«Бояд донист»: Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон шаҳодатномаи вафот гирифт

Бидуни гирифтани шаҳодатномаи ақди никоҳ метавон дар ақди шаҳрвандӣ зиндагӣ кард, вале гирифтани шаҳодатномаи вафот ҳатмӣ ва зарурист.

Роҳҳои гирифтани шаҳодатномаи фавтро мо аз Ифтихор Самадзода муовини сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон фаҳмидем.

Ҳамчунин мо муайян кардем, ки оё зани дар ақди шаҳрвандӣ қарордошта,  метавонад шаҳодатномаи фавти ҳамсарашро бигирад.

Шаҳодатномаи вафоти нафари дар деҳаи дурдаст фавтида чӣ тавр тартиб дода мешавад ва барои он кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд.

Оиди роҳҳо ва муҳлати дастрас кардани шаҳодатномаи вафот метавонед, дар подкасти мо бифаҳмед.

Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ “Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода карда шудааст.

Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.

Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон – http://rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.

Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Skip to toolbar