Буҷети Тоҷикистон 25 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Қарзи берунии Тоҷикистон то 4,1 млрд зиёд мешавад.

Акс аз сомонаи Norma.uz

Тоҷикистон дар 3 моҳ ба маблағи $52 млн кумаки башардӯстона гирифт

Дар семоҳаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 52 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2021 (ҳудуди 13 млн доллар) ин миқдор 4 баробар зиёд аст.

Дар семоҳаи аввали имсол кумаки башардӯстона бо вазни умумии 4,9 тонна аз 44 кишвар ба Тоҷикистон ворид шуда, дар ҳамин давраи соли гузашта он дар ҳаҷми 4,1 тонна аз 39 кишвар фиристода шуда буд.

Дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи давоми моҳҳои январ-марти имсол ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 40%-аш ба ИМА ва 37-аш ба Чин рост меояд. Арзиши кумаки расида аз ИМА зиёда аз 20 млн доллар ва аз Чин – наздики 19 млн долларро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои мададрасон аз рӯи арзиши кумак инчунин Ҷопон (7,2% аз ҳаҷми умумии арзиш), Ҳиндустон (4,8%), Ӯзбекистон (2,7%), Русия (2,1%), Дания (1,7%), Туркия (1%) ҳиссаи нисбатан зиёд доранд. Ҳиссаи боқимонда 36 кишвари мададрасон ба камтар аз 1% баробар аст.

Дар Бохтар биноҳои театри лухтак ва Кохи “Ватанро” вайрон мекунанд

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои театри вилоятии лухтак – “Афсона” тахриб ва ба ҷойи он бинои баландошёни истиқоматӣ сохта мешавад.

Дар ин бора мудири театр Хайрулло Давлатов, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод ва навиштааст, ки атрофи бинояшонро чапарбандӣ карда, барои тахриб карданаш омодагӣ гирифта истодаанд.

Дар шаҳрдории Бохтар ба “Азия-Плюс” бо таъйиди тахриб кардани бинои театр гуфтанд, ки ба ҷойи он хонаи баландошёна сохта мешавад.

Як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфт, ки мувофиқи нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи муфассал дар маркази шаҳр 25 гектар замин барои сохтмон пешбинӣ шудааст. Ин сохтмонҳо асосан дар кӯчаи Садриддин Айни сурат мегиранд. Дар ҷойи театр ширкати сохтмонии “Ориён сохтмон” бинои 16-қабата хоҳад сохт.

Ин дар ҳолест, ки сарнавишти театри лӯхтаки “Афсона” то ба имрӯз норӯшан аст, ки ба куҷо кӯчонда мешавад.

Ин бино, қаблан бинои театри вилоятии  ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Бохтар буд. Соли 2015 баъди бунёди бинои нави театр, дар бино театри лӯхтак, МД “Хатлонсинамо”, Шуъбаи сабти ҳолати шаҳрвандии вилоят, маҷалаи “Меҳровар” ҷой карда шуданд. Аз ин ба баъд тақдири ин муассисаҳо низ номаълум боқӣ мондааст.

Танҳо мудири шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода хабар дод, ки онҳо аз қабл омодагӣ гирифта буданд ва бинои собиқи Раёсати фарҳанги вилоятро дар маҳаллаи “Хатлон” таъмир кардааанд ва ба он ҷо мекӯчанд.

Дар ҳоли ҳозир, сохтмончиён алакай ба корҳои тунукабандии атрофи бинои театр шуруъ кардаанд ва рӯзҳои наздик ба тахриб кардани бино оғоз хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҳамчунин хабарҳо бар бораи тахриб кардани кардани Кохи “Ватан” дар маркази вилоят низ мерасанд. Кохи “Ватан” дар гузашта бо номи кинотеатри “Ватан” машҳур буд.

