Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Боздошти омӯзгори донишгоҳе дар Хуҷанд барои порагирӣ

Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Алиҷон Набиҷонов ба далели гирифтани пора барои ба донишгоҳ шомил сохтани довталабе дастгир шуд.

ВКД дар барномаи “Ахбори ВКД”, ки 19 июл нашр шуд, хабар медиҳад, ки Алиҷон Набиҷонов дар маркази шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда “бо ваъдаи ба воситаи шахсони мансабдори соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои олии таълимӣ барои ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат дохил кардани довталабе, ки сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ҳамчун пора 8 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст”.

Алиҷон Набиҷонови 36-сола саромӯзгори факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст.

Нисбати ӯ бо моддаи 319 кодекси ҷиноятӣ “гирифтани пора” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қонун ҷарима ба ҳаҷми калон ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 10 солро пешбинӣ намудааст.

Порагирӣ аз донишҷӯён дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳар сари чан вақт расонаӣ мешавад. Рӯзи 21-уми май Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти ду устоди мақомдори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо гумони гирифтани пора хабар дода буд.

Декан ва муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мондани баҳо аз як донишҷӯйи соли сеюми ихтисоси таърих, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, пора талаб карда дар пайи шикояти донишҷӯ ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ боздошт шуда буданд.

Skip to toolbar