Дар Шаҳритус зане барои фолбинӣ боздошт шуд

“Бо ашёи гуногун сеҳру ҷоду мекард”. Боздошти як зан дар Шаҳритус барои фолбинӣ

Зани 51-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус бинобар машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду боздошт шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми июл хабар дод.

“Исимова Гулбаҳор ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шуда, бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшад”,- омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Акс аз ВКД Тоҷикистон

Нисбати ӯ барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон  протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар кардааст.

Skip to toolbar