 кг ба майдони сабқат баромаду 4 рақибро шикаст дод. Ҳамин тавр, ӯ нахустин медали тилояшро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба даст овард.
“Он рӯз барои ман фаромӯшношуданӣ буд. Чун рӯзи зодрӯзам буд ва шогирдам баъд аз ба даст овардани медали тило гуфт, ки “медалро ба Шумо ба рӯзи зодрӯзатон мебахшам”. Барои ман ин туҳфаи бебаҳо ва барои шогирдам дастоварди аввалин дар чунин сатҳ буд”, – бо эҳсос қисса кард мураббӣ.
Натиҷаҳои назаррас дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ
Қаҳрамони мо баъд аз гирифтани аввалин медали тило дар хориҷа боз барои машқу тамрин вақти бештарро ҷудо кард. Бо мураббияш ба машқҳои дастаҷамъӣ пайваста, барои ширкат дар мусобиқоти дохиливу хориҷӣ тайёрӣ дид.
Шогирди лаёқатмандам дар мусобиқоте, ки дар кишварҳои Туркия, Беларус, Гурҷистон ва Узбекистон сурат гирифта буд, дар миёни наврасону ҷавонон сабқат карда, медалҳои биринҷӣ, нуқра ва тилоро ба даст овард.
Ӯ ягона ҷудокор миёни занон аз Тоҷикистон мебошад, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Булғористон ширкат варзид.
“Дар ин мусобиқа аз 71 давлати ҷаҳон 550 ҷудокор иштирок дошт ва дар вазни Мадина 40 варзишгар сабти ном шуда буд. Вай 4 рақибашро шикаст дод. Вале, мутаасифона, аз ду рақиби дигараш мағлуб шуда, дар сафи панҷгонаи беҳтаринҳо дар вазни худаш қарор гирифт”, – шарҳ дод Муртазо Носиров.
Соли пурбарору хотирмон
Барои Мадина Қурбонзода соли 2025 низ хотирмону пурбарор шуд. Вай аз моҳи марти соли ҷорӣ то имрӯз дар 12 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзид. Аз ин мусобиқот соҳиби 10 медал шуд, аз ҷумла, 5 тило, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ.
Ҳамзамон, дар 7 мусобиқаи болозикр, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии Ҷудо (IJF) доир шуда буд, 7 медал ба даст овард.
“Як махсусияти Мадина Қурбонзода дар он аст, ки дар кори машқу тамрин ҷиддиву меҳнатдӯст мебошад. Падару модараш барои ба варзиш машғул шудани духтарашон монеъ намешаванд.
Дастгирии волидон барои ҳар варзишгарбону муҳиму тақдирсоз аст. Кӯшиши ӯву мо ба он равона мешавад, ки парчами Тоҷикистонро дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ боло бардошта, варзиши тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ кунем”, – хулоса кард мураббии қаҳрамони мо.
Набудани рақиби духтар ва гӯштин бо писарон
Рустам Қурбонов падари Мадина Қурбонзода аст. Ӯ соҳиби як писар ва панҷ духтар мебошад. Ин оила дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад.
“Мадина духтари сеюми ман аст. Ӯ аз 5 солагӣ ба гӯштингирии бародараш, ки дар деҳаи ҳамсоя машқ мекард, завқ пайдо кард. Ба ман мегуфт, ки усулҳои гӯштингириро ёд диҳед. Ба вай усули сари китфро ёд додам. Пас аз он дар хона ин усулро истифода бурда, апаҳояшро ба замин ҳаво медод. Дар иди Наврӯзи деҳаамон бо 7 писарак гӯштин гирифта, ба онҳо ғолиб омад.
Баъдан бо ҳамроҳии акааш ба деҳаи ҳамсоя барои машқ равон кардем. Аз байн ду моҳ нагузашта, хеле тағйир ёфт. Дар нахустин мусобиқот аз байни духтарон рақиб надошт. Писаронро дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ ба бохт дучор мекард. Модараш барои варзишгар шудани Мадина розӣ набуд, лекин ман розӣ будам”, – нақл кард Рустам Қурбонов.
“Духтарам орзуи маро амалӣ мекунад”
Падари Мадина Қурбонзода хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар соли 1998 аст. Ӯ мегӯяд, ки дар варзиши касбӣ натавонист, ба ҳадафаш бирасад. Аз ин рӯ, Мадинаро дастгирӣ кард, то варзишгари номӣ шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
“Вақте Мадина чанде пеш соҳиби медали тило шуд, вуҷуди мо, волидонро эҳсосе хуше фаро гирифт. Агар як кори хубу ба аҳсан гуфтан арзандаи фарзандро бинед, баъд мефаҳмед, ки чӣ эҳсосе вуҷудатонро фаро мегирад. Ман аз шодӣ гиря кардам”, – афзуд падари варзишгар.
Туҳфаи бебаҳои духтар
Ӯ аз аввал бовар дошт, ки заҳматҳои духтараш бесамар намемонад. Нахустин гӯштингириҳои Мадина дар рӯйи сабзаи хок оғоз шуд. Ӯ намеҳаросид, вақте дар майдон бо писарон гӯштин мегирифт.
Мисол, соли 2020 дар Ҷоми Самарқанд дар кишвари Узбекистон иштирок дошт, бо писарбача сабқат карда, медали тило ба даст овард.
“Аввалин шоҳҷоизаи духтарамро хуб дар ёд дорам. Он мусобиқа дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифт ва ба барандаи Шоҳҷоиза мошин тақдим шуд. Духтарам онро ба хонаи маъюбон туҳфа кард. Бори дуюм дар мусобиқоте, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид, барои ғалаба мошин ҳамчун мукофот гирифт. Онро ба падараш туҳфа кард”, – бо эҳсос афзуд падари варзишгардухтар.
Имрӯз волидон ифтихор доранд, ки Мадина чанде пеш унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудоро соҳиб шуд. Онҳо даст ба дуо ҳастанд, ки орзуи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистонро, ки духтарашон дар дил мепарварад, ҷомаи амал пӯшад.
Мадина Қурбонзода хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст. Ӯ ҳоло дар ихтсоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври ғоибона таҳсил мекунад.
Файзуллохон Обидов