Дар давоми 11 моҳи соли 2019 беш аз 8,7 ҳазор тоҷикистониён иштирокчии барномаи давлатӣ оид ба кӯчонидани ҳамватанон ба Федератсияи Русия гардиданд. Беш аз 6,7 ҳазори онҳо дар соли гузашта аллакай аз Тоҷикистон рафтанд.
Мувофиқи маълумоти намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон, шумораи хоҳишмандони истифоданамои аз барномаи кӯчонидан 25% афзудааст.
Дар соли нави 2020-ум Намояндагии ВКД Русия ният дорад ба тартиби бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши ба машваратҳои нахустин роҳ ёфтанро доранд, тағирот ворид намояд. Дар ин масъала чӣ дигаргуниҳо мешаванд дида мебароем ва ёдрас мекунем, ки кӣ метавонад иштирокчии Барнома гардад.
Ба машварат чӣ тавр сабти ном кардан мумкин аст?
Хоҳишмандони машварати нахустин метавонанд дар охирон рӯзи кории моҳи сипаришудаистода бо рақамҳои +992 900900840 и +992 900900850 сабти ном намоянд. Масалан, барои моҳи феврал, сабтнамоӣ 31 январ аз соати 10и рӯз шурӯъ мегардад ва то лаҳзаи пурра шудани рӯйхат идома меёбад.
Ба машварати нахустин бо кӯмаки низоми электронии сабти онлайнӣ метавон сабт шуд. Оид ба оғози сабти онлайнӣ дар сомонаи расмии сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, дар қисмати «Государственная программа переселения соотечественников» (“Барномаи давлатӣ оид ба кӯчонидани ҳамватанон”) хабар дода мешавад.
Пас аз сабти телефонӣ чӣ бояд кард?
Ҳангоми муроҷиати телефонӣ ба шаҳрванд санаи машварат хабар дода мешавад. Худи машварат, ки дар он ба муроҷиаткунанда дар бораи он ки ӯ дар барнома иштирок карда метавонад ё не, мегӯянд, дар санаи муайянкардашуда аз соати 15 то 17, дар суроғаи: ш. Душанбе, кӯч. Л. Тостой, х.67, баргузор мегардад.
Бо худ доштани шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома, ҳуҷҷат оид ба маълумот, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуччатҳои дигар (аз рӯи хоҳиши муроҷиаткунанда) ҳатмӣ мебошанд.
Ҳамчунин дар соли 2020 Намояндагии ВКД ФР ният дорад қабули шаҳрвандон ба машварати нахустинро дар Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд ба роҳ монад.
Ба онҷо шаҳрвандони ҶТ, ки дар қаламрави вилояти Суғд зиндагӣ менамоянд, метавонанд муроҷиат кунанд. Оид ба ин низ дар сомонаи расмии сафоратхонаи Руссия, дар қисмати «Государственная программа переселения соотечественников», (“Барномаи давлатӣ оид ба кӯчонидани ҳамватанон”) хабар дода мешавад.
Кӣ метавонад иштиркчии барномаи кӯчонидани ҳамваанон гардад?
Дар барнома метавонанд иштирок кунанд:
- Онҳое, ки берун аз ФР зиндагӣ мекунанд, аммо ба халқиятҳое, ки дар Русия иқомат мекунанд, тааллуқ доранд.
- Хешовандони сокинони Русия (хешигарии мустақим).
- Собиқ шаҳрвандони Иттифоқи Шӯравӣ ва сокинони кишварҳое, ки ба ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ шомил буданд.
- Муҳоҷирон аз Русия, ҶШСФР, ҷумҳурии Русия ва ғ.
Хоҳишманди иштирокчии барномаи кӯчонидани ҳамватанон бояд нафари ба балоғатрасида ва қобили меҳнат бошад. Доғи судӣ надошта бошад. Забони русиро донад, таҷрибаи корӣ, маълумоти махсус дошта бошад, то ин ки аз рӯи ихтисосаш кори арзандаро ёфта тавонад.
Шахсоне, ки воридшавиашон ба қаламрави ФР манъ шудааст (депорт, ихроҷи маъмурӣ, манъи воридшавӣ) ҳаққи иштирок дар барномаро надоранд.
Ба аъзои оилаи иштирокчии барнома киҳо шомиланд?
Ба аъзоёни иштирокчии барномаи кӯчбандӣ бо Қарори Президент, ки барномаро тасдиқ кардааст, инҳо шомиланд:
Ҳамсар;
Кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони кӯдакони ба фарзандӣ гирифташудаи онҳо ва ё таҳти васоят ва ё парасторӣ қарордошта;
Кӯдакони ҳамсари иштирокчии Барномаи давлатӣ;
Волидони иштирокчии барнома ва волидони ҳамсари ӯ;
Додарону хоҳарони иштирокчии барнома ва ҳамсари ӯ;
Фарзандони додарону хоҳарони иштирокчии барнома ва ҳамсари ӯ, аз ҷумла кӯдакони ба фарзандӣ гирифташудаи онҳо ва ё таҳти васоят ва ё парасторӣ қарордошта;
Бобоёну бибиёни иштирокчии барнома ва ҳамсари ӯ;
Наберагон.
Аз соли нав ҳамчунин тағирот ба Барномаи давлатӣ оид ба кӯчонидани ҳамватанон амалӣ мешавад, ки мувофиқи он, ҳангоми никоҳ кардан ва ё таваллуди фарзанд, аъзоёни нави оиларо ба шаҳодатномаи иштирокчии барнома то замони кӯчбандӣ метавон ворид намуд.
Пас аз машварат чӣ бояд кард?
Аз рӯи натиҷаи машварат, дар сурати ба ҳамватанӣ пазируфта шудани муроҷиаткунанда, бо ӯ санаи супоридани ариза оид ба иштирок дар Барномаи давлатӣ ва пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ мувофиқа карда мешавад. Дар намояндагии ВКД талон бо рӯз ва соати аризасупорӣ дода мешавад.
Баъд мебояд ариза оид ба иштирокро тартиб дода розигии мақомоти маҳалии ҳокимияти маҳалии барои иқомат интихобгардидаро мунтазир шуд.
Пас аз шаст рӯз ба номзад шаҳодтаномаи иштирокчии Барномаи давлатӣ ба мӯҳлати се сол дода мешавад, ки мувофиқи он иштирокчӣ бояд дар ин мӯҳлат бо аъзоёни оилааш ба Русия кӯчида шаҳрвандии ФР-ро ба даст орад.