Дар шаҳрдории Бохтар гуфтанд, ки як соҳибкор бо ҳукумати вилоят шартномаи сетарафа ба имзо расонидаанд. Мувофиқи ваъдаи соҳибкор дар инҷо як маҷмаъаи хизматрасонии бузург, аз ҷумла меҳмонхона сохта мешавад. Кохи “Ватан” дар байни ин маҷмаъа ба таври замонавӣ аз нав сохта мешавад.

Дар ин бино низ, дар ҳоли ҳозир чандин дастаҳои Раёсати фарҳанг фаъолият мекарданд, ки акнун ба таҳхонаи қасри фарҳанги шаҳри Бохтар кӯч бастаанд.

Буҷети Тоҷикистон 25 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 7,1 млрд сомонӣ (570 млн доллар)-ро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда 4,5% ё худ 310 млн сомонӣ (ҳудуди 25 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи дақиқшуда мебошад.

Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет ба афзоиши баланди воридоти маблағ аз пардохти андозҳо, ки ҳиссаи он дар қисмати даромади буҷет беш аз 72%-ро ташкил медиҳад, марбут дониста мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳиссаи пардохти андозҳо дар буҷети ҷумҳурӣ 68%-ро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағ аз пардохти андозҳо танҳо дар зарфи ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 18,1% (507 млн сомонӣ) афзудааст.

Маблағи пардохти андоз дар ин давра зиёда аз 3,3 млрд сомониро ташкил додааст, ки 3,4% зиёдтар аз нақшаи дақиқшуда мебошад.

Барзиёд иҷро шудани нишондиҳандаҳо тариқи афзоиши пардохти андозҳои асосӣ – ААИ, аксиз ва андоз аз даромад (пештар – андоз аз даромад ва андоз аз фоида) таъмин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт, ки дар он аз рӯи баъзе андозҳо меъёрҳои сабуктар зикр шудааст. Масалан, меъёри стандартии ААИ, ки беш аз 40% аз воридоти маблағ аз андозҳоро дар буҷет ташкил медиҳад, аз 18% то ба 15% поин рафтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 афзоиши даромадҳо ба буҷетро дар сатҳи 19,4% пешбинӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон ба маблағи 33 млрд сомонӣ (2,5 млрд доллар) тасдиқ шудааст.

Сарчашмаҳои асосии воридоти маблағ ба буҷети Тоҷикистон ҳамеша андозҳо дониста мешаванд, ки ҳиссаи солонаи онҳо дар даромад ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар тайи даҳсолаи ахир (солҳои 2012-2021) ба ҳисоби миёна 68%-ро ташкил медиҳад.

“Ош каду”-и тоҷикӣ заминҳои кишти Ӯзбекистонро фаро мегирад

Дар заминҳои кишти Ӯзбекистон ба парвариши якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷик шурӯъ карданд.

Тавре ки дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон хабар дода мешавад, Ӯзбекистон бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷикро, ки ҳосили баланд медиҳад, ба кишвар ворид намуда, парвариши он дар хоҷагиҳои ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Гуфта мешавад, имрӯз ин тухмиҳо дар хоҷагиҳои пешрафтаи тухмипарварӣ кишт шуда, онҳо мавриди озмоиш ва нашъунамояшон дар шароити гуногуни иқтлимиву хокӣ санҷида мешавад.

Аз ҷумла, ба хоҷагии тухмипарварии “Мингбӯлоқ”-и вилояти Намангон тухмии кадуҳои навъи «Лагмани», «Ленинабадская», «Одесская», «Ош каду», «Атлас каду», «Сурх каду» оварда шудааст.

Ҳадафи асосӣ зиёд кардани тухмӣ ва дар оянда бо тухмии кадуи арзону хушсифат таъмин намудани агрокластерҳо, деҳқонон ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ мебошад.

Дар хоҷагиҳои тухмипарварии пешрафтаи вилояти Сурхонарё низ чунин корҳо роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки зимни сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар доираи шиносоӣ бо маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд дастур дода шуд, ки ҷиҳати парвариши каду аз навъҳои тухмии Тоҷикистон байни Вазоратҳои кишоварзии ҳарду кишвар ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.