fbpx

Як мард дар ноҳияи Б. Ғафуров ҳамсарашро дар хона буриши қайсарӣ (кесаревосечение) кардааст

Дар натиҷаи ин кор зан ва кӯдак фавтиданд.


1
1 point
Марде дар Турсунзода ҳамсарашро кушт
Акс аз сомонаи inbusiness.kz

Суди вилояти Суғд, як сокини ноҳияи Б. Ғафуровро барои қатли ҳамсараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Ҷангазиев Ваҳобҷон  санаи 14 январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, деҳоти Чашмасор ҳамасари ҳомилаашро  худсарона буриши қайсарӣ (Кесаревосечение ) кардааст, ки дар натиҷаи он ҳам кӯдак ва ҳам зан вафот кардаанд.

“Ҷангазиев Ваҳобҷон ҳангоми ҳамсараш  Дӯстматова М.Ҳ. дар вазъи ҳомиладории муҳлати 39 ҳафта ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор гардида, аз ӯ ёрии таъҷилӣ мехоҳад, ӯро бо зудӣ ба  таваллудхона набурда, қасди шахсан бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан намуда, ӯ дидаю дониста, ки ин кирдор барои ҳаёти ҳамсару кӯдак хавфнок буда,  дар мавриди ҷарроҳии ғайриихтисосӣ оқибатҳои вазнин, яъне фавти ҳамсар ва кӯдак мумкин аст фаро расад, тахминан 04:20 дақиқа бо корди хоҷагӣ шиками  ӯро бурида кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, ба берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои  наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониста ҳамсараш вафот менамояд”, – менависад Додситонии кулл.

Бо ҳукми суди вилояти Суғд, Ҷангазиев В.Н. бо моддаи 104 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштори зани  ҳомиладор муқаррар менамояд, гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии  дорои низоми сахт таъин карда шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
5
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend