Боҷи гумрукӣ барои воридоти гӯшти мурғ, макарон ва тамоку зиёд мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ ба гӯшт ва маҳсулоти ғизоӣ аз мурғи хонагӣ, инчунин маснуоти макарон (спагетти, лапша, равиоли, каннеллони ва ғайра) ду баробар зиёд карда шавад.
Дар қарори ҳукумат аз 27 майи соли равон супориш дода шудааст, ки меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ аз 10% то 20% аз арзиши гумрукии маҳсулоти зикршуда боло бурда шавад.
Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки меъёрҳои боҷии воридотии гумрукӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку зиёд карда шаванд.
Аз ҷумла боло бурдани меъёри «ашёи хоми тамоку ва партовҳои тамоку” аз 5% аз арзиши маҳсулоти змикршуда то 10%, «сигар, сигарҳо бо охирҳои буридашуда, сигарилла ва сигаретҳо аз табак ё ивазкунандаҳои саноатии он» – аз 23% то 46%, «дигар тамокуи бо роҳи саноатӣ тайёршуда ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку, «гомогенишуда» ё тамокуи “барқароршуда”, шираҳо ва ҷавҳари тамоку – аз 18% то 36% дар назар аст.
Боронҳо ва селфароии моҳи май ба Тоҷикистон 10 миллион доллар зиён овардааст
Боронҳои шадид ва селфароӣ дар моҳи май ба иқтисоди Тоҷикистон 10 миллион доллар зиён овардааст. Рустам Назарзода, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РИА Новости гуфт, дар панҷ соли ахир ин харобиовартарин офатҳои табиии мавсимӣ дар Тоҷикистон будааст.
Назарзода гуфт, ки селу обхезии рӯзҳои 10-11-уми май ҷони 9 нафарро гирифт ва ба иқтисоду кишоварзии ҷануби Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 10 миллион доллар зарар расонид. Нисфи хисороти баҳорӣ ба шаҳри Кӯлоб рост омадааст. Дар вилояти Хатлон чор ноҳия зиён дида зиёда аз 128 ҳектар замини кишти ғалладона, картошкаву пиёз нобуд шудааст.
Рустам Назарзода ваъда додааст, ки барои қурбониёни офатҳои табиӣ то нимаи моҳи августи имсол дар масоҳати 100 метри мураббаъ хонаҳои хиштӣ сохта мешаванд.
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо мири Кобул
Дар Душанбе мулоқоти Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси пойтахт бо мири шаҳри Кобул, Муҳаммад Довуд Султонзуй баргузор гардид.
Ҷонибҳо ба саҳми раисони ҳар ду ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ таъкид намуда, аз ҳамкориҳои зич ва гуногунҷанба ёдовар шуданд. Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Кобул мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ зоҳир карда шуд.
Қазоқистон эълон кард, ки ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион тир медиҳад
Ҳукумати Қазоқистон тарҳи қарореро нашр кард, ки мувофиқи он ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион тири қутрашон гуногун тақдим мекунад. Баррасии тарҳ дар Қазоқистон то 17-уми июни имсол идома хоҳад дошт. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид иттилое надодаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон 5-уми июн дар изҳороте гуфт, дар ин бора ҳанӯз дар нимаҳои моҳи апрели имсол миёни Душанбеву Нурсултон созишнома имзо шудааст.
Тибқи созишнома, Қазоқистон тавассути роҳи оҳан оварда расондани тирҳоро ба Тоҷикистон аз ҳисоби худ ба уҳда гирифтааст. Тоҷикистон дар навбати худ уҳдадор шудааст, ки ин муҳиммотро ба ҷониби севум нахоҳад дод.
Истирдоди чор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия
Русия бо дархости Тоҷикистон чор шаҳрванди ин кишварро, ки ба ҷинояткорӣ муттаҳам мешаванд, истирдод кард. Додситонии кулли Русия хабар медиҳад, ки зодагони Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноят алайҳи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин дар нисбати ашхоси алоҳида ва молу мулк гумонбар мешаванд.
Яке аз онҳо дар қатли 5 нафар дар солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ, дуввумӣ ба талоши ҷалби тоҷикон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ дар соли 2016, севвумӣ ба расонидани осеби ҷисмонӣ бо корду табар дар соли 2017 ва чорумӣ ба фирор аз комиссариати ҳарбӣ муттаҳам будааст.
Бино ба иттилои Додситонии кулли Русия, гумонбарон рӯзи 5 июн таҳти конвойи махсус ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Шурӯи сохтмони роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Президенти Тоҷикистон, субҳи 7-уми июн бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод рафта ба кори сохтмони роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод оғоз бахшид. Дарозии умумии ин роҳ 75 км буда, арзиши он 350 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар як таҳаввулоти дигар, охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон тарҳеро имзо намуд, ки равуои тоҷикон ва узбекҳоро ба кишварҳои ҳамдигар дар давраи пандемияи коронавирус осонтар мекунад. Тибқи ин лоиҳа, шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳангоми расидан ба Тоҷикистон ё Узбакистон дар муддати даҳ рӯз аз лаҳзаи убури марз аз сабти ном ва сабти иқомат озод карда мешаванд.
Интизор меравад, тағйироти мазкур ҳангоми сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн дар назар аст, тасдиқ шавад.
Варзишгарони тоҷик аз Тошканд бо 22 медал баргаштанд
Паҳлавонони тоҷик аз Қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон бо 22 медал баргаштанд. Ин мусобиқа рӯзҳои 4-6-уми июн дар шаҳри Тошканд бо иштироки намояндагони 10 кишвар баргузор шуд. Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҳайати мунтахаби кишвар 45 нафар ба Тошканд рафта буданд. Ба иттилои манбаъ, дастаи Тоҷикистон соҳиби 22 медал — 4 тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ шуд.
Медалҳои тиллоро барои Тоҷикистон Ҳамроз Раҷабов дар вазни 79 кило миёни калонсолон, Меҳровар Чақалов дар вазни 64 кило, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни 71 кило миёни наврасон ва Бобохон Мирзозода дар вазни 58 кило дар самбои размӣ оварданд.