Бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ. Чӣ тавр корманди иҷтимоӣ дар ин кор саҳм мегузорад

Дар шаҳри Душанбе аз лоиҳаи “Таҳкими малакаҳои касбии кормандони иҷтимоӣ оид ба пешгирии хасташавии касбӣ, ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва бунёди механизмҳои ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи ҷомеа барои дастгирии кӯдакони осебпазир” натиҷагирӣ карда шуд.

Дар лоиҳа кормандони иҷтимоӣ ҷалб гардида, омӯзиш гирифтанд ва дар мутобиқшавии кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда саҳми арзишманд доранд.

Ҳадафи ин лоиҳа таҳияи равишҳои ҳамаҷониба барои кор бо занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда мебошад.

Таҷрибаомӯзе, ки корманди иҷтимоӣ шуд

Бибимоҳ Рӯзиева панҷ сол аст, ки ҳамчун корманди иҷтимоӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии “Дилҳои кушода” бо оилаҳо ва кӯдакони осебпазир кор мекунад.

“Вақте ки донишҷӯ будам, бо дугонаам барои таҷрибаомӯзӣ ба ташкилоти “Дилҳои кушода” ҳамчун мутахассиси нутқ омадам. Дар он ҷо бори аввал бо корманди иҷтимоӣ ва вазифаҳои касбиаш шинос шудам. Аз ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки ман ҳам мехоҳам ин касбро интихоб кунам,” – нақл мекунад Бибимоҳ.

Аммо роҳи интихобкардаи Бибимоҳ осон набуд. Ӯ иқрор мешавад, ки дар аввал бо вуҷуди доштани хоҳиши зиёд барои кӯмак ба кӯдакони осебпазир, ҳанӯз дониш ва малакаҳои касбиаш пурра ташаккул наёфта буданд.

“Ман ҳолатҳои душворро хеле ба дил наздик мегирифтам, доим дар бораи кӯдакон ва оилаҳои онҳо фикр мекардам ва зуд хаста мешудам,” – мегӯяд ӯ.

Аммо маҳз иштирок дар лоиҳаи мазкур барои ӯ имконияти омӯзиш, рушд ва худшиносии касбиро фароҳам овард.

Дар рафти омӯзишҳо, супервизия ва интервизияҳо Бибимоҳ на танҳо донишҳои нав гирифт, балки омӯхт, ки бо мушкилот танҳо нест. Вай фаҳмид, ки маслиҳат бо ҳамкорон ва таҳлили муштараки ҳолат аз якчанд тараф ва нуқтаи назари дигар – ин калиди рушди касбӣ ва эҳсосии ӯст.

Имрӯз ба туфайли такмили донишу малакаҳои худ Бибимоҳ дар ин роҳ хеле пеш рафта, дар лоиҳа ба ҳайси супервизор интхоб шудааст.

Бибимоҳ Рӯзиева (аз рост)

“Корманди иҷтимоӣ шахсест, ки ба нафарони осебпазир рӯҳияву умед мебахшад”

Яке аз ҳолатҳое, ки барояш хотирмон, кӯмак ба Абдуллоҳи (ном иваз карда шудааст) 13-сола буд. Ин кӯдак дар минтақаи амалиётҳои ҷангӣ осеби ҷисмонӣ бардошта, мушкилоти биноӣ дошт. Абдуллоҳ ба ташхисҳои тиббӣ ниёз дошт, вале маркази саломатии маҳаллӣ имконияти пешниҳоди чунин ташхисро надошт.

Бибимоҳ бо истифода аз дониш ва роҳнамоии супервизор Розиқова Назира ба беморхонаи марказии “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе муроҷиати расмӣ анҷом дод. Дар аввал, дар бемористон кӯдакро қабул кардан намехостанд, вале баъд аз дахолати Бибимоҳ, Абдуллоҳ ҳамаи ташхисҳоро ройгон гузашт ва табобат гирифт. Ин қадами аввалини бозгашт ба таҳсил ва ҳаёти муқаррарӣ барои Абдуллоҳ гардид, ки зиндагии ӯро пурра тағйир дод.

Чунин дастгирӣ, ба гуфтаи Бибимоҳ, набояд танҳо бо як кӯдак маҳдуд шавад. Вай мунтазам кӯдакони дигарро низ ба марказҳои омӯзиши забон, чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, аз қабили барномаҳои сирк ва идҳои ҷамъиятӣ ҷалб мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “ин кӯдакон на танҳо малакаи муошират ва озодбаёнӣ меомӯзанд, балки ҳисси худбоварӣ пайдо мекунанд ва худро ҷузъи ҷомеа эҳсос мекунанд.”

“Дар тӯли панҷ сол, ман дарк кардам, ки бисёриҳо намефаҳмиданд, кормандони иҷтимоӣ чӣ кор бояд кунанд. Акнун натиҷаи кори моро мебинанд ва дарк мекунанд, корманди иҷтимоӣ он мутахассисест, ки шахсони осебпазирро ба ҷомеа бармегардонад ва ба онҳо рӯҳияву умед мебахшад”, – мегӯяд ӯ бо табассум.

Тавсия ба донишҷӯёне, ки мехоҳанд корманди иҷтимоӣ шаванд

Орзуи Бибимоҳ ин аст, ки мақом ва эътирофи кормандони иҷтимоӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар гардад ва ин касб ҳамчун муҳаррики умед ва такягоҳи иҷтимоӣ шинохта шавад.

“Ба кори иҷтимоӣ бо нияти нек ва дили гарм биёед. Омода бошед, ки пеш аз ҳама ба ҳолати равонии худ диққат диҳед ва хастишивии касбиро пешгирӣ кунед, зеро агар ба худ кӯмак карда тавонед, пас ба дигарон низ метавонед дасти ёрӣ дароз кунед,”- тавсия медиҳад Бибимоҳ ба ҷавононе, ки мехоҳанд ин касбро интихоб кунанд.

Қиссаи кӯдаконе, ки муваффақона ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд

Ёсамин, Комрон ва Сиёвуш (номҳои қаҳрамонон иваз карда шудааст) се кӯдак аз ноҳияи Фархор ҳастанд, ки соли 2019 пас аз гузаронидани солҳои душвор дар Ироқ ба Ватан баргаштанд.

Онҳо волидони худро аз даст дода буданд ва умеду меҳрубонӣ дар оила меҷустанд. Солҳои аввали пас аз баргаштан барои онҳо хеле сахт буданд. Гарчанде модаркалон доштанд, вале кӯдаконро аввал ба мактаб-интернат равона карданд ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба муҳити нав мутобиқ шаванд.

Ҳарчанд мушкилот зиёд буд, ҳар се кӯдак орзуҳои хурдсолонаи худро пайгирӣ мекарданд ва боварӣ ба оянда доштанд. Ёсамин, духтари калонӣ, мушкили нафаскашӣ дошт ва ба ҷарроҳии бинӣ ниёз дошт. Вале модаркалонаш барои табобат имкони молиявӣ надошт.

Бо корбарии корманди иҷтимоӣ Ёсамин ҷарроҳии худро ройгон гузаронд. Ҳозир вай дар синфи 4-ум таҳсил мекунад. Шуғли дӯстдоштааш расмкашӣ аст, Ба модаркалонаш низ дар корҳои хона ёрӣ мерасонад.

“Ман мехоҳам хуб таҳсил кунам ва дар оянда муаллимаи забони тоҷикӣ шавам”, – мегӯяд Ёсамин.

Комрон, бародари миёна, бо ҷузвдон ва либоси нави мактабӣ таъмин шуд. Вай футболро дӯст медорад ва ба хондану навиштан шавқи зиёд дорад.

“Ман мехоҳам ҳама чизро хуб донам ва дар оянда олим шавам”, – мегӯяд Комрон.

Сиёвуш, бародари хурдӣ, ба боғчаи кӯдакона меравад ва аввалин дӯстонашро пайдо кардааст. Вай ҳар саҳар бо шавқу завқ ба боғча меравад ва бо дигар кӯдакон бозӣ мекунад.

Ҳамакнун, бо дастгирии моддӣ ва маънавӣ, кӯдакон на танҳо таҳсил мекунанд, балки ба ҳаёти нав ворид шудаанд. Шодии онҳо далели он аст, ки ҳатто пас аз гузаронидани рӯзҳои душвор, кӯдакон метавонанд орзуҳои хурдсолонаи худро амалӣ созанд.

Имрӯз Ёсамин, Комрон ва Сиёвуш зиндагии ором ва боэътимод доранд. Ҳар қадами онҳо нишон медиҳад, ки муҳити мусоид ва корбарии саривақтии корманди иҷтимоӣ метавонад ба кӯдак нерӯ бахшад ва умедро дар дилаш зинда нигоҳ дорад

Натиҷагирӣ аз лоиҳа

Дар конфронси “Саҳми кори иҷтимоӣ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони осебпазир”, ки 25-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз лоиҳаи мазкур натиҷагирӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ беш аз 40 намояндаи мақомоти давлатӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ иштирок карданд.

Масъулони лоиҳа мегӯянд, ҳадафи асосии конфронс ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ, мубодилаи таҷриба ва баррасии роҳҳои устувори ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони осебпазир ва дастгирии кормандони иҷтимоӣ буд.

Дилшодов Назархудо, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс иброз дошт, ки “татбиқи барномаҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамкории байнисоҳавӣ имконият медиҳад, ки кӯдакони осебпазир ба таҳсил, хизматрасониҳои тиббӣ ва барқарорсозӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Ин на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки масъалаи ҳуқуқи инсон аст.”

Дилшодов Назархудо (аз чап)

Иштирокчиён инчунин мушкилоти асосии кӯдакони осебпазир, аз ҷумла набудани шароити мутобиқи таълимӣ барои кӯдакони дорои маъюбият, мушкили ҳуҷҷатгузорӣ ва зарурати омодасозии кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи кори иҷтимоиро баррасӣ карданд.

Тибқи тадқиқони нав оид ба ҳолати хасташавии касбии кормандони иҷтимоӣ, ки дар конфронс пешниҳод шуд, нишон медаҳад, ки зиёда аз 70 дарсади мутахассисон бо нишонаҳои гуногуни хасташавии касбӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

“Кормандони иҷтимоӣ яке аз сутунҳои асосии ҳифзи кӯдакон ба шумор мераванд. Барои он ки онҳо тавонанд кӯмак расонанд, худашон бояд дастгирӣ ва ҳифз шаванд. Барномаҳои омӯзишӣ, супервизия ва гурӯҳҳои худкӯмак яке аз роҳҳои муҳими пешгирии хасташавии касбӣ мебошанд”, – таъкид намуд Умеда Мунавварова, ҳамоҳангсози лоиҳа аз филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон.

Дар доираи ин лоиҳа гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯшониён таъсис ёфтанд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо кӯдак ва оилаҳои онҳо бо кумакҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Дар анҷоми конфронс иштирокчиён ба зарурати идомаи фаъолияти гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ, баланд бардоштани мақоми корманди иҷтимоӣ дар ҷомеа ва тавсеаи барномаҳои дастгирии кӯдакони осебпазир таъкид карданд.

Илова карда шуд, ки идомаи кори супервизия, гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки дар рафти лоиҳа ҷорӣ карда шудаанд, метавонанд минбаъд низ такмил дода, идома ёбанд ва хизматрасониҳои онҳо на танҳо ба шахсони осебпазири аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда, балки ба дигар гурӯҳҳо низ расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2022 то инҷониб дар чанд марҳила 381 занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки аз ин шумора 291 нафарашон кӯдакон мебошанд. Барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо мутахассисони кори иҷтимоӣ онҳоро дастгирӣ мекарданд.

Лоиҳаи “Таҳкими малакаҳои касбии кормандони иҷтимоӣ оид ба пешгирии хасташавии касбӣ, ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва бунёди механизмҳои ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи ҷомеа барои дастгирии кӯдакони осебпазир” бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон) амалӣ гардидааст.

Нақши Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар пешбурди на танҳо ин лоиҳа, балки лоиҳаҳои монанд барои дастгирии ҷомеаҳои осебпазир бузург аст.

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) аз соли 2018 бо ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии кӯдакони осебпазир, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба ватан баргардонида шудаанд, ҳамкорӣ мекунад. Ҳадаф аз он иборат аст, кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзада осебдида бармегарданд, ба ҷомеаҳои худ дубора мутобиқ ва ҳифз шаванд ва аз тамоми ҳуқуқҳояшон баробари кӯдакони дигар истифода баранд.

Skip to toolbar