Дар кӯдакӣ Фирӯза Давлатова орзуи чунин лӯхтакҳоро мекард ва имрӯз худ онҳоро месозад. Натиҷаи шавқу ҳаваси зиёд ба эҷодкорӣ ва кори дастӣ буд, ки ӯ бренди шахсии Handiworks_tj-ро таъсис дод ва ба сохтани бозичаҳои зебо оғоз кард.
Фирӯза мехоҳад, ки лӯхтакҳои ӯ барои ҳар харидор дӯсти воқеӣ бошанд ва эҳсосоти поки шодиву самимиятро бедор кунанд.
Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj Фирӯза дар бораи офаридани лӯхтакҳое нақл кард, ки як замон орзу мекард.
“Мехоҳам кӯдакони мо он чизеро дошта бошанд, ки орзу мекунанд”
Фирӯза кайҳо боз ба кори дастӣ майл дошт, аммо муддати дароз наметавонист ба ин кор ҷиддӣ машғул шавад. Танҳо вақте фарзандонаш калонтар шуданд, тавонист вақташро ба кори дӯстдоштааш бахшад.
Ба гуфтаи ӯ, дар оғоз аз масолеҳи гуногун, ба мисли гаҷ, қоғазмоя ва семент ҳар гуна чиз месохт.
Аммо баъдан роҳи эҷодро иваз кард ва ба сохтани лӯхтакҳо рӯй овард.
“Лӯхтаки аввалинам ростӣ каме тарснок буд, аммо ниҳоят дӯстдоштанӣ буд. То ҳол онро нигоҳ медорам. Бештар ба як ҷонвараки хурде монанд аст, на ба лӯхтак, вале наметавонам аз он ҷудо шавам”,- мегӯяд Фирӯза.
Ба гуфтаи ӯ, илҳом барои сохтани лӯхтакҳо аз орзуҳоии кӯдакиаш омадааст. Вақте хурд буд, чунин бозичаҳоро орзу мекард, имрӯз бошад, худаш онҳоро медӯзад ва месозад.
“Ёд дорам, дар кӯдакӣ чунин лӯхтакҳоро дар маҷаллаҳо медидам ва орзу мекардам. Аз ҳамин сабаб мехоҳам кӯдакони мо низ он чизеро дошта бошанд, ки воқеан орзу мекунанд”,- таъкид мекунад қаҳрамони мо.
“Танҳо чизеро истифода мекунам, ки ба даст гирифтанаш форам аст”
Фирӯза барои сохтани лӯхтакҳо танҳо маводеро истифода мебарад, ки ба даст гирифтани он хуш меояд.
Ӯ ба ҳиссиёти даст пурра бовар дорад ва масолеҳеро, ки ба худи ӯ нохуш аст, истифода намекунад.
“Рангҳои нармро бисёр дӯст медорам. Медӯзам, бо сихҳо ва чангаки бофандагӣ мебофам. Каме расмкашӣ ҳам мекунам.
Ман намедонам, то чӣ андоза меъёру анъанаҳои кори дастиро риоя мекунам, аммо мехоҳам сифати корҳоям дар сатҳи баланд бошад, ин барои ман бисёр муҳим аст”,- мегӯяд ӯ.
Офаридани як лӯхтак аз Фирӯза тақрибан 2-3 рӯз вақт мегирад. Вале чун кори эҷодиро якҷо бо корҳои дигар пеш мебарад, ба сохтани лӯхтакҳо вақте машғул мешавад, ки ҳавсала ва вақти фориғ дошта бошад.
Бо вуҷуди ин, қаҳрамони мо мегӯяд, ки агар ба касе фавран лӯхтак лозим бошад, ӯ кӯшиш мекунад, то корро сари вақт анҷом диҳад.
“Ман кори эҷодиро аз сидқ дӯст медорам. Аз ҳама мушкилаш вақт пайдо кардан аст. Аммо худи раванди эҷод як истироҳати том аст”,- мегӯяд Фирӯза.
Беш аз ҳама, Фирӯза орзу дорад, ҳар кӯдак ё калонсоле, ки лӯхтаки сохтаи ӯро ба даст мегирад, фаҳмад, ки ин маҳз ҳамон чизест, ки мехост.
Барои Фирӯза бисёр муҳим аст, ки лӯхтак на танҳо бозича, балки як ашёи рамзӣ, дӯсте бошад, ки аз ӯ дур шудан ғайриимкон аст ва ҳузураш эҳсоси шодӣ ва хушнудӣ мебахшад.
Қаҳрамони мо умедвор аст, ки дар оянда корҳои дастии ӯ ба пешбурди фарҳанги тоҷикӣ низ саҳм мегузоранд.
“Ҳамеша фикр мекунам, ки чӣ гуна унсурҳои фарҳанги худро ба корҳоям ворид кунам. Вале аввал бояд инро худам дар дохил эҳсос кунам. Аз ҳамин сабаб ҳоло дар ҷустуҷӯ ҳастам”,- нақл мекунад ӯ.
Фирӯза кушодани устохонаи шахсиеро, ки дар он тавонад ҳам худ эҷод кунад ва ҳам кор барад, дар нақша дорад.
Вай инчунин орзу дорад, ки ба мардум имконият диҳад, то онҳо низ бо дасти худ чизе бисозанд, эҳсос кунанд, таҷриба андӯзанд ва вақти худро бо манфиат ва шавқу завқ гузаронанд.
“Бисёр мехостам ҳар касе, ба устохона меояд, ҳам истироҳат кунад, ҳам чизеро, ки бо дасти худ сохтааст, бо худ бубарад. Ҳамчунин орзу дорам коллексияи худамро созам, аммо эҳтимол ин душвортарин қисмати роҳам хоҳад буд”,- илова мекунад Фирӯза.
Сомон Комилов, Your.tj
Тарҷумаи мутобиқшуда аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо
