Тоҷикистон ва Қирғизистон шарҳу тавзеҳи лоиҳавии 101,86 километри дигар қитъаҳои марзии баҳснокро имзо карданд. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон хабар дод, менависад “Азия-Плюс”.
Ба гуфтаи ӯ, давоми ним сол 5 вохӯрии комиссияҳои топографӣ баргузор шуда, “гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ҷараён доранд”.
“Намояндагони комиссияҳо ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон гуфтушунид мекунанд”,- гуфт Хоҷазода ва изҳори итминон кард, ки ин мушкил ҳал хоҳад шуд.
Дар оғози соли 2022 Ориф Хоҷазода хабар дода буд, ки аз 1 майи соли 2021 Тоҷикистону Қирғизистон 81 километр марзро тасвир кардаанд.
“То имрӯз аз 970 километр марзи муштарак бо Қирғизистон 519 километраш муайян карда шудааст. Корҳои минбаъда барои ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои марбут ба мушкилоти таъйин ва аломатгузории сарҳад ба роҳ монда мешавад”, – гуфт ӯ.
Ҳаллу фасл нашудани ин масъала борҳо ба сар задани муноқишаҳо байни сокинони маҳаллӣ ва хидматчиёни ҳарбии ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон боис мегарданд. Муноқишаи ахир моҳи сентябри соли 2022 рух дода буд.