Аз соли гузашта то моҳи феврали соли 2022 дар ноҳияи Шаҳринав 322 нафар омӯзгорон тарки пеша кардаанд, ки 214 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд, менависад, нашрияи Садои мардум.
“Аз моҳҳои апрел ва майи соли 2021 то аввали моҳи феврали соли 2022, дар маҷмӯъ, 322 омӯзгор бо сабабҳои гуногун тарки кор карданд. Аз рӯи таҳлилҳо 214 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд”, – шарҳ додааст, масъули бахши кадрии шуъбаи маорифи ноҳия, Шаҳло Юлдошева.
Ба гуфти масъулони шӯъбаи маорифи ин ноҳия, бештари омӯзгорон бо ҳадафи соҳиб шудани шаҳрвандии Федератсияи Россия кӯч мебанданд. Ҳатто омӯзгорони ҷавоне, ки баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба кор қабул мешаванд, баъди як-ду моҳи фаъолият, ба муҳоҷират мераванд.
Сабаби тарки пеша карданро ба паст будани музди меҳнат низ рабт медиҳанд.
Чанде пеш аз вилояти Хатлон низ беш аз 2000 омӯзгор тарки пеша карда ба муҳоҷирати меҳнати рафта буданд.
Собиқ вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфта буд, ки аз кор рафтани омӯзгорон падидаи нав нест ва аз он фоҷиа насозед.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки соли гузашта аз миёни 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зисташонро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд. Аммо ӯ нагуфт, ки шумораи умумии муаллимони аз кор рафта дар соли 2021 чӣ қадар аст.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар Тоҷикистон 129 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад. Маоши омӯзгорони нав ба кор қабулшуда ҳамагӣ 500-700 сомониро ташкил медиҳад. Маоши як омӯзгор бо маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ то 1030 сомонӣ мебошад.