Бонки исломии рушд барои рушди сайёҳӣ ва таҳсил дар Тоҷикистон 18,25 млн доллар медиҳад

Бонки исломии рушд дар доираи лоиҳаи “Рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилот дар соҳаи соҳибкорӣ” ба Тоҷикистон 18,25 миллион доллар ҷудо мекунад, ки 9,5 миллион доллари он қарз мебошад.

Созишномаи қарзӣ 4 апрел дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ шудааст.

Ба гуфтаи муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ, татбиқи лоиҳа аз соли 2026 оғоз гардида, то соли 2031 идома меёбад. Ӯ тавзеҳ дод, ки аз маблағи умумӣ 9,5 миллион доллар қарз, 4 миллион евро маблағгузории омехта (лизинг), 450 ҳазор доллар грант ва 4,3 миллион доллар саҳми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳа, ба гуфтаи манбаъ, беҳтар кардани дастрасӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ бо истифода аз таҷрибаҳои байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи мазкур байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд 11 феврал дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Дар солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, як қатор ташаббусҳоро амалӣ мекунад. Аз ҷумла, бо қарори президенти кишвар таъсиси “Академияи сайёҳӣ” дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазору 454 сайёҳ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 27,5 фоиз ё 384 ҳазору 299 нафар бештар мебошад.

Skip to toolbar