Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони иҷрои амалҳои шаҳвонӣ бо духтарони ноболиғ

Як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе бо гумони маҷбурсозии духтарони ноболиғ ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ва истифодаи онҳо барои ба даст овардани маблағ дастгир шудааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохиии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Султонзода Ромиш, сокини шаҳри Душанберо дастгир карданд.

“Муайян карда шуд, ки Султонзода Р., бо роҳи таҳдид ва истифодаи зӯроварӣ, се нафар ҷавондухтарони ноболиғро ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, дар баробари қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ, ҳамзамон онҳоро ҳамчун манбаи ба даст овардани маблағ истифода кардааст”,- хабар медиҳад манбаъ.

Дар ин бора ҷузъиёти бештаре дастрас нест.

Инчунин, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда дар маркази дилхушии “Бухоро Палас” Насриддинова Ибодат, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо латукӯб намуда, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Султонзода Р. қаблан ду маротиба бо ҷурми авбошӣ суд шудааст. Гуфта мешавад, номбурда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Skip to toolbar